Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Асланшоҳ Раҳматуллоевро дар "Лучоб" дафн карданд

Асланшоҳ Раҳматуллоев
Асланшоҳ Раҳматуллоев

Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷикро рӯзи 28-уми апрел дар оромгоҳи "Лучоб"-и шаҳри Душанбе дафн карданд.

Ӯ дар 71-солагӣ даргузашт.

Маросими видоъ бо Асланшоҳ Раҳматуллоев бо ҳузури пайвандону ҳунармандон дар назди хонааш дар пойтахт баргузор шуд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев хатмкардаи Донишкадаи синамогарони шаҳри Маскав буда, солҳо дар театри ба номи Лоҳутӣ кор кардааст.

Аз соли 1994 актёр ва коргардони театри мазҳакавии "Ойина" буд.

Ӯ ҳамзамон коргардони чанд филм буд, ки маъруфтарини онҳо "Марги бегуноҳ" ва "Оворагардон" аст. "Марги бегуноҳ" дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 аст.

Номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Эрон

Таркиш дар Бандар Аббоси Эрон
Таркиш дар Бандар Аббоси Эрон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба таркише дар Бандар Аббоси Эрон, ки боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар шуд, ба ҳамтои эрониаш номаи таслият равон кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар номааш ба Масъуд Пизишкиён аз ин ҳодиса ба унвони "инфиҷори шадид" ёд карда навиштааст, "барои марҳумон раҳмату мағфират ва барои маҷруҳон шифои комил хоҳонам."

Таркиши сахт ва дар пайи он сӯхтори калон дар минтақаи вижаи иқтисодии бандари "Шаҳид Раҷоӣ" рӯзи шанбеи 26-уми апрел рух дод. Тибқи охирин хабарҳо шумораи қурбониёни таркиш ба 40 кас расидааст.

Ба гуфтаи Меҳрдод Ҳасанзода, раиси Идораи мубориза бо бӯҳрони вилояти Ҳурмузгон шумори захмиёнро 1241 нафар гуфт.

Русия ҷалби сарбозони Кореяи Шимолиро ба ҷанги Украина тасдиқ кард

Сарбозе, ки бовар меравад аз Кореяи Шимолӣ аст, аз ҷониби нирӯҳои украинӣ боздошт шудааст. Акс аз саҳифаи иҷтимоии президенти Украина
Сарбозе, ки бовар меравад аз Кореяи Шимолӣ аст, аз ҷониби нирӯҳои украинӣ боздошт шудааст. Акс аз саҳифаи иҷтимоии президенти Украина

Мақомоти Русия бори аввал эътироф карданд, ки сарбозони Кореяи Шимолӣ аз тарафи ин кишвар алайҳи Украина ҷангидаанд.

Валерий Герасимов, сардори Ситоди кулли артиши Русия 26-уми апрел дар вақти ҳисобот додан ба Владимир Путин гуфт, сарбозони Кореяи Шимолӣ "китф ба китф" бо сарбозони Русия дар вилояти Курск ҷангиданд.

Хадамотҳои истихборотии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ, моҳи октябри соли гузашта гуфта буданд, аз 10 то 12 ҳазор сарбози Кореяи шимолӣ ба вилояти Курски Русия фиристода шудаанд. Мақомот дар Маскав ё Пхенян ҳеҷ гоҳ ин хабарро рад ё тасдиқ намекарданд.

Сардори ситоди неруҳои Русия 26-уми апрел ба Владимир Путин гуфт, низомиёни украиниро аз вилояти Курск пурра берун кардаанд.

Артиши Украина хатми ҷанг дар вилояти Курскро рад карда гуфтааст, "амалиёти мудофиавии низомиёни украинӣ дар ноҳияҳои муайян идома дорад."

Украина дар моҳи августи соли 2024 ба вилояти Курск ворид шуда, тақрибан 1400 километри мураббаъ аз қаламрави Русияро зери назорат дароварда буд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузашт

Асланшоҳ Раҳматуллоев
Асланшоҳ Раҳматуллоев

Асланшоҳ Раҳматуллоев, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел дар шаҳри Душанбе даргузашт. Раҳматуллоев 71 сол дошт ва ба гуфтаи ҳамкоронаш вақтҳои ахир бемор буд.

Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарманди тоҷик ва аз ҳамкорони Асланшоҳ Раҳматуллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, марҳум то як рӯз пеш сӯзандору мегирифт.

