Аммо ворид шудани нахустин корвони мошинҳо, аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳанӯз ба маънии куллан боз шудани марз нест ва мақомот ҳам дар ин бора феълан чизе намегӯянд. Ин ҳам дар ҳоле ки садҳо соҳибкори тоҷик имрӯз бесаброна интизори хабари боз шудани марзанд.
МавлудаАлимардонова, як тоҷири бозори Корвон, ки 15 сол боз аз Бишкек бор меовард, мегӯяд, бо пеш омадани мушкил дар марз, ӯ маҷбур шудааст бо 50 дар сад харҷи бештар рӯ ба Туркия ва Хитой ё Чин орад. Ӯ меафзояд: «Вазъмушкил, шуд. АзБишкекборҳодар якрӯзмеомад, ҳоломободигарроҳҳобаТуркияваХитоймеравемваинборҳодармуддатияк- якуниммоҳмерасад. РоҳкироҳамбаТуркиявуХитойгароншудухароҷотимоҳамзиёд. Ваиндарнархунавобетаъсирнамондааст. »
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мавлуда Алимардонова, як тоҷири бозори "Корвон"
Иқтисоддонҳо мегӯянд, таъсири баста будани марзи Қирғизистон ба бозор ҳанӯз зиёд эҳсос нашудааст, зеро тоҷирон ҳанӯз ҳам бо фурӯхтани молу колои аз қабл воридкардаи худ машғуланд. Ба бовари онҳо, асароти марзбандӣ он вақт маҳсустар мешавад, ки ин захираи борҳо тамом шавад.
Аммо Баҳриннисо, тоҷири дигари бозори «Корвон» ки низ асосан аз Бишкек бор меовард, мегӯяд, марзбандӣ алакай ба бозор таъсир кардааст: «Махсусан мавсими баҳор ва дар арафаи иду ҷашнҳо мо бори наву бештар меовардем, харидор ҳам зиёд мешуд, вале ин мавсим вазъ дигар шуд. Ҳоло харидорон меоянд, мебинанд, ки моли нав нест, мераванд. Корамон хуб нест, ин ҳам дар ҳоле ки мо бояд маблағи иҷораву чеки бозорро диҳем ва хароҷоти зиёд дорем.»
Ба қавли ин мусоҳиби мо, ҳоло гурӯҳе аз соҳибкорон барои кам кардани хароҷот ва берун шудан аз вазъ, байни худ машварат кардаву як нафарро барои бор ба Туркия равон мекунанд. Бархе соҳибкорон мегӯянд , роҳҳои қочоқии ворид кардани молу коло аз Бишкек ба Тоҷикистон низ вуҷуд дорад, вале маблағи зиёд талаб мекунад ва хатарнок ҳам ҳаст.
Тоҷирон нохушнуданд, ки дар гуфтугӯи рӯзи 3 марти ҳайатҳои ду кишвар, масъалаи пурра боз шудани марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли худро наёфт ва аз он нигаронанд, ки идомаи вазъ боиси боло рафтани нархҳо мегардад.
Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баъд аз тирпаронии рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд баст. Бо вуҷуди қариб ду моҳи музокирот то ҳол тарафҳо роҳҳои ҳалли танишҳоро пайдо накардаанд ва марзи Қирғизистон – дар гузашта як алтернативаи умдаи иқтисоди аз марзбандиҳои Узбакистон захмӣ – то ҳол баста боқӣ мемонад.