Соҳибкори ҷавон, ки бизнеси хусусӣ дошт ва ҳамеша сари вақт ба кор ҳозир мешуд, он субҳ дертар озими кор шуд ва аз ин таъхири бетавҷеҳ озурда буд.
Мусофири дигари метрои фалокатбор, Виктор Гинкут, афсари нируҳои баҳрии Русия мустақар дар Украина, барои тамрин ба Маскав омада буд.
Ирина Макарова як зани миёнсол, ки дар як ширкат ба сифати қосид кор мекард, ба ҷои кораш шитоб дошт. Ин се тан якдигарро намешинохтанд. Аммо сарнавишти ҳамранг субҳи 29-уми март онҳоро дар вагони метро ба ҳам оварда буд, ки маргталабе онро дар истгоҳи “Парк Култури” мунфаҷир кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Москва скорбит: прощание на "Лубянке"
Ҳар се дар як он ҷон доданд. Ин дуввумин таркише буд, ки он субҳ дар метрои Маскав 39 танро кушта бар ҷой гузошт. Синну сол ва касбу кори кушташудаҳо мухталиф аст. Аз 16 то 65 сола. Ходими ширкат, донишҷӯ, муҳоҷири корӣ ҷузъи 6 миллион нафаре, ки ҳамарӯза аз метрои Маскав истифода мекунанд.
Ирина Кулдошина, қурбонии дигари таркишҳои метрои Маскав
Хешовандонаш аз ҷасорати Всеволод ифтихор доштанд, вале ҳамзамон нигарон буданд. Зеро ӯ ҳақталабӣ мекард, бо пулис вориди баҳс мешуд ва сари худро дар бало мемонд. Ин сафар низ агар қазияи мусодираи шаҳодатномаашро ба додгоҳ намекашид ва ба пулиси фасодкор ришва медод, шояд ҳоло зинда мебуд.
Он субҳ ӯ дар ҳайрат буд, ки чаро қатор ин қадар суст ҳаракат мекунад. Ӯ намедонист, ки қатори дигар дар Лубянка таркида, роҳро барои ҳаракати қаторҳои дигар баста буд. Бародараш Евгений мегуяд: " Ӯ ба дӯстдухтараш соати 8:30 телефон кард ва гуфт, аз интернет хабар пайдо кунад, ки чаро қатор суст ҳаракат дорад. Дӯстдухтараш гашта занг зад, ки намедонад сабаби ҳаракати сусти қатор дар чист."
Елена Смирнова, ҳамсари писари Ирина аз модарарӯси худ таъриф мекунад ва мегӯяд: "Ӯ модаре буд ба фарзандонаш маҳбуб, момае буд ба набераҳояш дилсӯз ва модарарӯсе буд беназир."
Виктор Гинкут
Мусофири дигар, ки таркиши метро риштаи ҳаёташро гусаст, афсари нерӯҳои баҳрии Русия Виктор Гинкут буд, ки дар сафари хизматӣ буд ва мебост баъди се рӯз ба маҳалли зисташ, ба Севастопол бармегашт. Виктор Гинкуд дар 43 солагӣ ба мақоми баланд расида, ҳамагӣ чанд моҳ пеш ба вазифаи муовини сардори амалиёти ақибгоҳӣ таъин шуд.
Сухангӯи Флоти Русия дар баҳри Сиёҳ Андрей Крилов аз Гинкут ҳамчун ҳамкори меҳрубону кушодачеҳра ва арзандаи эҳтиром ситоиш кард. Он рӯз Гинкут дар роҳ ба сӯи хизмат буд, ки қатор мунфаҷир шуд.
Андрей Крилов мегуяд: "Он субҳ Виктор Гинкут ба раҳбари худ телефон кард ва гуфт, мехоҳад бо ӯ мавзӯъи кориро матраҳ кунад. Онҳо бояд бо ҳам мулоқот мекарданд. Аммо ӯ нопадид шуд. Танҳо бегоҳ мо хабардор шудем ва ҳамкоронаш барои шиносоии ҷасад даъват шуданд."
Ба мисли Виктор Гинкут баъзе мусофирони ин қатори марговар аз роҳи дур омада буданд. Умед Абдураҳмонов шаҳрванди Тоҷикистон ду сол пеш дар ҷустуҷӯи кор ба Маскав омад. Ӯ як ҳафта пеш аз марг 24 сола шуда буд.
Умед ҳамроҳи бародараш дар Маскав кор мекард, то ба падар ва чаҳор бародараш кӯмак кунад. Ӯ нав дар Маскав кор пайдо карда буд ва рӯзе, ки кушта шуд, сеюмин рӯзи кориаш буд.
Чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса Умед бо аммааш сӯҳбат карда ва гуфтааст, хайрият қарзеро, ки ба хотири роҳкирояш карда буд, баргардондааст.
Ҳаёти мардуми шаҳри бузурге мисли Маскавро намешавад бе метро тасаввур кард. Аммо аксарият акнун ҳангоми ворид шудан ба он Худо мегӯянд, ки аз он зиндаву саломат бадар раванд.