Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Леони XIV - раҳбари нави католикҳои ҷаҳон кӣ аст?


Попи нави Рум Леони XIV
Попи нави Рум Леони XIV

Роберт Френсис Превост -  рӯҳонии 69-сола пешвои нави 1 миллиарду 400 миллион пайрави калисои католик дар ҷаҳон шуд.

Кардинал Роберт Превост рӯзи панҷшанбе аз айвони Калисои Пётри муқаддас дар Ватикан ва бо номи нави попи Леони XIV зоҳир шуд. Ӯ аввалин Попи Рум аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост.

Дар аввалин суханрониаш ӯ ба эътиқодмандони ҷамъомада дар назди калисо сулҳу оромиш таманно кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

“Барои ҳамаи шумо, бародарону хоҳарони аҳли Рум дар Итолиё ва тамоми ҷаҳон. Мо мехоҳем, калисои ҳамандеш бошем, калисое, ки дар ҳаракат аст, калисое, ки ҳамроҳ дар ҷустӯҷуи сулҳ аст, калисое, ки ба дунболи муҳаббат аст ва ҳамеша мекӯшад наздик бошем ва бахусус ба касоне, ки ранҷ мекашанд”.

Превост ғайримунтазира попи 267-уми католикҳо интихоб шуд. Ӯ, ки аҳли шаҳри Чикаго аст, бисёре аз умрашро ҳамчун мубаллиғ дар Перу сипарӣ карда ва шаҳрвандии ин кишварро ҳам дорад.

Ӯро фақат соли 2023 кардинал эълон карданд ва як сол баъд Поп Франсис ӯро ба Рум овард ва масъули интихоби кашишҳое гузошт, ки ба ҳайси усқуф фаъолият мекунанд. Интихоби ӯ барои издиҳоми ҷамъомада дар Ватикан бахусус барои амрикоиҳо ҳаяҷонангез буд.

“Умедворам, ӯ ҷаҳонро ба ваҳдат бирасонад, коре, ки мо амрикоиҳо дар солҳои ахир дар он чандон муваффақ набудем“, гуфт як амрикоӣ.

Роберт Френсис Превост попи нави католикҳои ҷаҳон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мисли дигар раҳбарони ҷаҳонӣ Попи Румро табрик гуфт.

“Чӣ ифтихоре болотар аз ин? Андаке шигифтзадаем, аммо бисёр хушҳолем. Ин як ифтихори бузург аст, фавқулодда бузург.

Дуди сафеде, ки аз дудкаши калисо дар рӯзи дуввуми раъйгирии рӯҳониёт бархост, нишон дод, ки 133 кардинал пешвои навро баргузидаанд. Первост номзади пешсаф набуд, аз ин рӯ баъди эълони номаш лаҳзае сукут буд.

Баъди камтар аз як соат Поп Леон дар айвон ҳозир шуд. Ҳангоми суханронӣ ӯ аз кори Поп Франсис изҳори қадрдонӣ ва даъвати ӯ барои иртибот бо ҷаҳони навро такрор кард. Охирин Попи Рум, ки номи Леонро баргузида буд, солҳои 1878-1903 хидмат кардааст ва ӯро барои тамаркузаш ба адолати иҷтимоӣ дар он замон бештар мешиносанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG