Низоми биллингии пардохти пули барқ, ки дар Тоҷикистон бо ҳадафи беҳтар кардани таъмини мардум бо нерӯ ба роҳ монда шудааст бо танқидҳо рӯбарӯ гашт.
Низоми биллингии пардохти пули нерӯи барқ, ки дар Тоҷикистон ба роҳ андохта шуд, то таъмини мардум бо нерӯ беҳтар шавад, ҳафтаи гузашта мавриди танқиди хабарнигорон қарор гирифт.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, баъд аз махфӣ эълон шудани пулашон, шумораи худи муҳоҷирон низ ба маълумоти махфӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки теъдоди муҳоҷирон ҳамасола эълон мешуд, ҳарчанд бисёриҳо онро камшуда медонистанд.
Дар Тоҷикистон, ки кишвари муҳоҷирфирист ба ҳисоб меравад, зоҳиран гуфтани омор дар бораи онҳо барои мақомот сахттар мешавад. Чанд сол пеш ҳукумат гуфтани ҳаҷми пулеро сирри давлатӣ номид, ки муҳоҷирон мефиристанд. Имсол кор ба ҷое расидааст, ки мехоҳанд, теъдоди худи муҳоҷирони кориро ҳам нагӯянд.
Шаҳрдории Душанбе афзоиши хонасозиро дар пойтахти Тоҷикистон аз комёбиҳои худ номид ва гуфт, ин раванд имсол суръати бештар хоҳад гирифт.
Шаҳрдории Душанбе афзоиши хонасозиро дар пойтахт аз комёбиҳои худ номид ва гуфт, ин раванд имсол на кам, балки бештар хоҳад шуд. Афзоиши биноҳои истиқоматӣ дар ҳолест, ки ҳоло нархи ҳар метри мураббаи маскан дар пойтахт ба ҳисоби миёна 780 доллар буда, назар ба як сол пеш 100 доллар гаронтар аст.
Посухҳои номушаххас, такрорӣ ва нопурраи раиси нави Кумитаи забони Тоҷикистон норозигии баъзе аз рӯзноманигоронро дар нишасти хабарии ин ниҳод ба миён овард. Нишасте, ки ба намояндагони расонаҳо дар шаш моҳ як маротиба имкон медиҳад, то ба суолҳои худ аз раҳбарони ниҳодҳо бевосита посух гиранд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон даъвои Сергей Миронов, вакили миллатгарои Думаи давлатии Русияро беасос хонд. Ин вакил чанде пеш гуфт, ки дар Тоҷикистон бо пули Русия китоб нашр карда, вале ин кишварро “ғосиб” ном бурдаанд.
Азими Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, гузориши баъзе аз расонаҳоро дар мавриди оғози бунёди метро дар шаҳри Душанбе нодуруст хонд. Ӯ рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, намедонад “ҳадафи ин хабарҳо чист”, вале “моҳияти масъаларо дарк накарда ҳар чизе менависанд”.
Дар соли 2024 дар корхонаҳои Тоҷикистон сӣ коргар, аз ҷумла шаш шаҳрванди Чин, ба ҳалокат расида, тақрибан сӣ тани дигар маҷруҳ шудаанд.
"Моро бегуноҳ донед ва озод кунед." Ин сухани охирини гумонзадҳо дар парвандаи маъруф ба "табаддулот" дар Тоҷикистон аст, ки рӯзи 22-юми январ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи Душанбе садо додааст.
Дар шаҳри Турсунзода, баҳси гурӯҳе аз сокинон бо як соҳибкор идома дорад, ки мехоҳад, дар ҷойи ҳавлиҳои онҳо хона бисозад. Сокинон мегӯянд, пуле, ки барои хонаҳояш пешниҳод мешавад, назар ба арзиши бозор кам аст ва рафтори соҳибкор одилона нест.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи март ягон номзад пешниҳод накардааст.
Арабистони Саудӣ барои ҳафт ҳазор оилаи камбизоат дар Тоҷикистон 490 тонна ёрии башардӯстона медиҳад. Ба ҳар хонавода қариб 70 кило орду равған ва лубиёву макарону шакар.
Дар Тоҷикистон баҳс сари ҷанҷоли хушдоману келин баҳсест бепоён. Дар давоми 3-4 соли ахир дастикам 10 қазияи марги келину боздошти хушдоманҳо расонаӣ шудааст. Дар 7 ҳолат келинҳо дар хонаи шавҳар худкушӣ кардаанд ва дар марги онҳо хушдоманҳоро гунаҳкор дониста аз панҷ то ҳафт сол зиндонӣ кардаанд.
Як ҷавони 28-сола, ки ба тозагӣ аз зиндони шаҳри Ваҳдат раҳо шудааст, мегӯяд, ба сабаби вайрон кардани хонаи падариаш дар кӯча мондааст ва аз мақомот мехоҳад ба мушкилаш расидагӣ кунанд.
Як ҷавони 28-сола, ки ба тозагӣ аз зиндони шаҳри Ваҳдат раҳо шудааст, мегӯяд, бо далели тахриби манзилаш ҳоло дар кӯча мондааст ва аз мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон талаб дорад, ба мушкилаш расидагӣ шавад.
Як хона дар ноҳияи Варзоб ҷанҷолбарангез шудааст. Моликаш Ҷаҳоноро Раҷабова мегӯяд, бо даъвои овозхони шинохта Раҳима Шалоэр эҳтимол ҳар лаҳза аз он берун карда шавад. Чӣ гуна?
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, иддаои як духтари 20-сола дар бораи бадрафтории афсарони милиса бо ӯ ҳеч асосе надорад ва иддаои ӯ дар бораи латукӯб шудани Муҳиба Ғуломова ҳеч асосе надорад.
Ёфтҳои бештар