Меъмори лавҳа Александр Рукавишников, набераи Брежнев аст. Ин лавҳаро баъди суқути Шӯравӣ аз бинои рақами 26 дар хиёбони Кутузов канданд. Леонид Брежнев дар ин хона аз соли 1953 то дами маргаш дар моҳи ноябри соли 1982 дар синни 76 зиндагӣ кардааст.
Азбаски дар замони ҳукумати 18-солаи Брежнев саркӯби дигарандешон авҷ гирифта буд ва иқтисоди шӯравӣ ҳам ба рукуд дучор шуд, бисёре аз мунтақидон мегӯянд, ки ин раҳбар шоистаи ҳеҷ гуна лавҳаи ёдгорӣ нест. “Мемориал”, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ дар Русия ва созмонҳои дигар аз ҷумлаи ҳамин мухолифон ҳастанд.
Людмила Алексеева, ҳомии собиқадори ҳуқуқи инсон ва раҳбари Гурӯҳи Ҳелсинки дар Маскав дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳукуматдорони мо ҳасрати замони шӯравиро мехӯранд ва аз ин рӯ дархости он шаҳрвандонеро ҳам мепазиранд, ки низ дар ҳасрати ҳамон солҳоянд. Ба андешаи ман, зиндагӣ бо ҳасрати замони гузашта чӣ барои раҳбарону чӣ шаҳрвандон кори хубе нест. Ман ҳарчанд дар он замон ҷавониамро сипарӣ кардаам, аммо ҳасрати онро даврро намехӯрам. Ман хушҳолам, ки мо аз системаи нокоми шӯравӣ халос шудем.“
Леонид Брежнев, раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1964-1982
Бо вуҷуди онки Леонид Брежнев қаҳрамони латифаҳои зиёде дар тамоми қаламрави шӯравии собиқ низ боқӣ мемонад ва масхара мешавад, аммо бисёре аз мардуми Русия ӯро барои ҳифзи суботу амният ва ба нармӣ гароидани муносиботи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико дар солҳои 70-ум ситоиш мекунанд. Маҳз дар ҳамон замон, барои мисол, бори аввал нӯшобаи "Пепсӣ" ба шӯравии собиқ роҳ ёфт.
Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аҳди Брежневро “бурди бузург” хондааст. Моҳи гузашта дар як назарсанҷии созмони Левада, 56 дар сади мардуми Русия гуфтаанд, ки Леонид Брежнев пас аз Владимир Ленин ва Иосиф Сталин бузургтарин пешвои Русия дар асри 20 буд.