Барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва махсусан онҳое, ки барои дарёфти кору даромад ба Русия ҳиҷрат мекунанд, ин чандон хабари хуше нест. Агар дар назар дошта шавад, ки солона аз 1 то 2 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд, дар муддати кӯтоҳ таъмин кардани онҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ мушкил хоҳад буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мушкили паспортҳои тоҷикӣ
Бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, бо сабаби таъхир дар гирифтани чунин шиноснома натавонистаанд, дар мавсими имсола барои кор ба Русия раванд. Яке аз онҳо Комил Алиев аст, ки моҳи январи соли равон маҳз ба хотири гирифтани шиносномаи нав ба Тоҷикистон омадааст, аммо то ҳол натавонистааст ба он даст ёбад. Мақомоти умури дохилӣ ба ӯ гуфтаанд, ки “бланк”-и шиноснома надоранд.
Вале Абулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, то имрӯз дар дастрасии сокинони Тоҷикистон ба шиносномаҳои хориҷӣ мушкиле вуҷуд надошт. Вай афзуд, иқдоми ҷониби Русия низ аз пеш ба вазорат маълум буд: «Аз якуми январи соли 2015 мо пурра ба шиносномаҳои биометрии хориҷӣ мегузарем. Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ пурра ба анҷом додани ин гузариш омода ҳастанд ва бо дили пур гуфта метавонем, ки барои сокинон ҳеҷ мушкиле пеш намеояд.»
Тоҷикистон кишварест, ки то ба ҳол аз низоми душиносномаӣ – дохилӣ ва хориҷӣ кор мегирад. Ин таҷриба аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Моҳи феврали соли 2010 Тоҷикистон шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ҷорӣ кард, аммо низоми душиносномаӣ барҳам нахӯрд, балки боз шаҳрвандон ба дари идораҳои шиносномадиҳӣ кашида шуданд.
Ба қавли сокинон, он ҷо на ҳамаи онҳоро бо рӯи хуш пешвоз мегиранд ва барои дастрас кардани ҳамчунин шиноснома мушкилоти маъмурие халқ мешаванд, ки корро моҳҳо тӯл медиҳад ва роҳро ба фасоду пардохтҳои ғайриқонунӣ боз мекунад. Як муҳоҷир мегӯяд, барои зуд гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз ӯ 300 доллар талаб кардаанд, вале боз ҳам ҳуҷҷат танҳо пас аз ду моҳ омода шудааст.
Аммо Шариф Абдуллоев, як сокини Душанбе, мегӯяд, ҳоло дар даст шиносномаи хориҷие дорад, ки то соли 2015 барҳам хоҳад хӯрд ва ба хотири он ки соҳиби шиносномаи биометрӣ шавад, ба ОВИР – шуъбаи раводид ва сабти номи яке аз навоҳии пойтахт рафт, аммо аз раъйи худ гашт: «Барои он нагирифтам, ки ҳам қиматаш баланд аст, ҳам, рости гап, проблема дорад. Гирифтанаш ҳам мушкил аст, зеро як моҳ давом мекунад ва албатта, ба маблағи иловагӣ имкон надорад, ки зуд гирӣ.»