Қарор аст маросими видоъ бо ин ҳунарманди шинохтаи тоҷик 28-уми апрел баргузор шавад. Аммо маълум нест, ки ӯро дар куҷо ба хок месупоранд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев хатмкардаи Донишкадаи синамогарони шаҳри Маскав буда, солҳо дар театри Лоҳутӣ ва филмҳо нақш офаридааст. Аз соли 1994 актёр ва коргардони театри мазҳакавии "Ойина" буд.

Раҳматуллоев коргардони чанд филм буд, ки маъруфтарини онҳо "Марги бегуноҳ" ва “Оворагардон” мебошанд. "Марги бегуноҳ" филме аст, ки дар бораи ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дар солҳои 1992-1997 нақл мекунад.

Зиёд шудани теъдоди фавтидагон дар таркиши Бандар Аббос

Шумораи қурбониёни таркиш дар бандари "Шаҳид Раҷоӣ"-и Эрон ба 25 кас расид. Хабаргузории "Мизон" аз қавли Муҷтабо Қаҳрамонӣ, раиси додгустарии устони Ҳурмузгон навиштааст, ҷасадҳоро барои муайян кардани шахсият ба пизишки қонунӣ супоридаанд.

Мақомоти Эрон гуфтанд, омори фавтидагон дар пайи ин таркиш метавонад ҳар соат зиёд шавад.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон эълон кардааст, ки 357 нафарро дар бемористонҳои Бандар Аббос бистарӣ кардаанд.

Таркиши сахт ва дар пайи он сӯхтори калон дар минтақаи вижаи иқтисодии бандари "Шаҳид Раҷоӣ" рӯзи шанбеи 26-уми апрел рух дод. Сабабҳои рух додани ин ҳодиса таҳқиқ мешаванд.

Радио ва телевизиони давлатии Эрон хабар доданд, ки "садои чандин таркиши дигар аз бандари "Шаҳид Раҷоӣ" ба гӯш мерасад ва дуди ғализ осмони ин бандарро тира кардааст, аммо вазъият зери назорат аст".

Ҳушдори Исроил: музокирот ба натиҷа нарасад, ҷанг дар Ғазза сахттар мешавад

Артиши Исроил эълон кардааст, ки дар сурати ба натиҷа нарасидани музокирот барои бозгардондани гаравгонҳо аз Навори Ғазза, фишори низомӣ ба гуруҳи "Ҳамос"-ро сахтар мекунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Низомиёни исроилӣ гуфтаанд, бо ҷалби сарбозони захиравӣ омодаанд, ки дар минтақаҳои дигари Ғазза амалиёти нав ба роҳ андозанд. "Мо намунаи Рафаҳро дар дигар ноҳияи Ғазза пиёда мекунем,"-омадааст дар хабарномаи артиши Исроил.

Ба иттилои артиши Исроил, аз замони дубора шуруъ шудани ҷанг дар Навори Ғазза беш аз 400 сарбози "Ҳамос" кушта шуда, 1800 иншооти ин гуруҳ нобуд гардидааст.

Дар навбати худ гуруҳи "Ҳамос" аз омодагӣ барои оташбас бо Исроил ба муҳлати панҷ сол хабар додааст. Аммо ин гуруҳ пешниҳоди ба замин гузоштани силоҳро рад кардааст. Дар ин бора Тоҳир ал-Ноно, намояндаи "Ҳамос" дар пасманзари музокирот дар Қоҳира суҳбат кардааст.

"Ҳамос" умед доранд, ки миёнаравҳо пешниҳоди ин гуруҳро дастгирӣ мекунанд. Қатъи ҷанг дар Ғазза, бозсозии ин борика, озодии зиндониёни фаластинӣ дар ивази раҳоии тамоми гаравгонҳои исроилӣ аз ҷумлаи пешниҳодҳои ин гуруҳ будааст.

Дар айни замон талаби асосии Исроил дар бораи ғайринизомӣ кардани Ғазза аз сӯи "Ҳамос" рад шудааст. "Аслиҳаи муқовимат қобили гуфтушунид нест ва то даме, ки ишғол вуҷуд дорад, дар дасти мо хоҳад монд,"-гуфтааст намояндаи гуруҳи "Ҳамос" Тоҳир ал-Ноно.

