Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, эълон кардани арзиши воқеии сохтмони нерӯгоҳи Роғун кори осон нест, чун мумкин аст, харҷи он болотар равад. Ҳадсу гумон дар бораи ба фасод олуда шудани сохтмони иншооти азим зиёд аст ва мунтақидони ҳукумат ҳам сабаби афзоиши қимати сохтмонро ба ҳамин рабт медиҳанд
Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сармоягузорҳои нав меҷӯяд. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Низоми биллингии пардохти пули барқ, ки дар Тоҷикистон бо ҳадафи беҳтар кардани таъмини мардум бо нерӯ ба роҳ монда шудааст бо танқидҳо рӯбарӯ гашт.
Низоми биллингии пардохти пули нерӯи барқ, ки дар Тоҷикистон ба роҳ андохта шуд, то таъмини мардум бо нерӯ беҳтар шавад, ҳафтаи гузашта мавриди танқиди хабарнигорон қарор гирифт.
Дар тарҳи нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ банди махсус ҷойгир кардаанд.
Посухҳои номушаххас, такрорӣ ва нопурраи раиси нави Кумитаи забони Тоҷикистон норозигии баъзе аз рӯзноманигоронро дар нишасти хабарии ин ниҳод ба миён овард. Нишасте, ки ба намояндагони расонаҳо дар шаш моҳ як маротиба имкон медиҳад, то ба суолҳои худ аз раҳбарони ниҳодҳо бевосита посух гиранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар пайи қатъи барномаҳои Бунгоҳи Рушди Байналмилалии Амрико ё USAID барои идома ёфтани тарҳҳое, ки аз сӯи ин созмон дастгирии молӣ мешуданд, сармоягузор меҷӯяд.
Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, вазъ дар Русия онҳоро водор сохтааст, ки макони муҳоҷирати кории худро дигар кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки дар оғози соли 2025 аввалин гуруҳи муҳоҷирони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ сафар мекунанд. Ба иттилои Вазорати кор ва муҳоҷират, дар навбати аввал кафшергарон ё сваршикҳоро ба Корея мефиристанд.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе шикоят мекунанд, ки дар рӯзҳои сарди ахир ба осонӣ таксӣ намеёбанд.
Арчаҳои ороста, Бобои Барфӣ, дӯконҳои муҷалло ва роҳгузарони туҳфа ба даст симои чанд рӯзи пеш аз таҷлили Соли нави мелодӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст.
Арчаҳои ороста, Бобои Барфӣ, дӯконҳои муҷалло ва роҳгузарони туҳфа ба даст симои чанд рӯзи пеш аз таҷлили Соли нави мелодӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст. Ҳамзамон баъзе аз сокинон мегӯянд, аз ҷашнгирии cоли нав худдорӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон пешниҳод доранд, барои занони хонашин ҳам маош таъин карда шавад. Ба гуфтаи муаллифи пешниҳод Меҳрангез Турсунзода, саҳми занони хонашин, ки дар иқтисоди хонавода бузург аст, дар бештари маврид нодида гирифта мешавад.
18-уми декабр Рӯзи байнулмилалии муҳоҷирон аст. Радиои Озодӣ дар остонаи ин рӯз аз хонаводаҳои бархе муҳоҷирон дар кишвар пурсид, ки пули фиристодаи фарзандонашон дар зиндагии онҳо то куҷо муҳим аст?
Бархе аз сокинон мегӯянд, интизор доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи камбуди барқ, кумак ба ятимону камбизоатон ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор суҳбат мекунад.
Мавзун Ғафурзода, мутриби нобино шикоят дорад, ки ӯ ва зану ду фарзанди хурдсолашро мехоҳанд, дар ин зимистони сард аз хобгоҳи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе берун кунанд.
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз соҳибони скутерҳое, ки суръати ҳаракаташон аз 40 километр дар соат зиёд аст, талаб дорад, нақлиёти худро аз қайд гузаронанд ва рақами давлатӣ бигиранд. Бархе аз ронандагон бо ин талаб розӣ нестанд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бори дигар аз кори ширкатҳои мобилӣ интиқод карда, ҳушдор додааст, ки агар сифати интернету алоқа беҳтар нашавад, иҷозатномаашонро бекор хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар