Гурӯҳи собиқадори мусиқии R.E.M. дар остонаи таҷлил аз Рӯзи озодии матбуот таронаи маъруфашро дар васфи Радиои Озодӣ бо шеваи нав тақдим намуд. Оҳанги “Play It Again”, ки ба тоҷикӣ “Дубора пахшаш кун” тарҷума мешавад, соли 1981 бори аввал гурӯҳи роки R.E.M.-ро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд. Оҳанг инчунин дар бораи нақши ин расонаи байналмилалӣ дар бунёди демократия дар кишварҳое, ки озодии матбуотро саркӯб мекунанд, ёдовар гардид.
Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, ки ҳамасола 3 май ҷашн гирифта мешавад ва ҳам ба муносибати 75-солагии расона, гурӯҳи мусиқӣ шеваи тақдими нави ин оҳангро ба бозор арза кард. Тарона дар ҳоле нашр шуд, ки бори аввал дар таърихи мавҷудияташ Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо талошҳои маъмурияти Амрико барои қатъи маблағгузории ин расона дар додгоҳ мубориза мебарад. Бисёриҳо ин амалро чун талоши пахш кардани садои матбуоти озод интиқод мекунанд.
Майкл Стайп, овозхон ва муассиси гурӯҳи мусиқӣ гуфт, “сензураи мусиқӣ ё матбуоти озод ҳамеша таҳдид ба ҳақиқат аст. Дар Рӯзи озодии матбуот ман ба хабарнигорони ҷасури Радиои Аврупои Озод аҳсант мехонам”.
Диски оҳанги R.E.M. дар бораи Радиои Озодӣ
РАО/РО ҳамроҳ бо дигар расонаҳое, ки аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешаванд, мисли «Садои Амрико», Радиои Осиёи Озод, Радио Марти ва Шабакаи суханпароканӣ барои Ховари Миёна баъди қатъи маблағгузорӣ аз ҷониби маъмурияти президент Доналд Трамп дар вазъияти сахте қарор доранд. Трамп назорати ҳайати таҳририяи ин расонаҳо ва ҳам самтгириҳои барномаҳои онҳоро дар давраи авввали раҳбариаш зери суол бурдааст. Вале ҷонибдорони ин расонаҳо мегӯянд, онҳо дасти муҳими дигари дипломатияи ИМА мебошанд ва баста шудани онҳо ҳукуматҳои худкомаи диктотуриро шод мекунад.
Стивен Капус, президенти РАО/РО гуфт, “оҳангҳои R.E.M.-ро ҳамеша чун иди озодӣ қабул мекунам: иди озодии баён, матнҳое, ки ба андеша водор мекунанд ва оҳангҳое, ки барои амал ташвиқ мекунанд”.
“Дар давоми 75 сол Радиои Озодӣ диктаторҳоро асабонӣ кардааст. Вақте шумо душмани худро дуруст мешиносед, бидонед, ки кори дурусте анҷом медиҳед”, гуфт Майк Миллс, ҳаммуассиси ин гурӯҳ. Феълан чаҳор корманд ва ҳамкори Радиои Озодӣ – Иҳар Лосик, Ника Новак, Владислав Есипенко ва Фарид Меҳрализода дар зиндон мебошанд.
R.E.M. гуфт, оҳанги бахшида ба Радиои Озодиро ба таври алоҳида нашр карда пули аз фурӯши он бадастомадаро ба фоидаи РАО/РО медиҳад.