Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, иддао кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ду шаҳрванди Чинро, ки аз тарафи Русия дар минтақаи Донетск меҷангиданд, ба асорат гирифтанд. Ӯ аз ҳампаймонҳои Киев хост, ба ин масъала вокуниш нишон диҳанд ва аз Пекин шарҳ бихоҳанд.
Зеленский рӯзи 8-уми апрел дар паёме дар "Телеграм" иддао кард, ки ин ду шаҳрванди Чин дар ҷараёни набарде, ки чанд сарбози дигари чинӣ низ дар он ширкат доштанд, дастгир шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин афрод дар чаҳорчӯби воҳидҳои низомии артиши Русия дар Донетск меҷангиданд.
Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, Чин ба яке аз муттаҳидони наздики Маскав табдил шудааст. Ҳарчанд Чин дар ин ҷанг худро бетараф мегӯяд, аммо чанд тарҳи сулҳро пешниҳод кардааст. Бо ин вуҷуд, далел ва санаде аз ҳимояти мустақими Чин аз Русия дар ҷанг ба таври умумӣ нашр нашудааст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар гузорише ихтисосӣ дар моҳи феврал аз тариқи маълумоти фошшудаи Вазорати дифои Русия номи як шаҳрванди Чинро шиносоӣ карда буд. Ӯ барои Русия ҷангидааст, ҳарчанд манбаи ифшокунанда аз ирои ҷузъиёти бештар худдорӣ карда буд.
Владимир Зеленский гуфт, "мо ҳуҷҷатҳои ин асирон, кортҳои бонкӣ ва маълумоти шахсии онҳоро дар ихтиёр дорем". Вай ҳамчунин акси яке аз сарбозони чинии асиршударо нашр кард.
Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳанӯз ба иддаои Зеленский вокуниш нишон надодааст. Зеленский ҳам ҷузъиёте дар бораи фармондеҳии ин нерӯҳои пешниҳод накардааст.
Раисҷумҳури Украина дар идома гуфт, маълумоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки эҳтимол шумори бештаре аз шаҳрвандони Чин дар воҳидҳои низомии Русия дар Украина ҳузур доранд ва ниҳодҳои кашфи кишвараш дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд.
Ба гуфтаи Зеленский, ин ду шаҳрванди Чин ҳамакнун дар боздошти ниҳодҳои кашфи Украина ҳастанд ва раванди таҳқиқ аз онҳо ҷараён дорад. Ӯ навишт, "мушорикати Чин, чӣ мустақим ва чӣ ғайримустақим, дар ин ҷанг дар паҳлӯи Русия -- ҳаммонанди дигар кишварҳо -- нишонаи равшане аст, аз ин ки Путин аслан нияти хатми ҷангро надорад".
Аз ин пеш иштироки сарбозони Кореяи Шимолӣ аз тарафи Русия дар ҷанги Украина расонаӣ шуда буд. Мақомоти Украина гуфта буданд, ки чанд сарбози Кореяи Шимолиро ба асорат гирифтанд. Украина ва Русия якдигарро барои истифода аз "зархаридон" дар ин ҷанг муттаҳам мекунанд.