Солеҳа Холмаҳмадзодаи 48-сола рӯзи 21-уми январ вазири кору муҳоҷират таъйин шуд. Ӯ дар ин мансаб Гулнора Ҳасанзодаро иваз кард. Бино ба фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасанзода бознишаста (нафақахӯр) шудааст. Солеҳа Холмаҳмадзода аз соли 2020 намояндаи порлумон буд. Қаблан дар мақоми муовини раиси шаҳри Турсунзода кор кардааст.
Нуриддин Саид
Коргардон Носир Саидзода, ки то ин дам мудири телевизиони “Сафина” буд, ба ҷойи Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио шуд. Нуриддин Саид ба нафақа баромад. Вай пештар вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд ва бештар дар робита ба сару либоси ягона ва тарафдориаш аз ширкати донишҷӯён дар "маршировка" хабарсоз буд.
Муродалӣ Раҷабзода муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳамзамон фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Раҷабалӣ Раҳмоналиро иваз кард.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо қарори ҳукумат ба ҷойи Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шуд. Назарзода бознишаста шуд. Ӯ қаблан дар Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кор кардааст.
Ҷумъа Давлатов
Дар ин рӯз Ҷумъа Давлатов бо сабаби "гузаштан ба кори дигар" аз мақоми раиси Оҷонси хидмати давлатӣ барканор шуд. Ба ҷойи ӯ Илёс Идрисзода омад. Ҷумъа Давлатов дар гузашта бо чанд изҳороташ, аз ҷумла дар бораи эъломияи даромади мансабдорон, дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Ӯ дар соли 2019 гуфта буд, ки эъломияи дороии мансабдорон нашр намешавад, чун "ҷомеа ба қабули он омода нест".
Насрулло Маҳмудзода аз мақоми дабири Шӯрои амният озод карда шудааст. Дар фармон сабаби тасмимро "гузаштан ба кори дигар" гуфта, аммо шарҳ надодаанд. Чанде пеш номзадии ӯ барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаи якмандатии Конибодом пешниҳод шуда буд.
Дар ин рӯз Абдураҳмон Ҳалимзода мудири Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Аҳтам Абдуллозода сардори Хадамоти иҷро, Сахидод Раҳматуллозода раиси Кумитаи забон ва ислоҳот ва Лутфия Шарифзода сардори Саридораи бойгон таъйин шудаанд.
Аз оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ҷараён дорад.
Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати "Central Asia Consulting” дар Вашингтон, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "таъйиноти кадрие, ки солҳои дароз дар ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мекунем, бештар монанди намоишҳои театрӣ ҳастанд, на ислоҳоти воқеӣ."