Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик ба Тайланд рафтанд


Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё ба шаҳри Бангкоки Тайланд сафар карданд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 25-28-уми апрел дар Бангкоки Тайланд баргузор мешавад, иштироки 295 варзишгар (168 мард ва 127 зан) аз 30 кишвари қора дар назар аст.

Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) дохиланд:

Мардон

-60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ

-66 кг – Обид Ҷебов

-73 кг – Абубакр Шеров

-81 кг – Сомон Маҳмадбеков

-90 кг – Умедҷон Раҷабов

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

-100 кг – Кароматулло Ҳакимов

+100 кг – Темур Раҳимов

Занон

-48 кг — Аҳлия Муъминова

-52 кг – Мадина Қурбонзода

-57 кг – Александра Кан

+78 кг – Виктория Киселёва

Барномаи мусобиқот:

25-уми апрел (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

26-уми апрел (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

27-уми апрел (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

28-уми апрел (душанбе). Қувваозмоиҳои омехтаи дастаӣ.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, имсол мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қаҳрамонии Осиё байни дастаҳо иштирок хоҳад кард.

Бар асоси натиҷаҳои қаҳрамонии Осиё ва мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” ҳайати асосии мунтахаби ҷудои кишвар барои иштирок дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Маҷористон (13-20-уми июн) муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли гузашта дар Ҳонконг баргузор шуд, се медал ба даст оварда буданд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG