Абукарим Абдураҳимов, яке аз ду корманди сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки аз ин боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирон дар Голяново дидан кардааст, рӯзи 6 август дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абукарим Абдураҳимов: Дар Голяново 10 тоҷик ҳам ҳаст
Абдураҳимов: Шаҳрвандони мо 10 нафар дар он ҷо боздошт шудаанд. Бо онҳо сӯҳбат кардем ва тамоми он камбудиҳое, ки дар сӯҳбат бо мо иброз доштанд, мо аз пайи ислоҳаш ҳастем.
Абдураҳимов: То рафтани мо ба ин боздоштгоҳ масъулонаш ба хешовандони афроди боздоштшуда, ки мехостанд аз онҳо хабар бигиранд ё ягон лавозимоти заруриро бирасонанд, ҷавоби рад дода буданд. Баъд аз муроҷиати мо қарор ин шуд, ки чунин лавозимот аз тариқи сафорат расонда шавад. Яъне он хешовандоне ки наздиконашон дар ин муваққатгоҳ қарор доранд, метавонанд лавозимотеро, ки мехоҳанд бирасонанд, ба сафорат биоранд . Ва аз тарафи корманди масъули сафорат ин лавозимот дар мӯҳлати кӯтоҳ бурда, ба онҳо расонда мешавад.
Светлана Ганнушкина
Ин дар ҳолест, ки Светлана Ганнушкина, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар, ки низ аз ин лагери муҳоҷирон дидан кардааст, рӯзи 5 август ба Озодӣ гуфт, шаҳрвандони тоҷик ба ӯ аз ғайриқонунӣ боздошт ва ба ин лагер мунтақил шудани худ шикоят кардаанд.
Светлана Ганнушкина мегӯяд, ӯ дар қароргоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон сӯҳбат дошт ва яке аз онҳо шиква кардааст, ки ҳангоми боздошт кормандони полис ноутбук ва ҳуҷҷатҳояшро гирифтаанд. Ҳамаи шаҳрвандони Осиёи
Марказӣ аз сӯи додгоҳ барои истирдод маҳкум шудаанд, вале маълум нест, ки мурофиаи додгоҳии онҳо чӣ гуна сурат гирифтааст, зеро барои баррасии парвандаи ҳар як нафар ҳамагӣ чанд дақиқа ҷудо шуда буд ва онҳо имкони дифоъ аз худро надоштанд.
Хонум Ганнушкина меафзояд, ки яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон – Нусратулло Ризвоншоевро кормандони полис ғайриқонунӣ, як рӯз пеш аз хатми сабти номаш, боздошт карданд. Ба гуфтаи ӯ, "дар як додгоҳ додрас аз истирдоди Нусратулло сарпечӣ кардааст, зеро асноди ӯ мушкиле надоштанд. Аммо кормандони полис ба ҷойи раҳо кардани Ризвоншоев ӯро ба дигар додгоҳ бурданд ва гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳояш тақаллубианд."
Светлана Ганнушкина гуфт, ки вазъи «хаймазиндон» тоқатфарсо аст, зеро дар ҳар хаймаи на он қадар бузург чиҳил кати симини дуқабата гузошта шудааст. «Дохили ин хаймаҳо даромадан ваҳшатнок аст, зеро баъд аз чанд дақиқа кас худро дар «камераи газӣ» эҳсос мекунад», мегӯяд ҳомии ҳуқуқи башар. Ӯ меафзояд, ки аз ин амали мақомоти Русия шармаш меояд. Аз нигоҳи ҳомии ҳуқуқи башар, "ҳама муҳоҷирон, агар ҳатто ғайриқонунӣ ҳам кор мекарданд, қурбонии системи заҳмати ғуломона ва ғайриқонуниянд, ки дар Русия дар пеши чашми ҳама арзи вуҷуд кардааст. Аз байн бурдани ин низомро на аз қурбониён, балки аз манбаъҳои он шурӯъ кард," - мегӯяд Светлана Ганнушкина.
Рая, хонуми Нусратулло Ризвоншоев, дар сӯҳбати телефонӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ба ӯ рӯзи душанбе ҳам кормандони полис ба ӯ иҷоза надоданд, ки ба шавҳараш либоси тозаву ҷӯроб ва хамираи дандон расонад. «Шавҳари ман се рӯз боз дар қароргоҳ аст ва ман се рӯз боз барои ӯ либоси тоза мебарам, аммо кормандони пулис қабул намекунанд. Шабҳо дар хайма ҳаво сард аст, шавҳари ман бошад бемории сармохӯрдагӣ дорад ва вақте ӯро боздошт карданд, дар танаш фақат як футболка дошт», - мегӯяд ӯ.
Ӯ меафзояд, «ман ба сафорати Тоҷикистон телефон кардам, гуфтам, ки мо ин ҷо тамоман бесоҳиб мондаем. Шавҳарам гуфт, дар он ҷо барқ нест, ҷойи оббозӣ нест, дар як рӯз фақат ду бор гречка медиҳанд ва он ҳам бе нон…».
Амалиёти «поккорӣ дар бозорҳои Маскав» баъд он шурӯъ шуд, ки рӯзи 27 июл маъмури пулис Антон Кудряшов ҳангоми талоши боздошти як гумонбар дар бозори “Матвеевский”-и Маскав ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи қафқозиҳо қарор гирифт. Кудряшов то ҳол дар бемористони ба номи Бурденко таҳти табобат қарор дорад. Нафари гумонбар дар таҷовуз Магомед Магомедов, ки талоши боздошти ӯ дар бозор ба занозанӣ ва латукӯби афсари пулис мунҷар шуд, ҳамроҳ бо хоҳараш Ҳалимат Расулова ва шавҳари ӯ Магомед Расулов алакай дастгир шудаанд.
Ба иттилои раёсати умури дохилаи Маскав, дар ҷараёни амалиёт дар бозорҳои пойтахт 1436 тан аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шуданд. Беш аз 4,5 ҳазор муҳоҷир мавриди тафтиши кормандони полис қарор гирифтаанд. Фақат дар як амалиёт дар шарқи Маскав 1200 шаҳрванди Вйетнам дастгир шуданд, ки дар 20 коргоҳи ғайриқонунӣ ба тавлиди либосҳои тақаллубӣ машғул буданд. Дар ҳамон минтақа 200 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Миср, Марокаш, Сурия, Ӯзбакистон ва Озарбойҷон низ ҳангоми кор дар корхонаҳои бидуни иҷоза ошкор шуданд.
Сафорати Вйетнам дар Маскав аз шароити буду боши муҳоҷирони мунтазири истирдод дар шаҳраки хаймаҳои Голяново шадидан интиқод кард. Раҳбари консулгарии Вйетнам дар Маскав Ле Хонг Чюнг гуфтааст, ки “шароит дар қароргоҳ хело бад аст, дар як хаймаи андозааш 50 метри мураббаъ 40 нафар ба сар мебаранд, ин шароити комилан ғайрибашарист.”
Бо ин ҳол, амалиёти зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба вилояти Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия густариш меёбад. Ба иттилои расонаҳо, рӯзи 5 август дар шаҳри Долгопруднийи канори Маскав беш аз 600 муҳоҷири ғайриқонунӣ ва дар Твер 264 нафар боздошт шудаанд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки қарор аст, дар сартосари Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунии боздоштшуда ба мисли "хаймазиндон"-и Голяново 83 қароргоҳ таъсис шавад.