Вай мегӯяд, ки ҳоло фарзандонаш як мушкил доранд ва ин ҳам омӯзиши забони русӣ аст. Ҳанӯз ҳамсари Меҳрихудо бо далели номувофиқати баъзе санадҳо ба меъёрҳои Русия наметавонад аз рӯи ихтисосаш ба кор қабул шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷик -- омӯзгори забони англисӣ дар Русия
Хабарнигори телевизиони «Пятый канал» (www.5-tv.ru)Алексей Збарский, ки махсус барои наворгирии шароити кору зиндагии Раҳматуллоев аз шаҳри Хабаровск ба вилояти Яҳудиён рафтааст, мегӯяд, баъд аз пахши гузоришаш дар телевизион ба фикри он афтодааст, ки бо ҳал шудани мушкилоти деҳоти дури Русия, аммо Тоҷкистон аз мутахассиссони касбӣ маҳрум мешавад. Вай дар як сӯҳбат телефонӣ бо Озодӣ гуфт, айни ҳол, дар мактаби дури деҳаи Калинино, ки Меҳрихудо он ҷо кор мекунад, аз омадани як мутахассиси забони англисӣ хеле хушҳол шуданд: "Медонед, муносибат ба муҳоҷирон дар ҳар шароит фарқ мекунад. Дар ин мактаб, ки солҳо ба як омӯзгори забони англисӣ ниёз дошт, касе намепурсад, ки ӯ тоҷик аст ё ғайр. Онҳо хурсанданд, ки соҳиби як мутахассис ҳастанд ва фарзандони онҳо аз ӯ англисиро ёд мегиранд".
Алексей Збарский мегӯяд, дар ноҳияи Ленинский мушкили марбут ба муҳоҷирони корӣ «қариб ки вуҷуд надорад» ва агар бошад ҳам, марбут ба чиниҳо аст, ки барои кор дар соҳаи кишоварзӣ меоянд ва гоҳо ҷои русҳои маҳаллиро танг мекунанд: «Чиниҳо бомасъулияттар буда, бо пули кам кор мекунанд ва ба фарқ аз русҳо, ба машрубот кор надоранд.»
Ин хабарнигори рус мегӯяд, намоиши муҳоҷирон дар симои манфӣ хоси телевизионҳои марказист ва «Наша Раша» ҳам аз он ҷо баромадааст: "Вале дар ин ҷо ингуна масъала вуҷуд надорад. Меҳрихудо як рӯшанфикр аст ва ӯ босаводу шахси босалоҳият аст, ки Русия ба ингуна мутахассисон ниёз дорад.
Ба иттилои телевизиони русии «Пятый канал», имсол аз рӯи барномаи давлатии «Интиқоли ҳамватанон» ба вилояти Яҳудиён 68 нафар аз манотиқи мухталифи шӯравии собиқ кӯч бастаанд.