Ҳамчунин бояд барои кӯдаконе, ки аз занҳои олуда ба СПИД ба дунё меоянд, то 18-моҳагӣ кӯмакпулӣ муайян шавад. Тарҳи қонуни нав, ки 14 март аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, аз сӯи як гурӯҳи корӣ бо шумули намояндагони созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ тайи як соли ахир таҳия шуда, ҳадафаш кам кардани табъиз нисбати афроди олуда ба ВИЧ ва лағви ҳама гуна монеаву маҳдудиятҳо барои ин гурӯҳи одамон аст.
UNAIDS, Барномаи мубориза бо бемории СПИД-и СММ, марказаш дар Женеваи Швейтсария дар як изҳорот аз 28 март аз бекор шудани маҳдудиятҳо дар роҳи вуруд ва кору иқомати маризони гирифтор ба ВИЧ, вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД, истиқбол кард. Ба ҳисоби UNAIDS, баъди лағви ин маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон дар ҷаҳон танҳо 40 кишвар боқӣ мемонанд, ки алайҳи афроди гиирфтор ба ВИЧ ва СПИД аз шаклҳои мухталифи мониасозиву маҳдудиятҳо кор мегиранд.
Дар изҳороти UNAIDS гуфта мешавад, маҳдуд кардани ҳаракати афрод ба далели вуҷуди вируси ВИЧ дар бадани онҳо як амали табъизомез ва поймол кардани ҳуқуқи башар буда, аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам тавҷеҳе надорад. Ва ин ҳам дар ҳоле ки ба бовари ин барномаи СММ, ягон далеле нест, ки бигӯяд, чунин маҳдудиятҳо метавонанд пеши роҳи густариши ВИЧ-ро бигиранд ва саломатии мардумро ҳимоят кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Лағви маҳдудиятҳо нисбат ба мубталоёни ВИЧ
Ба гуфтаи муттахассисон, то соли 2008 қонунгузории Тоҷикистон ба афроде, ки дар хунашон вируси ВИЧ ёфт мешуд, иҷозаи вуруд ба кишварро намедод, аммо 6 сол қабл, дар пайи як тағирот дар қонун ин банд аз байн бурда шуд, вале барои хориҷиҳо гузаштан аз ташхиси ВИЧ як амри ҳатмӣ боқӣ монда буд.
Азиза Пирова, мудири кафедраи эпидемиологии донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки дар таҳияи лоиҳаи нави қонун оид ба беморони ВИЧ ва СПИД ширкат доштааст, мегӯяд: «Мо мегӯем, ки мо давлати демокративу дунявием, вале агар ин тағирот ворид намешуд, мо ҳуқуқи онҳоро поймол мекардем. Аксар кишварҳо ҳам гуфтанд, ин табъизу хушунат аст ва қарор шуд, ки он аз байн бурда шавад. Аз сӯи дигар, вақте ҳуқуқи беморон ҳимоя намешавад, боварии онҳо ҳам ба мо камтар мешаваду ин барои ҷилавгирӣ аз афзоиши ин беморӣ мушкилу монеаҳо эҷод мекунад. Мо бояд боварии онҳоро ба худ бештар кунем.»
Нуқтаи муҳими дигар дар тағироти ахир, ба гуфтаи намояндаҳои созмонҳое, ки бо мубталоёни ВИЧ ва СПИД кор мебаранд, ин пешбинӣ шудани кӯмакпӯлӣ барои навзодону кӯдаконеаст, ки худ ва ё волидонашон ба вируси норасоии масъунияти бадан гирифторанд. Ба гуфтаи як корманди маркази ҷилавгирӣ аз сирояти СПИД, дар як сол қариб то 100 зани бемор тифл ба дунё меоварад ва муайян кардани маризӣ дар ҷисми навзод то чанд моҳ мушкил аст. Ба ин хотир пешниҳод кардаанд, ки ҳукумат барои ин атфол ширпулӣ муайян кунад, то онҳо тавонанд то 18 моҳагӣ барои ҷилавгирӣ аз сироятёбӣ аз шири модар парҳез кунанд.
Як намояндаи маркази ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз сирояти ВИЧ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Дар як сол то 70- 80 кӯдак аз модарони олуда ба ВИЧ таваллуд мешавад ва маълум нест, ки ин кӯдакон олуда ҳастанд ё не. Бино бар ин пешниҳод шуд, ки барои аз шири сунъӣ истифода кардани онҳо давлат ба ин модарон кӯмак кунад. Вазорати молия ҳам аз ин пешниҳод огоҳ буд ва то ҷое медонам, ҳисобу китоб ҳам кардаанд, ки барои як кӯдак бояд чӣ қадар маблағ ҷудо шавад.»