Додгоҳи зинаи касатсионӣ дар ИМА иборат аз 11 додрас, дастур додааст, ки Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико (USAGM) буҷаи моҳи апрели Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар ихтиёри ин расона бигузорад. Сухан дар бораи 12 миллион доллар меравад, ки қаблан аз сӯи Конгресс барои РАО/РО ҷудо шуда буд. Ҳукми додгоҳи зинаи касатсионӣ нимашаби 7-уми май содир шуд.
Рӯзи 29-уми апрел як додгоҳи федералӣ ба Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико (USAGM) дастур дода буд, ки буҷаи моҳи апрели Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ пардозад. Додрас Ройс Ламберт пардохт нашудани буҷаи ин расонаро, ки Конгресс онро тасвиб кардааст, "худсарона" хонд. Вале иҷроиши ин қарор, чанд соат қабл аз ҷаласаи ҳамаи додрасҳои марҳилаи касатсионӣ, аз сӯи се додрас боздошта шуд.
Акнун Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико бояд қарори додгоҳро аз 29-уми апрел иҷро карда, 12 миллион доллар буҷаи моҳи апрели Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро пардозад. Дар айни замон Оҷонсӣ ҳақ дорад аз болои зинаи касатсионӣ ба Додгоҳи олии ИМА шикоят кунад.
Рӯзи 14-уми март USAGM ҳудуди 75 миллион доллар буҷаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро барои моҳҳои март-сентябри соли 2025 боздошт. Ин кор пас як дастури президент Доналд Трамп анҷом шуд, ки фармон дода буд харҷи кори ҳафт идора, азҷумла USAGM мувофиқи қонунҳо коҳиш дода шавад.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин корро "ғайриқонунӣ" хонд ва алайҳи USAGM иқдоми қонунӣ кард.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расонаи мустақил ва зери чатри USAGM аст, ки аз ҳисоби ёрии бебозгашти Конгресс кор мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқи расонаҳо талошҳоро барои аз байн бурдани USAGM “золимона” хонда гуфтаанд, ки ин кор тӯҳфае барои режимҳои саркӯбгар дар саросари ҷаҳон аст.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар аввали моҳи апрел ҳушдор дод, ки ин иқдом бисёре аз рӯзноманигоронеро, ки барои расонаҳое монанди РАО/РО кор мекунанд, дар маърази хатар қарор медиҳад.