Масъулони НАТО ҳоло ба пешрафтҳое дар барқарорсозии робита бо Покистон ишора мекунанд, ки ба назари онҳо бисёр умедворкунанда аст.
Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, агар ин мушкил миёни Покистон ва НАТО бартараф нагардад, таъсири манфӣ бар зиндагии мардуми афғон хоҳад дошт.
Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари афғон
Аҳмад Саидӣ, коршиноси афғон мегӯяд: «Замоне, ки НАТО амволи худро аз бозорҳои Афғонистон харидорӣ мекунад, қиматҳо дар бозор боло рафта ва зарба ба иқтисоди кишвар мезанад. Дар маҷмӯъ ин ҳама фишор болои мардум бечора хоҳад буд.»
Дар ин ҳол НАТО низ инро мепазирад, ки тирагии равобит миёни Покистон ва НАТО ба фаъолиятҳои иқтисодии ду тараф таъсири манфӣ расонида ва амволи тоҷирони афғон низ мутаваққиф шудааст.
Аммо Ҷакобсон, сухангӯи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон мегӯяд, талошҳои барои бартараф намудани ин мушкилро оғоз намуда ва изҳори умедворӣ мекунад, ки он ба зудӣ бартараф хоҳад шуд.
Амрико ва НАТО ба манзури таъмини нерӯҳояшон бо маводи сӯхт ва хӯрокворӣ дар Афғонистон, бар иловаи роҳҳои дигар, аз бандари Карочии Покистон низ истифода мекунад. Аммо онҳо мегӯянд, бештари маводи икмолотии худро аз тариқи ҳаво ва кишварҳои Осиёи Миёна ба Афғонистон мерасонанд.