Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ гуфт, дар давраи маъмурияти Трамп озодии матбуот аз байн меравад


30 январ, Кохи Сафед
30 январ, Кохи Сафед

Кумитаи дифоъ аз журналистон, мақарраш дар Амрико, вазъи озодии матбуотро дар ин кишвар дар сад рӯзи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп интиқод кардааст.

Кумитаи дифоъ аз журналистон (The Committee to Protect Journalists - CPJ) дар гузориши муфассале ба арзёбии вазъи озодии матбуот дар 100 рӯзи давраи президентии Доналд Трамп дар ИМА пардохта аз чандин “амали ҳайратоваре” ёдовар шудааст, ки ба навиштааш, дар маҷмӯъ “дастрасии доираҳои васеи аҳолии Амрикоро ба хабарҳои мустақил бар пояи воқеият” таҳти хатар қарор медиҳад.

Ин созмони ҳомии озодии баён ҳушдор додааст, ки дар ИМА озодии матбуот бадтар шудааст ва аз ҳайатҳои таҳририя дар тамоми ин кишвар даъват намудааст, то алайҳи таҳдидҳои афзояндаи рӯбарӯи матбуоти мустақил дар ҷабҳаи муттаҳидае баланд бишаванд.

Гузориш инчунин дар бораи тағйирот дар нашрияҳои хабаррасони маъруфи мисли The Washington Post ва Los Angeles Times ёдовар шуда гуфтааст, ки дар ин нашрияҳо “дар посух ба тамоюлҳои тағйирёбандаи сиёсӣ” саҳифаҳо дар бораи назарҳоро “бозсозӣ” шудаанд.

Ҷоди Гинсберг, мудири кулли CPJ навишт, “вақте демократия рукуд мекунад, хабарнигорон авал шуда мавриди ҳамла қарор мегиранд ва амалҳои маъмурияти кунунии ИМА бояд барои ҳар як журналист, ҳар як ҳайати таҳририя ва ҳар як инсон дар ИМА занги изтироб гардад”. Ӯ афзуд: “Ҳоло вақти он нест, ки худро ором нигоҳ дошта чунин рафторро нодида бигирем. Агар мо бигузорем, ки як чизи ғайримаъмулӣ маъмулӣ қабул шавад, озодиҳои бештар новобаста ба мавқеи сиёсии шумо таҳти хатар қарор мегирад”.

Дар гузориши CPJ гуфта мешавад, ки барои нашри мавқеи Кохи Сафед ба мақомот муроҷиат карданд, вале ҳеҷ ҷавобе дарёфт нашуд.

Дафтари матбуоти Департаменти давлатии ИМА дар посухи электронӣ ба муроҷиати Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) барои шарҳи гузориш навишт, ки “мо дар маҷмӯъ арзёбиҳои гузоришҳои гурӯҳҳои берунаро дар мазҳари ом баҳогузорӣ намекунем”.

Трамп 20 январ бори дуюм дар мақоми раёсатҷумҳурии ИМА ба кор шурӯъ кард.

Кумитаи дифоъ аз журналистон аз чандин амалҳои маъмурияти Трамп дар 100 рӯзи аввали раҳбарии ӯ ёдовар шудааст, ки, ба навиштааш, дар натиҷа, хабаргузориҳои бузург намедонистанд “чӣ гуна ба фишори афзояндаи Кохи Сафед вокуниш кунанд”, чунки соҳибмулкон ва худи хабарнигорон “дар пешорӯи интихоб қарор гирифтанрд, ки оё президентро ором кунанд ваё бо хатари аз даст додани тамос рӯбарӯ шаванд”.

CPJ бахусус дар бораи тағйирот дар ҷараёни ворид шудани журналистон ба Кохи Сафед ва ҳам дар ҳайати гурӯҳи президентӣ пайдо шудани Комиссиюни федеролии алоқа ва дигар сохторҳои танзимкунанда таъкид кардааст, ки ҳарчи бештар дар фаъолияташон сиёсизада шудаанд. Ин гузориш ҳамчун дигар намунаҳои маҳдудсозии озоди матбуот дар кишвар манъи мабағгузории расонаҳои ҷамъиятии NPR ва PBS-ро мисол овардааст.

Ҳамчун «намунаи бисёр барҷастаи чунин фишор» гузориш манъи ширкати хабаргузории Associated Press дар нишастҳои матбуотии Кохи Сафедро мисол овардааст, ки бо тақозои маъмурияти Трамп розӣ нашуд номи Халиҷи Мексикаро ба “Халиқи Амрико” иваз кунад.

CPJ менависад, ки бо вуҷуди ин ки додгоҳ аз ҳақи Associated Press ҳимоят кард, маъмурият дастрасии оҷонсиро маҳдуд карда ба атрофи президент бештар расонаҳои ҳизбӣ ваё тарафдори Кохи Сафедро роҳ медиҳад.

CPJ инчунин шурӯи тафтиши кори расонаҳои мисли CBS, NBC, ABC ва NPR-у PBS-ро аз ҷониби Комиссиюни федеролии алоқа “дорои ангезаҳои сиёсӣ” номидааст. Мақомот дар тавзеҳи далел ё сабаби чунин тафтишот “иддаоҳои беасоси мисли гузоришҳои яктарафа ва фаъолияти бидуни иҷозатнома”-ро баҳона овардаанд.

CPJ ба ин комиссиюн ҳам барои шарҳи пурсишҳояш муроҷиат намуд, вале дархосташ беҷавоб монд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба бовари Кумитаи дифоъ аз журналистон, тамоюлҳо дар дохили ИМА фаротар аз марзҳои ИМА таъсиргузор мешаванд.

Гузориш мегӯяд, масалан, тағйири кори Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА ва ҳам Оҷонсии ИМА оид ба матбуоти ҷаҳонӣ ҳазорҳо журналистонро дар дохил ва хориҷи ИМА бекор кард ва аз ин қарорҳо “ҳукуматҳои ғайридемократии Чин, Русия, Куба ва дигарҳо истиқбол карданд”.

Бисёр расонаҳои осебдида, аз ҷумла, РАО/РО ҳоло дар додгоҳҳо мубориза мебаранд ва то ҳанӯз даъвоҳои онҳо аз “ҳаракатҳои ғайриқонунии қатъи маблағгузорӣ” натиҷаи мусбат додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG