Русияву Тоҷикистон соли гузашта созишномаеро дар мавриди то соли 2042 тамдид кардани ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон имзо карданд. Русия ин қарордодро пурра тасвиб кард, вале Душанбе бо зикри онки, имтиёзҳову кумакҳои ваъдагӣ аз Русияро нагирифтааст, ин созишномаро ҳанӯз тасвиб накардааст. Мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон то поёни соли 2014 ба поён мерасад.
Путин рӯзи 27 май бо чанд пешниҳоди муҳим вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд, ки дар он ҷо ҷаласаи ғайрирасмии кишварҳои узви созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) ҷараён дорад. Масъалаи умдаи мавриди баҳс дар ин нишаст вазъи Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои НАТО дар соли 2014 буда, ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст Путин мулоқотҳоеро бо раисҷумҳурони Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон мавзуъи аслӣ кумаки низомӣ ба ин кишвар ва тасвиби созишномаи пойгоҳи низомии Русия хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз мақомоти Русия гуфтаанд, барои пешгирӣ аз ноамниҳо дар Осиёи Марказӣ Русия бояд дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нерӯи ҳарбӣ дошта бошад. Ҳарбиёни Русия аз замони хуруҷи марзбонҳои ин кишвар аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2005 ҳамеша талош кардаанд, зарурати бозгашти худро ба ин сарҳад таъкид кунанд.
Ба навиштаи нашрияи “Коммерсант”, таҳдидҳои минтақавӣ, баъди берун рафтани нирӯҳои НАТО дар соли 2014 дар нишасти рӯзи гузаштаи вазирони дифоъи кишварҳои узв аз масоили калидӣ буд. Дар ин нишаст коршиносон сенарияҳои мухталифи таҳаввулоти Афғонистонро баҳс кардаанд. Аммо Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД дар остонаи нишаст гуфта буд, ки пешгӯиҳо бар пояи арзёбиҳои воқеъии вазъи кишвар умедворкунанда нест. Афзоиши нуфузи ифротгароён, эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ ва тақсими кишвар бар пояи мансубияти қавмӣ аз пешгӯиҳояенд, ки Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар Афғонистон бо матбуот дар миён гузоштааст.
Бо ин ҳол, Русия, ки чанд кишвари собиқ шӯравӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Арманистонро дар зери чатри Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҷамъ овардааст, дубора масъалаи ҳатари маводи мухаддир, таҳдид ба марзҳои ҷанубии худ ва таъсири манфии вазъи Афғонистон ба минтақаро доман мезанад. Путин дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои узв дар Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Бишкек бо ишора ба дурнамои вазъ дар Афғонистон баъд аз баромадани нерӯҳои НАТО аз ин кишвар дар соли 2014 ба таҳкими сохторҳои эътилофи мазкур даъват кард. Вай гуфт: “Созмони мо нақши назаррасе дар таъмини амният дар минтақаи масъулияти худ мебозад. Фаъолияти ниҳодҳои сиёсӣ ва ҳарбии он ва пеш аз ҳама нерӯҳои муштараки вокуниши сареъ ва посдори сулҳ ба ҳамин нигаронида шудааст.”
Раҳбарони ду кишвари узви Паймон Александр Лукашенка, президенти Беларус ва Серж Саркисиён, раисҷумҳури Арманистон бо баҳонаҳои мухталиф аз ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳо дар Бишкек даст кашидаанд.
Ҳоло интизор меравад, ки Путин дар заминаи коҳиши ин таҳдидҳо чанд идеяи ба гуфтаи Кремлин муҳимро бо ҳамтоҳояш дар миён гузорад. Раисҷумҳури Русия нақша дорад, ки, баъди берун шудани нирӯҳои НАТО барои пешгирӣ аз мавҷи қочоқи ҳероин ба Русия, дар ҳамдастӣ бо кишварҳои манфиъатдор, майдонҳои кишти кӯкнор, амбору лабораторияҳо ва корхонаҳои коркарди ин маводро дар қаламрави Афғонистон маҳв кунад. Барои расидан ба ин ҳадаф Русия бояд дар марзи Афғонистон нирӯ дошта бошад, ки надорад. Тоҷикистон, ки ҳоло тасвиби пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави худро як сол боз тӯл медиҳад, ба навиштаи ин нашрияи русӣ, гумон намеравад, ки ба бозгашти дубораи русҳо ба марз манфиъатдор бошад.
Чанде пеш сафири Русия дар Афғонистон бо ситоиши давраҳои нигаҳбонии марз аз тарафи сарҳадбонҳои рус бозгашти онҳо ба ин марзҳоро имконпазир унвон кард.