Ҷорӣ шудани андоз аз арзиши изофашуда ва ё НДС ба расонаҳои чопӣ, боиси муфлис ва аз чоп бозмондани сӣ дарсади нашрия ва маҷаллаҳо дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Бар асоси Кодески нави андози Тоҷикистон аз январи соли оянда, расонаҳои чопии ин кишвар муваззафанд дар қатори анвои дигари молиёт андоз аз арзиши изофашударо, ки то ҳамин акнун аз пардохти он озод буданд, бисупоранд.
Талаби пардохти ин навъи андоз нигаронӣ ва ташвишҳоеро дар маҳофили рӯзноманигории кишвар ба бор овардааст. Зеро ба гуфтаи масъулини расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, чунин талабот нашрия ва маҷаллаҳои Тоҷикистонро, ки тираж ва ё теъдоди зиёд надорад, ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад кард.
Хилватшо Хоҷаев, дабири кулли Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, дар шароите, ки фаъолияти нашрияҳо аз ҳисоби муштариён тазмин шудааст ва манобеи дигари молиявӣ надоранд, ҷорӣ кардани андоз аз арзиши изофашуда, ки дар ҳаҷми 18 дар сад аз даромад муқаррар шудааст, бештари онҳоро варшикаста ва аз бозори матбуот берун хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи масоили байнулмилалӣ ва робита бо ҷомеа дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, нигарониҳои
Олим Салимзода
масъулони нашрияҳои даврии кишвар беҷиҳат нест. Аммо ин масъала дар сурати талаби рӯзноманигорон метавонад мавриди арзёбӣ қарор бигирад, чун қонун як санади шахшуда намебошад: «Ман ҳам огоҳ ҳастам, ки баъзе аз нашрияҳо то ба парлумон шикоят бурда буданд. Ва чизи дигар ин аст, ки ягон қонун дар ҳадди ниҳоӣ таҳия ва қабул намешавад. Дар сурати ворид шудани пешниҳодҳо аз ҷониби рӯзноманигорон, ин масъала албатта мавриди омӯзиши алоҳида қарор мегирад.»
Бо ин ҳама Хилватшо Хоҷаев, дабири кулли Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон гуфт, ки айни замон масъулини нашрия ва роҳбарони созмонҳои рӯзноманигории кишвар дар садади навиштани як муроҷиатнома ба унвони парлумон ва ҳукумати кишваранд, то ба хотири рушди озодии баён ва таҳкими равандҳои демократӣ, расонаҳои катбӣ ё чопиро аз пардохти андоз аз арзиши изофашуда озод кунад.
Расонаҳои катбӣ дар Тоҷикистон умдатан ҳафтае як маротиба ба нашр мерасанд. Шумори нашрияҳои мустақил аз 1000 то 5 000 ва нашрияҳои давлатӣ то 30 ҳазор нусха чоп мешаванд. Дар шароите, ки беш аз шаш моҳ кишвар дар ҳоли бебарқӣ қарор дошта ва дастрасӣ ба ТВ ва радиоҳо маҳдуд мешавад, ин нашрияҳо манбаи асосии иттиллоъ ба шумор мераванд. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон наздики чаҳорсад нашрия ва маҷалла ба чоп мерасанд, ки бархе аз онҳо мансуби давлат, қисмате ҳам ғайридавлатӣ мебошанд.