Ташкилоти ҷамъиятии «Тараққиёт», дар ҳамкории зич бо ҳукумати маҳаллӣ, барқарорсозии мадрасаи таърихии Мирраҷаб Додхоҳи шаҳри Конибодомро амалӣ менамояд. Мадраса, ки ҳоло ҳамчун осорхонаи таърихӣ истифода мешавад ва дар таҳти назорати Вазорати фарҳанг қарор дорад, дар шимолушарқи шаҳри Конибодом ҷойгир аст. Ин мадраса дар нимаи дуввуми асри 17 (1659-1669) бо ёрии ҳунармандони маҳаллӣ бунёд шудааст. Масоҳати умумии мадраса 1693 метри квадратӣ буда, аз ду айвони бузург, манора ва 26 ҳуҷра иборат аст. Лоиҳаи ХСҲМФ, ки 79 600 доллари ИМА-ро пешниҳод мекунад, таъмири девору боми бино ва таъмини таҷҳизотҳои ҳозиразамонаро дар назар дорад,.
Аз соли 2001, ХСҲМФ 15 лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон дастгирӣ карда, беш аз 500 000 доллари ИМА-ро барои нигаҳдории мероси беназири Тоҷикистон пешкаш намудааст. Нигаҳдориву тармими мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад дар Шаҳритуз, ки дар асри 9 сохта шудааст, ҳифзи нақшҳои рӯи девории гулҳои лола аз Қасри поёнии Панҷакенти бостонӣ, барқарорсозӣ ва ҳифзи осори Осорхонаи давлатии антиқа мисоли лоиҳаҳои гузашта ҳастанд.
Ин маҷмаъи таърихӣ дар поёни асри 19 аз ду мадраса, даҳҳо масҷид, чор дарвозаи шаҳрӣ ва як бозори марказӣ иборат будааст. Ҳоло аз он ҳама танҳо як дарвозаи арк, як мадраса ва корвонсарой боқӣ мондааст, ки ҳамагӣ сохтаҳои ҳамагӣ чанд асри пешанд