24 апрели соли 1990 дар ҶШС Қазоқистон аввалин мансаби президентӣ таъсис ёфт. Шӯрои Олии Қазоқистон ба ин мансаб Нурсултон Назарбоевро интихоб кард, ки он вақт роҳбарии Кумитаи комунситии ин кишварро бар дӯш дошт. Аз он ҳангом то ба ҳол Назарбоев наздики чоряк аср роҳбари Қазоқистон аст.
24 соли президентӣ

14
Интихоботи президентӣ ва парлумонии соли 1995 -и Қазоқистонро Созмонҳои ҷаҳони ғайри демократӣ хонданд.
Дар акс. Симои Нурсултон Назарбоев дар арки "Қазақ елі" дар Остона.
Дар акс. Симои Нурсултон Назарбоев дар арки "Қазақ елі" дар Остона.

15
Баъд аз интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон дар соли 1999, дар назди ситоди интихоботӣ ҳизби сиёсии Назарбоев бо номи "Отан" таъсис дода шуд. Ҳоло ин ҳизби сиёсӣ бо номи "Нур Отан" ниҳоди қонунгузории ин кишварро идора мекунад.
Дар акс. Президент Нурсултон Назарбоев дар ҷаласае вайро роҳбари ҳизби «Нур Отан» интихоб карданд. Остона, 25 ноябри 2011.
Дар акс. Президент Нурсултон Назарбоев дар ҷаласае вайро роҳбари ҳизби «Нур Отан» интихоб карданд. Остона, 25 ноябри 2011.

16
15 маи соли 2010 қонун дар бораи пешвои миллат интихоб шудани аввалин президенти Қазоқистон Назарбоев қабул гардид. Дар ин қонун омадааст, ки дашнома ва паҳн кардани маълумот дар бораи пешвои миллат дар ҳузури ом ҷарима ваё ҳабс то як сол таъин карда шуд, аммо агар ин кор ба воситаи ВАО анҷом шуда бошад то се сол равонаи зиндон карда мешавад.
Дар акс пайкараи Назарбоев дар осорхонаи Донишгоҳи қазоқиву туркӣ. Соли 2002.
Дар акс пайкараи Назарбоев дар осорхонаи Донишгоҳи қазоқиву туркӣ. Соли 2002.

17
Беш аз сад китоб бо муаллифии Нурсултон Назарбоев, нашр шудааст. Дар Қазоқистон сари ҳар вақт намоиши китобҳои президент баргузор мешавад ва корҳои илмӣ аз руи китобҳои вай анҷом дода мешавад.