Барномаҳои бузургдошти солгарди Айтматов дар Қирғизистон ва кишварҳои дигар идома меёбад. 17 декабр дар чаҳорчӯбаи “Маҷмаи гуфтугӯи АвруОсиё” дар робита бо ин солгард низ конфронси илмии байналмиллалӣ баргузор мешавад.
Дар Русияву Туркия, Украина, Белгия ва кишварҳои дигар низ маросимҳои бузургдошт дар назар гирифта шудааст. ЮНЕСКО соли 2014-ро соли Чингиз Айтматов эълон кардааст.
Чингиз Айтматов бо шоирону нависандагони Тоҷикистон равобити наздики ҳамкорӣ дошт ва дар Тоҷикистон ба вай эҳтиром мегузоранд.Дар мусоҳибае аз шоира Гулрухсор Сафиева пурсидам, оё дар Тоҷикистон ҳам барномаҳое барои бузургдошти солгарди Айматов дар назар гирифта шудааст?
Гулрухсор
Гулрухсор: Мутаассифона, дар Тоҷикистон на танҳо ба ҷашни бузургдошт аз солгарди Айтматов, балки ба ҷашни бисёре аз бузургони худи мо низ таваҷҷуҳ накарданд. Намунаи ахири он Муҳаммадҷон Шакурии Бухороист, ки панҷ-шаш нафар дар дари хонаи эшон ҷамъ шуданд ва он касро бурда ба хок супурданд. Дар муҳити адабии мо аз чунин барномарезиҳо чизе нест. Ман аз барномаҳои ҳукуматӣ хабар надорам, вале агар ҳукумат қарор кунад, солгарди Айтматовро ҷашн мегиранд. Ман дирӯз (11 декабр) бо дӯстони қирғизам телефонӣ сӯҳбат кардам. Аз адибони тоҷик ягона одаме ҳастам, ки дар 50 солагӣ, 60 солагӣ, 70 солагии ва 75 солагии Айтматов ширкат кардаам. Қирғизҳо бояд кулоҳи худро ба осмон партоянд, барои он ки Худо ба онҳо шахсеро чун Айтматов дод. 50 солагии эшон дар театри опера ва балети Бишкек баргузор шуда буд ва ман ҳам суханронӣ карда будам ва гуфтам, ки “инсонеро чун Чингиз Айтматов як модар ба инсоният дода наметавонад. Айтматовро миллати қирғиз додааст”. Ва ҳоло ҳам бо гузашти 35 сол ба ҳамин ақидаам устуворам ва такрор мекунам, ки Айтматов на танҳо дар фарҳанги қирғиз, мардумони Осиёи Марказӣ ё Шарқ, балки дар фарҳанги ҷаҳон нақши худро гузоштааст ва ба назари ман ин нақш ҳанӯз омӯхта нашудааст. Вижагиии Айматов ин буд, ки вай хеле хуб урфу одат, расму оин ва афсонаву устураву ривоятҳои на танҳо мардуми қирғиз, балки бисёре аз мардумони ҷаҳонро медонист. Вижагии дигар бисёр хуб донистани табиати инсон ва табиати набототу ҳайвонот аст. Дар асари бисёр маъруфи “Алвидоъ, Гулсарӣ” истеъдоди нависанда барои боз кардани хислати қаҳрамононаш хеле рӯшан ҷилвагар мешавад. Аспу саг ҳамеша аз дӯстони бовафо ҳастанд ва аз хеши бегона беҳтаранд. Вақте асп мемирад, Айтматов дар симои қаҳрамони худ Танабой дар сари аспи мурда нола мекунад ва табиати инсонии худро, яъне он чизеро, ки гуфта наметавонист, ҳамаашро бо гиря баён мекунад. Танабой деҳқон буд. Маъмулан вақте ки асп ё гов касал мешавад, бо вуҷуди ҳамаи муҳаббатамон зуд ба сари корд медавем, ки онро ҳалол кунем. Вале Танабой на танҳо дар фикри ин набуд, ки ин аспро бояд гардан бизанӣ ва гӯшташро бихӯрӣ, балки дар сари ҷанозаи асп, ки Гулсарӣ ном дошт, зор-зор инсонвор гиря кард. Ҳамаи дардеро, ки ба инсонҳо гуфта наметавонист, он ҷо бо гиря гуфт. Танабой як инсони одии қирғиз буд ва ман фикр мекунам, ки он асп худи Айматов буд.
Суол: Шумо аз ҷумлаи адибони он давра ҳастед, ки бо Айтматов ҳамкорӣ доштед. Оё Айтматов бо он эътибору манзалате, ки дар Иттиҳодияи нависандагони Шӯравии давр дошт, ба адибони тоҷик ҳам кӯмак мекард?
Гулрухсор: Вай барои мо як рӯҳияи хешӣ дошт. Вай аз дигар миллатҳое, ки дар Иттиҳодияи Нависандагони Шӯравӣ буд, мо тоҷиконро ҷудо мекард. Агар сухан дар бораи ҷоизаҳо ё ҷонибдорӣ аз ҷавонон ва пешбарӣ мерафт, Айтматов ҳамеша моро тарафдорӣ мекард. Масалан, се бор Мӯъмин Қаноатро ба ҷоизаи давлатӣ пешбарӣ карданд. Ҳар бор ин пешниҳод ба бухлу ҳасад рӯ ба рӯ мешуд. Вале Айтматов хеле кӯмак кард ва шоири мо ҷоизаи ба худ сазоворро соҳиб шуд.