Трамп бо Аш-Шаръ дидору гуфтугӯ кард

Акси қасри валиаҳди Саудӣ аз 14 май: Раҳбари Сурия Аҳмад аш-Шаръ бо президенти ИМА Доналд Трамп дар ҳузури валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон мулоқот мекунанд

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 14 май дар ҷараёни сафараш ба Арабистони Саудӣ бо раҳбари муваққатии Сурия Аҳмад аш-Шаръ дидору гуфтугӯ намуд. Баргузории ин мулоқотро ҳам хабаргузориҳо ва ҳам Кохи Сафед хабар доданд. Вохӯрӣ пушти дарҳои баста барпо шуд, вале акси мулоқоти ду раҳбарро дар шабакаҳо нашр карданд. Дар ин мулоқот инчунин валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ҳам иштирок намуд.

Шоми 13 май Трамп гуфт, ки таҳримҳои зидди Сурияро бекор мекунад. Ин таҳримҳо зидди режими президенти пешин Башор Асад ҷорӣ шуда буданд, ки моҳи декабри соли гузашта аз қудрат барканор гардид.

Аш-Шаръ, ки инчунин бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ ҳам маъруф аст, раҳбарии гурӯҳи мусаллаҳонаи калонтарини мухолифи Асад «Ҳайат Таҳрир аш-Шом»-ро ба ӯҳда дошт.

Азбаски он дар гузашта бо «Ал-Қоида» дар робита буд, ИМА ва дигар кишварҳо онро ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил карда буданд. Баъди сари қудрат омадани Аш-Шаръ, маъмурияти пешини ИМА исми ӯро аз феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯ берун кард.

Маълум нест, ки таҳримҳо кай бекор мешаванд, вале Димишқ ин хабарро истиқбол кард ва дар дохили Сурия ҳам бисёриҳо аз ин қарори Трамп хушнуд шуданд.

Бархе матбуот гуфтанд, ки нахустазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба Трамп ишора кардааст, ки мухолифи чунин қарор аст. Кэролайн Ливитт, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки дар мулоқот Трамп аз Шаръ даъват кардааст, ки бо Исроил робитаҳои дипломатӣ барқарор кунад, мубориза бо терроризмро идома дода, масъулияти назорат аз зиндонҳоеро, ки он ҷо афроди вобаста ба ДОИШ нигаҳдорӣ мешаванд, ба дӯши худ бигирад. Аш-Шаръ дар навбати худ ба Трамп гуфтааст, ки сармоягузориҳои амрикоиро ба саноати нафтугази Сурия истиқбол мекунад.

То кунун як бахше аз қаламравҳои Сурия берун аз итоати Димишқ мебошанд. Дар ин қаламравҳо, аз ҷумла, сарбозони амрикоӣ ҳастанд, ки ба гурӯҳҳои курду араб дар мубориза бо ДОИШ кӯмак мекунанд. ИМА расман аз якпорчагии Сурия ҷонибдорӣ ва ба мурооти ҳуқуқи ҳамаи гурӯҳҳои қавмиву динӣ пойфишорӣ мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Трамп бо сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дидор мекунад Ҳайати нави ҳукумат дар Сурия: Як зан вазир шуд"Гуфтанд, сари шуморо аз тан ҷудо мекунем." Тарси алавиҳо аз такрори хунрезӣ"Беш аз 930 кушта". Аз ҳукумати Сурия хостанд, чора ҷӯядРаҳбари муваққати Сурия ба Арабистони Саудӣ рафтаастМарде, ки метавонад ба ҳокимони нави Сурия таҳдид кунад, кист?