Матни ин қарорро, ба навиштаи Politico, котиби давлатӣ Марко Рубио рӯзи 24 январ имзо кардааст. Дар матн гуфта мешавад, ки тамоми маблағгузориҳо, ба ҷуз Мисру Исроил ва ҳам ироаи хӯрокворӣ ҳамчун ёриҳои изтирорӣ боздошта мешаванд. 85 рӯз баъд Рубио ба президент Доналд Трамп гузориш медиҳад, ки аз дидгоҳи ӯ расонидани ёрӣ ба кадом барномаҳо дуруст асту кадомаш – не.
Марко Рубио
Хабаргузории Рейтерс бо такя ба як манбааш дар USAID гуфт, ки кӯмак ба Украина, аз ҷумла тарҳҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ боздошта шудаанд.
Трамп ва ҷумҳурихоҳон дар ИМА давоми чандин сол аст, ки “хароҷоти исрофкорона” дар бахши ёриҳои хориҷии маъмуриятҳои Барак Обама ва Ҷо Байденро танқид мекунанд. Қарори боздошта шудани ёриҳои хориҷиро Трамп дар аввалин рӯзи президентиаш имзо кардааст.
2 миллиард доллар ёрӣ ба Тоҷикистон
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дарёфткунандаи ёриҳои ИМА мебошад. Дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ декабри соли 2024 сафири ИМА дар Душанбе Мануэл Микаллер гуфт, "дар тӯли 30 соли охир мардуми Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 2 миллиард доллар дар шаклҳои гуногун ёрӣ расондаанд. Қисми зиёди ин маблағ барои амнияти сарҳад ва кумакҳои зиддитеррористӣ, аз ҷумла сохтани иншоот, омӯзиш, таҷҳизот ва технологияи муосир сарф шудааст".
Ӯ, аз ҷумла, гуфт, кӯмак ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон муҳим аст. "Уҳдадории доимии мо ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ин аст, ки роҳҳои дастгирӣ ва тақвияти истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии шуморо бар зидди таҳдидҳои берунӣ пайдо кунем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кумак дар безараргардонии минаҳо, муҳимоти нотаркида, ёрӣ ба қурбониёни минаҳо ва эҳёи иқтидори Маркази миллии безараргардонии минаҳо, ба Тоҷикистон беш аз 35 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст."
Қисми зиёди ёриҳои ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон тавассути Оҷонсии рушди ИМА ё USAID ворид мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Сафири Амрико: Аз ҳукумат даъват кардем, хабарнигоронро раҳо кунадМулоқоти сенатори амрикоӣ Стив Дейнс бо мақомоти Тоҷикистон"Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ" дар ДушанбеЁриҳои хориҷии Амрико дар аҳди Трамп. Киҳо дастрас хоҳанд кард?Сафири ИМА дар Рашт бо кишоварзону донишомӯзон мулоқот кард