Давраи фаъолияти ҳайати таҳқиқи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ бо номи GIM барои муайян кардани сабабгорони ҳамлаҳои кимиёвӣ дар Сурия, нимашаби панҷшанбе ба поён расид ва бо пешнависи пешниҳодии Амрико, кори ин ҳайат бояд тамдид мешуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Русия пешниҳоди Амрикоро рад кард
Ин қатъномаро бояд нуҳ кишвари узви Шӯрои Амният тарафдорӣ намоянд ва ҳеҷ яке аз аъзои доимӣ -- Амрико, Русия, Чин, Бритониё ва Фаронса ба он мухолифат накунад. Илова ба Русия, Боливия низ ба ин қатъномаи раъйи мухолиф додааст. Чин ва Миср низ аз раъй додан ба ин қатънома имтинон варзиданд.
Ветои ин қатънома дар Шӯрои Амният сабаби ҷанги лафзӣ миёни сафирони Русия ва Амрико дар СММ шуд. Дар пайи ҳамлаи кимиёвӣ дар чаҳоруми апрели соли ҷорӣ ба Хон Шайхун, ки бар асари он беш аз 80 нафар ҷон бохтанд, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дастури ҳамлаи мушакӣ ба як пойгоҳи ҳавоии Сурияро содир кард.
Никки Ҳейли, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид пас аз ветои қатънома ҳушдор дод, "агар зарурат шавад, мо дубора даст ба иқдом хоҳем зад". Сафири Амрико дар СММ гуфтааст, "Русия Механизми муштараки таҳқиқро аз байн бурд. Бо аз байн бурдани ниҳоде, ки сабабгорони ҳамлаҳои кимиёиро муайян мекард, Русия тавони мо барои пешгирӣ аз такрори ҳамлаҳои кимиёвӣ дар ояндаро заъиф кард". Вай дар идома гуфт, "дар ҳақиқат Русия истифодаи ҳукумати Сурия аз силоҳи кимиёвиро мепазирад."