19-уми август аз солрӯзи Муборакшо Мирзошоев, овозхони хушасадо 52 сола пур шуд.
Ӯ расо 13 сол пеш замони ҷавониву номдорияш аз дунё даргузашт, аммо бо гузашти ин ҳама солҳо шӯҳрати ӯ кам нагашта оҳангҳои дилошӯбаш то ҳанӯз аз манзилҳову дохили мошинҳо ва нуқтаҳои дискфӯрӯшиҳо ба гӯш мерасад.
Муборакшоҳ, дар ҳамин рӯз соли 1961 дар яке аз рустоҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон чашм ба ҳастӣ кушод ва ҳанӯз дар синни 14 солагӣ аввалин оҳангашро иҷро кардааст, аммо фаъоляити ҳунарии худро соли 1988 дар гурӯҳи Далер Назаров оғоз намуд.
Ӯ воқеан овозхони мардумӣ буд, чун оҳангу сурдҳояш дар замоне, ки тоҷикон даст ба гиребон буданд,ва баъдан дар чорсӯи ҷаҳон парешону пароканда шуданд, ҳамдилу ҳамандеш мекард. Сурудҳояш ба қалбҳо малҳам буд ва ҳанӯз ҳам садои марғуладораш ба дӯсторони оҳангу таронаҳои ноб оромиш мебахшад. Ӯ ҳаёти худро бидуни ҳамсару фарзандон тасаввур намекард, ва марги бармаҳал ва ногаҳонии ӯ зарбаи сахте ба се писараш аз ҷумла Асилишо буд, ки он вақт ҳамагӣ 13 сол дошт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Овозе, ки ҳамеша зинда аст...
Дар рӯзи мавлуди Муборакшо Мирзошоев Радиои Озоди бо писари бузурги вай Аслишо, ки ҳоло 25 сол дорад ва хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Тоҷикистон аст, сӯҳбат анҷом дод. Аслишо сӯҳбатро аз он оғоз кард, ки ҳар сол зодрӯзи падарро бо аҳли хонавода ва дӯстони наздики ин хонандаи фақид, гирди як хон таҷлил мекунанд.
Аслишо Муборкшоев: Мо дар гирди хон мешинем, оҳангҳои падарамро мегузорем ва аз ӯ ёд мекунем. Худи ман аз падарам хотираҳои хеле зиёд дорам. Ӯ моро хеле дӯст медошт ва ҳамеша меҳрубон буд. Бо мо сайри гашт карданро меписандид, бароямон ҳар гуна қиссаҳои шоду ғамангезро нақл мекард. Ҳеҷ рӯзе набуд, ки мо аз таваҷҷӯҳаш дар канор монда бошем, моро бо худ ба консертҳояш мебурд. Ҳатто бародари хурдиямро бо худ ба Маскав ҳамроҳ гирифта буд. Бароямон фақат моҳӣ мехарид ва пок будани моҳиро тавсиф менамуд. Беҳтарин лаҳзаҳои ман дар канори падарам гузашт, аммо мутаассифона ӯ хеле барвақт моро тарк кард. Ӯ барои ман чун шахси беҳтарин идеалӣ боқӣ мондааст. Ҳар боре, ки нороҳат бошам ва ё ягон мушкилот маро рӯҳафтода кунад, ҳатман оҳангҳои падарамро гӯш мекунам. Сурудҳояш ба ман умед ва нерӯ мебахшанд. Натанҳо барои он, ки ӯ падарам аст, балки садояш ҷаззобияти махсус дорад ва маро ба зиндагӣ хушбин мекунад.
Аслишо бо модараш ва Девика, овозхони гурӯҳи "Барака"-и Латвия.