Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Украина созишномаи истихроҷи маъданро имзо карданд


Вазири молияи ИМА Скот Бессант ва муовини аввали нахуствазири Украина Юлия Свириденко рӯзи 30 апрел созишномаи маъданҳоро имзо карданд
Вазири молияи ИМА Скот Бессант ва муовини аввали нахуствазири Украина Юлия Свириденко рӯзи 30 апрел созишномаи маъданҳоро имзо карданд

Ҳукумати Украина ва Амрико созишномаеро имзо карданд, ки ба Иёлоти Муттаҳида имкон медиҳад, қарордодҳои боимтиёз барои истихроҷи маъдан дар Украинаро ба даст биёрад ва айни замон бозсозии онро таъмини молӣ кунад.

Вазорати молияи Амрико рӯзи 30-уми апрел аксеро нашр кард, ки дар он вазири молия Скот Бессант бо Юлия Свириденко, муовини аввали нахуствазири Украина созиши мазкурро дар шаҳри Вашингтон имзо мекунанд.
Ба гуфтаи вазорат, ин тавофуқнома “баёнгари возеҳи аҳди ҳукумати Трамп ба Украинаи озод, мустақил ва шукуфо аст.”

Доналд Трамп, президенти ИМА бо ҳимоят аз ин тавофуқ гуфтааст, ки Амрико бояд дар ивази кӯмакҳои низомии худ ба Украина чизе дарёфт кунад ва пеш аз имзои созиш дар рӯзи чоршанбе гуфтаашро такрор кард:

“Ман гуфтаам, ки мо барои талошҳоямон чизеро мехоҳем, ки қобили қабул аст. Мо маъдани нодир мехоҳем. Онҳо маъданҳои нодири бисёр хуб доранд. Мо ҳамеша маъданҳои нодир ҷустӯҷу доштем. Азбаски кам ҳастанд, нодир номида мешаванд. Онҳо аз ин маъданҳо бисёр доранд.”

Украина сарватҳои табиии зиёд доранд, аз ҷумла фулузоти нодир, ки барои истеҳсоли абзорҳои электронӣ бисёр зиёд мешаванд. Украина ҳамчунин дорои захираҳои азими оҳан, уран ва гази табиӣ аст.

Созишнома нақши муҳиме дар талошҳои Киев барои тармими равобит бо Доналд Трамп ва ҳукумати Амрико дорад. Робитаҳое, ки пас аз баргашти ӯ ба ҳукумат дар моҳи январ дучори таниш шуд.

Аз замони таҷовузи Русия ба Украина дар соли 2022, Иёлоти Муттаҳида кӯмакрасони бузургтарини Украина буд ва мақомҳои украинӣ умед доштанд, ки тавофуқнома иҷоза медиҳад, то Амрико кӯмакрасони доимӣ дар муқобили Русия бимонад.

Дар бораи Бунёди бозсозии Украина, Свириденко дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки бар асоси тавофуқнома Вашингтон дар ин бунёд саҳм мегузорад. Ба навиштаи ӯ, “илова бар кӯмакҳои молии мустақим, тавофуқ метавонад шомили кӯмакҳои нав низ бошад – барои мисол системаҳои дифои ҳавоӣ барои Украина.”
Вашингтон ба ин пешниҳод вокунише нишон надодааст.
Созиши байни ду тараф ҳосили моҳҳо музокирот ва аз ҷумла гуфтугӯҳои тунде будааст. Пешнависи тавофуқнома нишон медиҳад, ки Украина муваффақ шудааст талаби бозпардохти кӯмакҳои низомии гузашта ба Иёлоти Муттаҳидаро аз матн бардорад. Бо ин вуҷуд, ин пешнавис ҳеч замонати қатъии Амрико барои кӯмак дар таъмини амният дар Украинаро намедиҳад - он чизеро, ки Украина аз аввал мехост.



Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG