Лола Каримова-Тиллоева (аз чап) ва хоҳари калонияш Гулнора Каримова.
Мусоҳибаи Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов баҳси пуршӯреро дар расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.
Дар ин мусоҳиба, ки ба таври хаттӣ ва аз тариқи имейл бо бахши узбакии радиои Би-би-сӣ ҷараён гирифтааст, Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, худро мухолифи бархе аз корҳои падар ва апааш Гулнора Каримова қаламдод карда, гуфтааст, ки 12 сол боз бо Гулнора ҳамгап нест ва ҳатто дар нишастҳои оилавӣ низ бо ӯ рӯбарӯ намегардад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сӯҳбатҳои Лола дар бораи асрори хонаводагии Ислом Каримов
Коршиносон ва қисме аз ширкатдорони баҳсҳои онлайнӣ ин мавзеъгирии Лола Каримова-Тиллоеваро ба он бастагӣ медиҳанд, ки бо сабаби тафтиши парвандаҳои пулшӯйии Гулнора дар Швейтсария, Фаронса ва Шведсия акнун рӯйи фаъолиятҳои ӯ, ки низ дар Швейтсария зиндагӣ мекунад, соя афтодааст. Як манбаи мӯътамад ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, чанд ҳафта пеш мақомоти Швейтсария ҳисобҳои бонкии Лола Каримова-Тиллоеваро, ки намояндаи доимии Узбакистон дар дафтари ЮНЕСКО -идораи омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милал дар Женева аст, бастааст.
Дар ҳоле ки духтари хурдии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар мусоҳибааш гуфтааст, бизнеси шавҳари ӯ Темур Тиллоев аз ягон имтиёз дар Узбакистон бархӯрдор нест ва ба сарватҳои табиии Узбакистон ё буҷа ва тендерҳои давлатӣ рабте надорад, маҷаллаи “Билан” ин оиларо яке аз пулдортарин хонадонҳои Швейтсария унвон карда, тазаккур додааст, ки Лола дар Женева қасреро ба маблағи 41 миллион доллари амрикоӣ харидааст. Вале худи Лола дар мусоҳибааш мегӯяд, пас аз фурӯхтани аксари кулли дороиҳои худ дар Узбакистон танҳо 18 дарсади нархи манзилро пардохта, пули боқимондаро аз бонк қарз гирифтааст.
Таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ Брюс Панир мегӯяд, суханони Лола боварбахш нестанд: “Ончӣ вай имрӯз мегӯяд, бо ончӣ қаблан гуфта буд, дар ихтилоф аст. Мегӯяд, мисли шаҳрвандони одӣ аз бонк қарз гирифт, то қаср харидорӣ кунад ва ҳам мегӯяд, миллионҳо долларашро ҳамчун закот барои мадад ба камбағалон сарф мекунад. Ва ҳамчунин манбаи даромаду моликияти ӯ рӯшан нест. Ҳама медонанд, ки дар Узбакистон бе рбитаи хуб бо ҳукумат касе бой шуда наметавонад. Боварбахш нест, вақте духтари президент мегӯяд, ман бе ёрии падарам ё хешу таборам сарватманд шудаам.”