Трамп як рӯз қабл аз маросими савгандёдкунӣ дар як суханронӣ дар миёни тарафдоронаш гуфт, даҳҳо миллиард доллар аз дороиҳои артиши Амрико ба "Толибон" дода шудааст.
Ӯ афзудааст, пулҳои додашударо аз Афғонистон намехоҳад, аммо таъкид кард, ки хоҳони таҷҳизоти низомӣ аст.
"Мо артиши худро бозсозӣ ва онро бо таҳҷизоти муосир муҷаҳҳаз хоҳем кард. Мо ҳамаи артишро бозсозӣ хоҳем кард. Онҳо (идораи Байден) миллиардҳо доллари ин артишро ба "Толибон" доданд. Онҳо бахши зиёде аз таҷҳизоти артишро ба душман доданд. Оё медонед, ки мо солона миллиардҳо доллар ба Афғонистон медиҳем? Ба онҳо ("Толибон") мегӯям, ман ин пулро намехоҳам, аммо таҷҳизотро мехоҳам", -- гуфтааст Трамп.
Доналд Трамп рӯзи 20-юми январ ба унвони чиҳилуҳафтумин раисҷумҳури Амрико савганд ёд хоҳад кард.
Пеш аз ин, Идораи сармуфаттиши хоси Амрико барои бозсозии Афғонистон, гуфта буд, ки ба арзиши тақрибан 7 миллиард доллар таҷҳизоти артиши пешини Афғонистон назди "Толибон" мондааст.
Ин таҷҳизотест, ки Амрико дар ихтиёри артиши пешини Афғонистон қарор дода буд. Ҳукумати "Толибон" ҳанӯз дар мавриди изҳороти Трамп ибрози назар накардааст.