Тафтиш Русияро масъули суқути ҳавопаймои Малайзия дар соли 2014 донист

Порае аз мушаки мушакандози русии "Бук" дар ҷараёни гузоришдиҳии муфаттишон дар Нидерландия 24 маи соли 2018 ба намоиш гузошта шуд

Шӯрои созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар паи таҳқиқи муфассал Русияро масъули фоҷеаи ҳавопаймои MH17-и ширкати ҳавоии Малайзия дар соли 2014 дар фазои Донбасс номид. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Нидерландия хабар додааст. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки шӯро ба хулосае омадааст, ки Русия бандҳои Эъломия оид ба авиатсияи гражданиро, ки бо номи Эъломияи Чикаго ҳам маъруф аст, вайрон кардааст.

Дар сомонаи расмии ҳукумати Нидерландия навишта шудааст, ки «Шӯро инчунин масъалаи пардохти ҷубронпулиро баррасӣ мекунад ва умедвор аст, ки Русия бо Нидерландия ва Австралия вориди гуфтушунид мешавад. Мо ба дастгирии Шӯро дар ин масъала бисёр умедвор ҳастем».

Аз ин пеш ВКХ Русия дар бораи хатми иштирокаш дар таҳқиқи фоҷеаи ҳавопаймо дар Шӯрои созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ хабар дод. Айни замон, Русия гуфт, ки омода аст дар чаҳорчӯби эъломияи марбутаи Шӯрои амнияти СММ дар таҳқиқи сабабаҳои фоҷеа иштирок кунад.

Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Малайзия, ки аз Амстердам ба Куала Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июли соли 2014 дар фазои вилояти Донетск суқут дода шуд. Таҳқиқи байналмилалӣ маълум кард, ки ин ҳавопаймо бо мушакандози маҷмаи «Бук» ба замин зада шудааст. Дар ин фоҷеа 298 нафар ҷон дод.

17 ноябри соли 2022 додгоҳе дар Гаага се нафарро дар анҷоми ин ҳамла - Игоря Гиркин (Стрелков), Сергей Дубинский ва Леонид Харченкоро гунаҳгор эълон кард. Тафтишот маълум кард, ки ин нафарон бо мақсади ба замин задани ҳавопаймо "Бук"-ро ба маҳалли ҳамла интиқол додаанд. Маскав то ҳол масъулияти суқути ҳавопайморо ба дӯш намегирад ва мегӯяд, ки ба натиҷаҳои тафтишоти байналмилалӣ эътимод надорад. Дар навбати худ Русия Украинаро гунаҳгор карда, вале ҳеҷ гоҳ далели иттиҳомашро пеш наовардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Хадамоти махсуси ИМА мегӯянд, ки "Боинг"-и Малайзияро аз замин задаанд Ҳавопаймои Малайзияро дар Украина кӣ суқут дод?