Вазорати беҳдошт аз аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон дар Тоҷикистон хабар дод

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тибби Тоҷикистон аз амалиёти нахустини бомуваффақияти ҷарроҳии бебуриши талхадон ва роҳҳои талхагузар хабар доданд. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар хабаре гуфт, ташхису ҷарроҳии мазкур бо усули эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд.

Мақомоти тибб гуфтанд, ин аввалин чунин ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад ва онро дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бо истифода аз дастгоҳи тиббии Eye Max анҷом додаанд. Маълум нест, ин ҷарроҳӣ кай барпо шудаст, вале хабари онро оҷонсии "Ховар" рӯзи 13 май нашр намуд.

Дар тафсилоти хабар омадааст, ки дастгоҳи эндоскопӣ истеҳсоли давлати Чин буда, бо истифода аз он дар гирифторони бемории санги талхадон, палипи талхадон, саратони роҳҳои талхагузар ва саратони сараки ғадуди зери меъда ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешавад.

Мудири шуъбаи ташхису табобати марказ Сорбон Мусоев гуфтааст, ки то имрӯз чунин ҷарроҳиҳо бо усули кушода, яъне ба тариқи буриши зиёди ҷисми бемор анҷом дода мешуданд.

Дар хабар дар бораи ҳуввияти бемор ва вазъи сиҳҳатии ӯ баъди ҷарроҳӣ мушаххасан чизе гуфта намешавад, вале дар хабари расмӣ омадааст, ки беморон баъди чунин ҷарроҳӣ баъди 24 соат рухсат дода шаванд ва ҳамзамон зуд шифо меёбанд.

Моҳи январ табибони тоҷик аз анҷоми бомуваффақияти аввалин ҷарроҳиии рагҳои мағзи сар бо усули бе бурриш дар бадани сокини 16-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ хабар доданд, ки онро Маркази ташхисию табобатии "Дастаи Дил" дар бемористони “Шифобахш” ба тариқи эндоскопӣ, яъне бе бурриш анҷом доданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Хоҳарарӯсе бо тақдими ҷигар ҳаёти домоди хонаводаро наҷот додааст"Аз 4 то 10 ҳазор доллар." Пайванди гурдаву ҷигар дар Тоҷикистон афзудаастВазири тандурустӣ гуфт, пайванди узвҳои бадан зиёд шудаастТабибони тоҷик бори аввал ҷарроҳии мушкилеро анҷом доданд