Вазирони корҳои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо қарор дар бораи манъи харидории нафти хом аз Эронро тасвиб карданд.
Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо қабули қарор воридоти нафти хом аз Эронро мамнӯъ карданд, то аз ин роҳ Теҳронро ба даст кашидан аз барномаҳои баҳсбарангези атомиаш водор намоянд.
Эрон дуввумин кишвари бузурги содиркунандаи нафт дар созмони ОПЕК аст. Ба ҳамин далел, вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо мехоҳанд, нафтеро, ки ин кишварҳо аз Эрон мегиранд, то он вақт аз ҳисоби воридоти нафти Арабистони Саудӣ ҷуброн кунанд. Иттиҳодияи Аврупо 20 дарсади нафти хоми худро аз Эрон ворид мекунад.
Юнону Испониё ва Итолиё аз харидорони аслии нафти Эрон ба шумор мераванд. Соли 2010 кишварҳои аврупоӣ ҳар рӯз аз Эрон 450 ҳазор бушка нафт мегирифтанд. Вале дар даҳ моҳи соли 2011 ин нишондод рӯзе ба 600 ҳазор бушка расид.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мушовири иқтисодии ИА дар бораи таҳрими нафти Эрон
Дар 9 моҳи соли 2011 нафти Эрон 34,2 дарсади воридоти нафти Юнон, 14,9 дарсади воридоти Испониё ва 12,4 дарсади нафти воридотии Итолиёро ташкил додааст.
Иттиҳодияи Аврупо аз соли 2005 ба ин сӯ бо Эрон дар бораи тиҷорат қарордоди озод дошт ва 90 дарсади ин тиҷоратро нафти хом ва ё фаровардаҳои нафтӣ ташкил мекард. Ин иттиҳодия дар соли 2010 аз Эрон ба арзиши 14,5 миллиард евро мол ворид ва ба қимати 11,3 миллиард евро ба Эрон молу коло содир кардааст.