Мустафо Ҷамилев - раҳбари тоторҳои Қрим низ гуфт, ки созмони онҳо наметавонад амнияти мардумро замонат диҳад. Вай гуфт, бадарға ё ихроҷи тоторҳо санаи муҳиме барои онҳост ва онро дар саросари ҷаҳон дар ҳар ҷое, ки тоторҳои Қрим ба сар мебаранд, баргузор мекунанд. Ба гуфтаи вай, 98-99 дарсади тоторҳо ишғоли Қримро қабул надоранд ва орзуяшон ин аст, ки мақмоти Русия хоки онҳоро тарк кунанд. Вале Русия ба таври иҷборӣ мехоҳад ба онҳо шаҳрвандии худро диҳад. Тоторҳо намехоҳанд шиносномаи Русияро бигиранд ва он бад-он маъност, ки онҳо русҳоро чун ишғолгар дар хоки худ қабул надоранд ва онҳоро чун хориҷӣ мешиносанд.
11 маи соли 1944 Кумитаи мудофиаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ихроҷи тоторҳо аз Қрим тасмими худро содир кард ва 18 май бештар аз 30 ҳазор сарбози НКВД ё Кумиссариати мардумии корҳои дохилӣ вориди хонаҳои тоторҳо шуданд ва ба онҳо аз чанд дақиқа то ним соат вақт доданд. Дар зарфи се рӯзи оянда, яъне то шоми 20 май 183 ҳазор тотор аз Қрим бароварда ба вагонҳо шинонда шуданд ва асосан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба Сибир бадарға карда шуданд.
Ба таври расмӣ сабаби бадарға ҳамкории тоторҳо бо олмониҳо ва руминҳои ишғолгар дар солҳои ҷанг эълон шуд, бо вуҷуди он ки худи тоторҳои Қрим низ зери зарбаи ишғолгарон қарор гирифта буданд ва ҳазорон нафар аз онҳо дар сафҳои Артиши Шӯравӣ алайҳи Олмони фашистӣ меҷангиданд.
Бино ба арзёбиҳои худи тоторҳо, бештар аз 40 дарсади бадарғашудаҳо аз гуруснагиву беморӣ дар роҳ ҷон додаанд. Дар муқоиса бо мардумони дигар, ки аз маҳаллоти зисти доимии худ ихроҷ шуда буданд ва дар солҳои 1950-ум ба сарзаминҳои худ бозгаштанд, тоторҳои Қрим ҳақ надоштанд дигар ба ватани бобоии худ баргарданд ва ин раванд то соли 1989 давом кард.
Владимир Путин бо намояндагони тоторҳои Қрим
Тоторҳои Қрим дар раъйпурсии моҳи март аз пайвастани ин нимҷазира ба Русия ҳимоят накарданд ва ҳоло дар рӯбарӯи чолиши наве қарор гирифтаанд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар арафаи солгарди 70-уми бадарғаи тоторҳои Қрим бо чанде аз намояндагони онҳо мулоқот дошт ва онҳоро ташвиқ ҳам кард, ки ба ояндаи миллати худ дар ҳайати Русия ҳисоб кунанд, на рӯи кадом кишвари дигаре.
Аммо аз Қрим ронда шудани раҳбари тоторҳо Мустафо Ҷамилев баъди тасарруфи ин вилоят аз сӯи Русия ва инак манъ шудани маъракаҳои марбуто ба солгарди 70-уми бадарғаи ин мардуми бумии Қрим бисёре аз ин мардуми чандин бор дар таърихаш задашударо ба самимияти ваъдаи “кӯҳҳои тилоӣ”-и Путин ва давлати ӯ машкук кардааст.