Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба Туркия расид

навшуда

Ҳайатҳои ҳукуматии Русия ва Украина барои нахустин музокироти рӯбарӯ дар паи ҷанги сесола вориди шаҳри Истанбул шуданд, ҳарчанд тими музокиракунандаҳо аз намояндагони сатҳи поёнтари мақомдорони технократ иборат мебошад.

Президенти Русия Владимир Путин ба Туркия нарафт. Матбуоти русӣ навишт, ки мулоқоти ҳайатҳо дар қасри “Далмабоғча” бидуни ширкати матбуот барпо хоҳад шуд.

Президенти Украина Владимир Зеленский бо вуҷуди қарори Путин барои нарафтан ба Туркия, вориди шаҳри Анкара шуд. Зеленский он ҷо бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон мулоқот мекунад, вале дар Истанбул дар музокироти сулҳ ширкат нахоҳад кард.

Зеленский баробари расиданаш ба Анкара гуфт, “мо баъди гуфтугӯ бо президент Эрдуғон қарор мекунем, ки қадами баъдии мо чӣ мешавад”. Ӯ гуфт, барои дастёбӣ ба қарорҳои бисёр муҳим чанд соат вақт лозим мешавад.

Зеленский гуфт, “мо бояд дар бораи сатҳи ҳайати Русия, рисолати он ва тавонмандии он барои қабули қарор бояд маълумоте ба даст оварем. Чунки ҳамаи мо медонем, ки қарорро дар Русия кӣ қабул мекунад”. Ӯ ҳайати Русияро дар ин музокирот “сохтакорона” номид.

Зеленский аз ин пеш талаб кард, ки Путин шахсан барои гуфтугӯ ба Туркия биравад, то ки барои танаффус ё хатми ҷанги азимтарин дар Аврупо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон як дастоварде ҳосил шавад.

Баъди он ки Кремлин шаби 14 май фармони Путинро дар бораи ба музокира фиристодани чор мақомдори музокиракунанда ва чор коршинос имзо кард, итизориҳо аз сафари Доналд Трамп, президенти ИМА ҳам ба Истанбул барбод рафт.

Ҳарчанд рӯзи 15 май Трамп гуфт, дар сурати пешрафт дар музокироти миёни Русия ва Украина, ӯ ҳам омода аст 16 май он ҷо бошад.

Матбуоти амрикоӣ навишт, ки фиристодаи Трамп – Стив Уиткофф ва Кейт Келлог ҳанӯз ба Истанбул нарасидаанд.

Дар миёни музокиракунандаҳо номи муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ба чашм мехӯрад. Ӯ пештар дар музокироте, ки дар ҳафтаи аввали пас аз ҳуҷуми Русия ба Украина баргузор шуда буд, иштирок дошт.

Раёсати ҳайати Русияро Владимир Владимир Мединский, мушовири Путин, бар ӯҳда дорад. Ӯ низ дар охирин даври музокирот, ки се сол пеш баргузор шуда буд, ҳузур дошт.

Владимир Мединский шахси таъсиргузор дар пешбурди иддаоҳои таърихии Русия бар бахшҳои калоне аз Украина гуфта мешавад ва китобҳои дарсӣ бо дидгоҳҳои миллатгароёна дар бораи таърихи Русия навиштааст. Иддаоҳо ва дидгоҳҳое, ки таърихшиносони мустақил онҳоро рад кардаанд.

Дафтари матбуоти Кремл хабар додааст, ки ба ин ҳайат ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Михаил Галузин шомил карда шудааст.

Игор Костюков, раиси Идораи аслии истихбороти низомӣ, ки ниҳоди кашфи низомии хориҷи Русия аст, низ ба унвони яке аз музокиракунандагон муаррифӣ шудааст. Дар эъломияи Кремл, ӯ ба унвони сардори Ситоди генералии Русия муаррифӣ шудааст.

Дар соли 2022 чандин даври музокирот байни ду тараф ибтидо дар Белорус ва сипас дар Туркия баргузор шуд, аммо дар ниҳоят ин гуфтугӯҳо натиҷае надод.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ки пештар Путинро ба мулоқоти ҳузурӣ дар ҷараёни музокироти 15 май дар Истанбул даъват карда буд, чанд рӯз пеш гуфт, ки иштирок накардани Путин нишонаи рӯшане аст аз ин ки ӯ воқеан хоҳони сулҳ нест.

Зеленский рӯзи 14 май гуфт, "мунтазирам бубинам, чӣ касе аз тарафи Русия хоҳад омад. Сипас тасмим мегирам, ки Украина чӣ гомҳое бояд бардорад".

Нимашаби 11-уми май президенти Русия Владимир Путин аз Украина талаб кард, ки дар Истамбул мулоқоти мустақим барпо шавад ва Зеленский ҳам ваъда дод, ки шахсан омада бо Путин мулоқот мекунад.

Доналд Трамп, президенти Амрико баъди ин гуфт, ки метавонад дар ин мулоқот иштирок кунад. Аммо бино ба навиштаи расонаҳо, Марко Рубио, котиби давлатии Амрико, ки мебоист рӯзи панҷшанбе вориди Истанбул мешуд, танҳо рӯзи ҷумъа ба Туркия сафар мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG