Маскав: "Янукович аз Русия хоста буд ба Украина нерӯ фиристад"
Маскав мегӯяд, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина дар номае расмӣ аз Русия хоста буд ба Украина нерӯ бифиристад.
Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе дар нишасти изтиророии Шӯрои Амният гуфт, ки раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина дар номааш ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, ки ирсоли нерӯ барои барқарории субот дар Украина зарурӣ аст.
Дар ҳамин ҳол Саманта Повер, намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки лашкаркашии Русия ба Украина вокуниш ба як таҳдиди "хаёлӣ" аст. Ӯ роҳи ҳалро музокираи ҳар чӣ зудтари русҳо бо давлати Украина ва хуруҷи нерӯҳои русӣ аз хоки он кишвар эълом кард.
Юрий Сергеев, намояндаи доимии Украина дар Созмони Милали Муттаҳид низ гуфт, ки нерӯҳои Русия ҳамчунон дар ҳоли ҳаракат ба сӯи Қрим ҳастанд. Ӯ афзуд ки аз ҳафтаи гузашта то кунун 16 ҳазор тан аз нерӯҳои русӣ ба Қрим фиристода шудаанд
Баррасии вазъи Украина дар Шӯрои амнияти СММ
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) вазъиятеро, ки дар Украина пас аз вуруди нерӯҳои Русия ба ин кишвар ба миён омадааст, баррасӣ кард.
Баҳси вазъияти Украина дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо пешниҳоди Русия иттифоқ афтода, сафири Русия дар ин ниҳод Виталий Чуркин гуфт, талош дорад, мавзеъгирии кишварашро дар бӯҳрони Украина ба ҷаҳониён шарҳ диҳад.
Ин дар ҳолест, ки фармондеҳии Флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия иддаои вазорати дифои Украина дар бораи ултиматум ба нирӯҳои низомии Украина дар Қрим "комилан бепоя" номид. Хабаргузории Интерфакс аз сухангӯи флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия нақли қавл мекунад, ки гуфтааст: хабари то субҳи сешанбе ултиматум гузоштани фармондеҳи ин флот ба нирӯҳои украинӣ дар Қрим "комилан бепоя" аст.
Хабари чунин зарубалаҷал (ултиматум) шоми 3 март аз сӯи мақомоти вазорати дифои Украина нашр шуд. Бино бар ин манбаъ, фармондеҳи флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия Александр Витко ба нирӯҳои низомии Украина дар нимҷазираи Қрим то соати 05-00-и вақти маҳаллӣ (08-00 ба вақти Душанбе) фурсат додааст, ки таслим шаванд, вагарна пойгоҳҳои онҳо дар саросари Қрим мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт.
Ҳарбиёни Русия дар Қрими Украина
Вазъи нирӯҳои Украина дар Қрим норӯшан боқӣ мемонад. Чанд пойгоҳи артиш ва нирӯҳои марзбонии Украина дар ин нимҷазира дар иҳотаи силоҳбадастони зоҳиран рус, вале бидуни аломати мансубияташон ба кадом қисми низомӣ ё артиш қарор дошта, фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Украина Денис Березовский рӯҳим 2 март ба тарафи ҳукумати худхондаи Қрим гузашт.
Аммо рӯзи 3 март афсарони нирӯҳои баҳрии Украина ҳамроҳӣ ба фармондеҳи собиқи худ ва гузаштан ба тарафи ҳукумати худхондаи Қримро рад карданд. Онҳо дар нишасти хабарӣ дар ситоди ин нирӯҳо дар Севастопол фармони барканорӣ ва ба хиёнат айбдор шудани фармондеҳи собиқи нирӯҳои баҳрии Украина Денис Березовскийро бо кафкӯбӣ ва хондани таронаи миллии Украина истиқбол карданд. Матни фармонро ба онҳо фармондеҳи нави флоти Украина Серҳий Ҳайдук қироат кард.
Денис Березовский рӯзи 2 март, ҳамагӣ як рӯз баъди интисобаш ба ин мақом, табдили сангар кард. Ӯро баъди ин ба хиёнат ба Ватан айбдор ва аз мақом барканор карданд. Афсарони украинӣ ба дунбол тақозои Березовский барои гузаштан ба тарафи ҷудоиталабони Қримро рад карданд. Дар ниҳоят, Березовский танҳо ҳамроҳ бо муҳофизонаш тарки ин бино кард. Ҳанӯз маълум нест, ки ӯ чигуна тавонистааст вориди қароргоҳи флоти Украина шавад.
Тасарруфи қабати аввали ҳукумати Донетск
Эътирозгарони тарафдори Русия рӯзи 3 март қабати аввали бинои ҳукумати вилояти Донетск дар шарқи Украинаро тасарруф кардаанд. Бино ба хабарҳо, тазоҳургарон рӯзи душанбе қабати аввали бинои ҳукумати вилояти Донетск дар шарқи Украинаро тасарруф кардаанд. Ин дар ҳолест ки 3 рӯз боз бар фарози ин бино парчами Русияро афрохтаанд.
Қаблан ҳазорон тазоҳургари тарафдори Русия дар беруни бино гирди ҳам омада, талаб доштанд, ки волии аз тарафи мақомоти нави Украина таъиншударо барканор ва ба ҷои ӯ волии тарафдори Русияро таъин кунанд.
Аъзои Ҷӣ-7, ки узви гурӯҳи ҳашт кишвари қудратманди иқтисодии ҷаҳон ҳастанд, иборатанд аз Амрико, Конодо, Бритониё, Фаронса, Олмон Италия ва Ҷопон. Давлати Русия яке аз аъзои гурӯҳи Ҷӣ-8 аст.
Шоми якшанбе Кохи Сафед ба намояндагӣ аз гурӯҳи Ҷӣ-7 дар баёнияи муштараке бо Шӯрои Аврупо ва комиссияи аврупоӣ ин тасмимро эълон кард.
Дар ин баёния ҳамчунин ҳузури нерӯҳои Русия дар Қрим нақзи усул ва арзиҳое зикр шуда, ки Ҷӣ-8 ва Ҷӣ-7 бар асоси он амал мекунанд.
ТАҲАВВУЛОТИ РӮЗИ 2 МАРТ:
Фармондеҳи флоти Украина ба тарафи ҷудоиихоҳони Қрим гузашт
Денис Березовский
Фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Украина Денис Березовский рӯзи 2 март, ҳамагӣ як рӯз баъди интисобаш ба ин мақом ба тарафи ҷудоихоҳони Қрим гузаштааст.
Фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Украина Денис Березовский рӯзи 2 март, ҳамагӣ як рӯз баъди интисобаш ба ин мақом, дар ҳузури сарвазиир ҷудоиталаби Қрим савганд ёд кард, ки аз мардуми Қрим ва ин ҷумҳурии мухтор дифоъ хоҳад кард. Ин амалан ба маънои ба тарафи ҷониби маскавгаро гузаштани ин фармондеҳи украинист, ки рӯзи 1 март аз ҷониби мақомоти ҷадиди Украина ба ин мақом таъин шуда буд. Дар Киев ин амали Березовскийро "хиёнат" номиданд, вале мегӯянд, ӯро ҳанӯз қабл аз ин амал аз мақоми фармондеҳии флот барканор кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, амалкарди Русия дар Украинаро маҳкум кард ва онро “таҷовузи боварнокарданӣ” ба хоки Украина хонд. Дар як мусоҳибаи телевизонӣ дар шабакаи CBS-и Амрико ӯ ҳамчунин гуфт, ин кишвар ва шариконаш бо “аксуламалҳои бисёр ҷиддӣ”, аз ҷумла таҳримот метавонанд, Русияро аз ҷиҳати иқтисодӣ дар инзиво қарор бидиҳанд. Ҷон Керрӣ ҳамчунин гуфт, мумкин аст, Амрико нишасти сарони 8 кишвари санъатии ҷаҳон мавсум ба гурӯҳи Ҷи-8-ро таҳрим кунанд, ки қарор аст, дар шаҳри Сочи баргузор шавад. Ӯ ҳамчунин дар бораи манъи додани раводид ба мақомоти Русия, масдуд кардани ҳисоби онҳо ва ҷаримаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ сӯҳбат кард. Ҷон Керрӣ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки бо вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Ҷи-8 сӯҳбат кардааст ва ҳамаи онҳо комилан омодаанд, Русияро дар инзиво қарор бидиҳанд.
Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг рӯзи 2 март қабл аз парвозаш ба Киев ба хабарнигорон гуфт, истиқлол ва якпорчагии Украина аз сӯи Маскав поймол шудааст. Ҳейг ҳамчунин ҳарду тарафи дахил дар буҳрони Украинаро ба худдорӣ аз низоъ даъват кард. Қарор аст, Вилям Ҳейг дар Киев бо мақомоти Украина мулоқот кунад.
Нишасти Шӯрои Атлантики шимолӣ дар ин лаҳзаҳо дар Брюссел вазъи Украинаро баррасӣ мекунад. Дабири кулли НАТО Русияро манбаи таҳдид ба амният ва суботи Аврупо номид. Андерс Фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТОрӯзи 2 март гуфт, Русия бо амалкардҳояш дар Украина ба амният ва субот дар Аврупо таҳдид мекунад. Расмуссен дар Брюссел аз Русия хост, то танишҳоро рафъ кунад. Ӯ қабл аз оғози нишасти изтирории НАТО дар масъалаи Украина сӯҳбат мекард.
Дабири шӯрои амнияти миллии Украина дар шаҳри Киев гуфт, ки ҳамчунин ба вазорати умури хориҷӣ амр додаанд, то аз Амрико ва Бритониё барои таъмини амнияти Украина кӯмак бихоҳанд. Як рӯз пеш аз ин қарори мақомоти нави Украина, Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия ба раиси ҷумҳур Владимир Путин иҷоза дод, барои муҳофизати рустаборон дар Украина ва таъмини амнияти пойгоҳи баҳрии низомӣ дар Қрим сарбозони русро ба онҷо бифристад.
Қабл аз ин қарор, Игор Тенюх, вазири дифоъи Украина гуфт, ки Русия бидуни иҷозаи Киев сар рӯзи ҷумъа 28 феврал ба Ҷумҳурии мухтори Қрим 6 ҳазор сарбоз ва 30 мошини зиреҳпӯши низомӣ фиристодааст.
Андерс Фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО рӯзи шанбе гуфт, “бояд шиддати авзоъ дар Қрим фавран коҳиш дода шавад.” Ӯ ҳамчунин гуфтааст, “Русия бояд ба истиқлол, тамомияти арзиву марзҳои Украина эҳтиром бигузорад.” Нишастҳои НАТО дар миёни талошҳои бошитоби дипломатӣ дар вокуниш ба бӯҳрон дар Украина ва бими дахолати низомии Русия дар Украина сурат мегирад.
Қарор аст, Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё рӯзи якшанбе ба Киев сафар кунад. Ӯ рӯзи шанбе аз давлати Русия хост, бар асоси Ёддошти Будапешт аз соли 1994 ба истиқлолияти Украина эҳтиром бигузорад. Бар асоси ин ёддошт, ки баъди суқути шӯравӣ имзо шуд, Амрикову Бритониё ва Русия бояд истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро муроот кунанд.
Бар асоси Паймони Будапешт аз соли 1994, Амрико, Бритониё ва Русия дар ивази даст кашидани Украина аз силоҳҳои ҳастаӣ ӯҳдадор ҳастанд, ки истиқлол ва якпорчагии ин кишварро аз ҳар навъ дахолат аз хориҷ замонат бидиҳанд. Украина ӯҳдадории худ тибқи ин паймонро, ки таслим кардани силоҳҳои ҳастаӣ буд, иҷро кардаву ҳоло аз тарафҳои гаранти он созишнома мехоҳад, то низ бар тааҳҳуди супурдаашон амал кунанд.
Акс аз бойгонӣ
Авзоъ ва таҳаввулот дар Украина рӯзи шанбе дар гуфтугӯи якунимсоатаи телефонии Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баррасӣ шудааст. Барак Обама гуфтааст, беҳтар аст, Русия бар ҳаргуна нигарониаш аз таҳаввулот дар Украинаро “аз роҳи сулҳомез ва аз тариқи муколамаи мустақим” бо ҳукумати он кишвар ва созмонҳои миёнҷигари байналмилалӣ расидагӣ кунад. Раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор додааст, ки идомаи беэътиноӣ ба қонунҳои байналмилалӣ аз тарафи Русия метавонад, боиси “инзивои бештари сиёсӣ ва иқтисодии” Маскав шавад. Ба иттилои Кремл, Владимир Путин ба Барак Обама гуфтааст, Русия ҳақ дорад, “аз манофеъи худ ва мардуми русзабон дар Украина ҳимоят кунад.”