Субҳи 16-уми апрел зилзила шаҳри Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистонро такон дод.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки заминларза соати 04:15 ба вақти маҳаллӣ рух дод ва қувваи он дар шаҳри Душанбе 3 дараҷа буд.
Намояндагони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ гуфтанд, "маркази заминларза 320-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе ва дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир буд."
"Дар марказ, яъне дар ҳудуди Афғонистон қувваи заминларза 5-6 дараҷа, дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими ВМКБ 4 дараҷа ва дар Душанбе 3 дараҷаро ташкил дод. Хисороти ҷонӣ ва молӣ сабт нашудааст," -- гуфтанд дар Кумита.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои покистонӣ гузориш доданд, ки зилзила вилоятҳои Хайбар-Пахтунхоҳ, Кашмир ва Панҷоби он кишварро низ такон додааст.
Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Покистон, маркази он дар кӯҳҳои Ҳиндукуш дар вилояти Бағлони Афғонистон будааст. Қувваи заминларза дар марказаш 5,6 дараҷаро ташкил дод.
Давоми як ҳафтаи охир бори чандум аст, ки зилзила қаламрави Тоҷикистонро такон медиҳад. Бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расид.
Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.