Ин тақозои Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми октябр дар пайи шикояти як духтараки 4-сола дар ноҳияи Фархор садо дод. Ин кӯдак, ки ҳамроҳ бо дигар ҳамсолонаш ба пешвози президент ҷалб шуда буд, ҳатто намедонист, ки ин марде ки ӯро барои гарм шудан ба канор гирифт, кист? Ӯ дар рӯбарӯи Эмомалӣ Раҳмон бе ягон ибо гуфт, ки хунук хӯрдааст ва пас аз суолу ҷавоб бо ин кӯдак президент аз мақомот хост, кӯдаконро ба чунин чорабиниҳо ҷалб накунанд.
Ҷалби кӯдакону наврасон дар маросими истиқбол аз президенти кишвар зимни сафарҳои ӯ ба шаҳру ноҳияҳо, ки ба ҳукми анъана даромадааст, пайваста мавриди интиқоди доираҳои гуногуни ҷомеа қарор мегирад. Аммо бо вуҷуди ин сафи кӯдакону наврасон дар чунин маъракаҳо на кам, балки сол то сол бештар ва шеваи истиқбол аз президент ҳам бошаҳоматтар мешавад.
Дар натиҷаи ин кӯдакон дар фасли гармо аз офтоби сӯзон азият мекашанду дар фасли сармо, мисли он кӯдаки фархорӣ, аз сардӣ.
Як намунаи барҷастаи ифрот дар истифодаи нирӯи кӯдак дар маросими истиқбол аз президент акси дастпарварони як боғчаи кӯдакон дар вилояти Суғд буд, ки кӯдакони хурдсол либоси оббозӣ дар тан дар дохили ҳавзи шиноварӣ то миён дар об ва дастҳо пеши бар мунтазир истода буданд, ки оё кай раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз пеши онҳо мегузараду ба садоқаташон баҳо медиҳад?
Кӯдакони қурбони "мусобиқа"...?
Ба назар мерасад, ки ҳарчӣ бештар бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифтани Эмомалӣ Раҳмон ба як навъ мусобиқа миёни роҳбарони шаҳру ноҳияҳо табдил меёбад. Ба ҳар шаҳру ноҳияе, ки президент сафар мекунад, роҳбарони он минтақа кӯшиш мекунанд президентро бо як хусусияти аз дигар ноҳияҳо фарқкунанда ва ҳатман «хубтар» пешвоз гиранд.
Ба таври мисол, барои пешвози раисиҷумҳур дар шаҳри Кӯлоб роҳбарияти ин шаҳр дар варзишгоҳи марказӣ "акси зинда"-и Эмомалӣ Раҳмонро бо истифода аз қувваи хонандагону донишҷӯён омода карданианд, ки ин ҳам як намунаи чунин «мусобиқа» аст.
Муҳибулло Қурбонов, муассиси маҷаллаи кӯдаконаи «Гул-гул» мегӯяд, ҷалбу омодасозии кӯдакон ба чунин вохӯриҳои сиёсӣ хуб нест. Чунки ба қавли ӯ ин аввалин вохӯрии онҳо бо дурӯғ аст, ки кӯдакон ҳарфи дили худро намегӯянд, балки онҳо аз қабл омода мешавнад. Оқои Қурбонов ин шеваи истиқболро як навъ шахсиятсозӣ меномад.
«Ман дар як чунин маросиме ширкат доштам ва бачаҳо гуфтанд, мо як моҳ аз дарс монда ба ин вохӯрӣ омода шудем ва дар офтоби гарм онҳо чандин соат меистоданд, то вазифаи худро иҷро кунанд. Бо ин раҳбарони ноҳияву шаҳрҳо нишон додан мехорҳанд, ки бубинед шуморо (президентро, РО) хурду бузург дӯст медоранд,» - гуфт Муҳибулло Қурбонов.
Аммо ба андешаи Муҳибулло Қурбонов ҷалби кӯдакон ба истиқболи президент ва ин шеваи пешвозгирӣ аз афроди воломақом падидаи нав нест ва дар замони шӯравӣ ҳам аз мансабдорон бо гулдаставу қарсакҳо пешвоз мегирифтанд. Аммо ӯ меафзояд ҳоло танҳо дар кишварҳои худкома аз чунин шеваи истиқболи раҳбарон истифода мешавад.