Трамп бо сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дидор мекунад

Раисҷумҳури Амрико дар дувумин рӯзи сафараш ба Арабистони Саудӣ, қарор аст бо сарони кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс дидор кунад.

Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, нишасти муштараки Амрико ва Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, рӯзи 14 май дар Риёз, баргузор мешавад.

Ин хабаргузорӣ бо ишора ба пешинаи ҳамкориҳо байни Амрико ва шаш кишвари узви ин эътилофи минтақаӣ, навиштааст, ки ин нишаст "фасли наве аз ҳамкориҳои созандаро рақам хоҳад зад".

Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Умон ва Кувайт, шомили Шӯрои ҳамкориии Халиҷи Форс мебошанд.

Доналд Трамп дар аввалин рӯзи сафари минтақаии худ, рӯзи сешанбе вориди Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ шуд.

Имзои тавофуқи 142-миллиарддолларӣ бо Арабистони Саудӣ, суханони ӯ дар бораи Эрон ва ҳамчунин ваъдаи ногаҳонии ӯ дар бораи бекор кардани таҳримҳои Сурия, муҳимтарин нуқтаҳои барҷастаи ин рӯз буд.

ШОДМОНӢ ДАР СУРИЯ

Хабаргузории давлатии Сурия бо нашри аксҳо ва наворҳои видеоӣ гузориш дод, ки дар пайи эълони тасмими Трамп барои бекор кардани таҳримҳо, шаби гузашта мардум дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар ба кӯчаҳо баромаданд ва шодмонӣ карданд.

Трамп шомгоҳи сешанбе дар ҷараёни суханронии худ дар Форуми сармоягузорӣ дар Риёз гуфт, ки ба дархости Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, барои бекор кардани таҳримҳои Сурия иқдом хоҳад кард.

Асъад Аш-Шайбонӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Сурия, аз тасмими Трамп истиқбол кард.

Ба гуфтаи як мақомдори Кохи Сафед, Доналд Трамп мувофиқат кардааст, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Риёз бо Аҳмад Аш-Шаръ, президенти кунунии Сурия, дидор кутоҳ дошта бошад.

Шӯришиёни "Ҳайати Таҳрири Шом" бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ дар моҳи декабри соли гузашта бо ворид шудан ба Димишқ, ҳукумати беш аз 50-солаи хонадони Асадро сарнагун карданд.

ҚАРОРДОДИ 142-МИЛЛИАРДДОЛЛАРӢ БО САУДӢ

Доналд Трамп ва Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, созишномае дар арсаҳои энержӣ, дифоӣ, маъдан ва бахшҳои дигар имзо карданд.

Кохи Сафед бо эълони ин, ки Амрико бо фурӯши бастаи силоҳҳо ба арзиши ҳудуди 142 миллиард доллар ба Арабистони Саудӣ мувофиқат кард, онро "бузургтарин созишномаи ҳамкории дифоӣ"-и Вашингтон то кунун хонд.

Дар варақаи иттилоотии Кохи Сафед танҳо гуфта шудааст, ки ин созишнома шомили муомилаҳо бо беш аз дувоздаҳ ширкати дифоии Амрико дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла, дифоӣ-ҳавоӣ, нерӯи ҳавоӣ, амнияти баҳрӣ ва иртиботот аст.

Бо ин вуҷуд, маълум нест, ки ин қарордод шомили фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 ба Арабистони Саудӣ ҳам мешавад ё не.

Муҳаммад бин Салмон дар дидор бо Трамп гуфт, ки маҷмӯи сармоягузории Арабистони Саудӣ дар Амрико метавонад бо тавофуқҳои бештар, ба як триллион доллар бирасад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Трамп бо Шоҳзода Салмон қарордоди азиме имзо кард


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Трамп бо Аш-Шаръ дидору гуфтугӯ кардЗеленский гуфт, омодаи гуфтугӯи мустақим бо Путин аст