Тақозоҳо барои бозтар шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳони сода кардани низоми рафту омад, ё таъсиси гузаргоҳҳои иловагӣ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, барои дидорбинии пайвандонашон бояд то гузаргоҳ садҳо километрро тай ва маблағи зиёдро сарф кунанд.