Марко Рубио, котиби давлатии Амрико, рӯзи 29-уми апрел ҳушдор дод, ки агар Русия ва Украина барои хатми ҷанг дар Украина "пешниҳодҳои мушаххас" ироа накунанд, Иёлоти Муттаҳида аз миёнаравӣ даст мекашад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 28-уми апрел бо имзои як фармони иҷроӣ талаб кард, ки ҳамаи ронандагони мошинҳои борбар дар ин кишвар бояд пеш аз шурӯи кор имтиҳони дониши забони англисӣ супоранд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом бо ҳадафи “таъмини амнияти оилаҳои амрикоӣ дар роҳҳо” анҷом дода мешавад.
Як додгоҳи федералӣ ба Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) дастур дод, ки буҷаи моҳи апрели Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар ихтиёри ин расона бигузорад. Дастур дар ҳоле содир шуд, ки кашмакаши ҳуқуқӣ бар сари фаъолияти шуморе аз расонаҳои зери ҳимояти молии Амрико идома дорад.
Ангушт задан ба аломати "писанд" ё "лайк" (Like) дар зери матлабҳои интернетӣ, ки қаблан садҳо касро ба зиндон бурдааст, дигар ҷавобгарии ҷиноӣ нахоҳад дошт. Ин хабар дар байни корбарон суолеро пеш овардааст, ки маҳкумшудагон бо ин банди қонуни кайфарӣ (Кодекси ҷиноӣ) низ озод хоҳанд шуд ё на?
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ аз як манбаи боэътимод, аз миёни 9 чеҳраи маъруф, ки бо айбномаи "талоши табаддулоти давлатӣ” ва “хиёнат ба давлат” маҳкум шуданд, танҳо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Додгоҳи олӣ шикояти назоратӣ бурдааст.
Як созмони маъруфи байнулмилалӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои роҳандозии маҳдудияти озодии баёну ҷамъомадҳои осоишта, таъқиби фаъолону мунтақидон ва боздоштҳои худсаронаву додгоҳҳои ноодилона танқид кардааст. Гузориши Amnesty International ё Афви Байнулмилал рӯзи 28-уми апрел нашр шуд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари мардумро дар хиёбонҳои Душанбе дар ҳамин мавзуъ пурсиданд.
Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда аз 7,4 дарсади ҳозира ба 6,8 дарсад поин хоҳад омад. Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон бо чунин арзёбӣ розӣ нест ва мегӯяд, тавсеаи иқтисод дар ду соли оянда аз 8 дарсад кам нахоҳад буд.
Як фармондеҳи украин, ки ҳамроҳ бо сарбозонаш беш аз як моҳ дар як бинои сарду вайрона ҳадафи ҳамлаи русҳо қарор дошт, мегӯяд, ғайриинтизор ӯ ва гурӯҳаш барои идомаи ҷанг нерӯе пайдо карданд, ки барояшон имкон дод, аз ин муҳосира зинда берун оянд.
Ёфтҳои бештар