Артиши Исроил пас аз ду моҳ оташбас, 18-уми март бори дигар ҳамла ба Навори Ғаззаро оғоз кард, то гуруҳи “Ҳамос”-ро аз байн бурда, гаравгонҳоро озод кунад.

Боздошти як гумонбар дар парвандаи қатли генерали рус

Ярослав Москалик
Ярослав Москалик

Хадамоти федероли амнияти Русия (ФСБ) аз боздошти як нафар бо иттиҳоми даст доштан дар қатли генерал Ярослав Москалик хабар додааст. Ин низомии баландпояи Русия рӯзи 25-уми апрел, дар таркиши мошин дар наздикии шаҳри Маскав кушта шуд

Ба иттилои мақомоти бехатарии Русия, боздоштшуда Игнат Кузини 42-сола ва зодаи шаҳри Суми будааст. Дар иттилоияи ФСБ омадааст, ӯ ҳаққи иқомати Украинаро дошт.

Мақомоти тафтишотии Русия гуфтаанд, Кузин дар зери мошине, ки қаблан харида буд, маводи таркандаи худсохт гузошта, баъдан онро дар назди хонаи генерал Москалик гузоштааст.

Дар ҳоле, ки назари мақомоти Украина ба қазия маълум нест, Хадамоти бехатарии Русия иддао кардааст, ки Киев дар ин ҳамла даст дорад.

Игнат Кузинро барои пурсуҷӯ ба Кумитаи тафтишотии Русия бурдаанд.

Генерал Ярослав Москалик дар чор моҳи охир дуввумин мансабдори рус аст, ки дар масофаи наздик ба хонааш кушта мешавад. Москалик дар солҳои 2015 ва 2019 дар музокироти “шакли Нормандӣ” дар бораи Украина нақши калидӣ дошт ва соли 2018 дар музокирот бо президенти вақти Сурия, Башор Асад дар ҳайати Русия шомил буд.

Трамп ва Зеленский "мулоқоти созанда" доштаанд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 26 апрел дар ҳошияи маросими ҷанозаи поп Франсис, дар Рим, пойтахти Италия, мулоқот карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", ёварони Трамп ва Зеленский аз дидори онҳо хабар доданд.

Кохи Сафед ва дафтари раисҷумҳури Украина тасдиқ карданд, ки Доналд Трамп Владимир Зеленский пеш аз маросими ба хоксупории поп, ба таври кутоҳ дар Рим мулоқот карданд.

Ба иттилои Кохи Сафед, "онҳо имруз ба таври хусусӣ мулоқот карда ва гуфтугӯе бисёр созанда доштанд" ва тафсилоти бештар, дертар нашр хоҳад шуд.

Ин нахустин мулоқоти онҳо пас таниши лафзӣ дар Кохи Сафед буд. Президенти Амрико талош дорад, то украиниҳоро ба созиши сулҳ бо Русия водор кунад.

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Чин дар Алмато мулоқот карданд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин дар ҳошияи нишасти шашуми вазирони корҳои хориҷии қолаби "Осиёи Марказӣ-Чин", мулоқот карданд. Ин нишаст рӯзи 25 апрел дар шаҳри Алматои Қазоқистон доир шуд.

Дафтаи матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот Сироҷиддин Муҳридди ва Ван И дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Чин ва рушди робитаҳо миёни ду кишвар дар арсаҳои мухталифро баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш мавқеи Тоҷикистонро оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯб ё қолаби "Осиёи Марказӣ-Чин", баён кардааст.

Дар ҳоли ҳозир Чин яке аз сармоягузорони асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ин кишвар то оғози солҳои 1990-ум қариб ҳеҷ гуна иртиботе бо Тоҷикистон надошт, аммо дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба бузургтарин сармоягузор ва шарики тиҷорӣ бадал шуд. Давоми даҳ соли ахир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Аммо нигарониҳо аз шаффоф набудани қарзу сармояҳои Чин дар Тоҷикистон зиёд аст ва таҳлилгарон тақвияти нуфузи ҳамсоякишвари азим барои Тоҷикистонро хатарнок медонанд.

Муҳоҷирони афғон мегӯянд, ки бо хатари ихроҷ аз Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд

Аксари муҳоҷирони афғон дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд.
Аксари муҳоҷирони афғон дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд.

Шуморе аз муҳоҷирони афғон мегӯянд, ки Тоҷикистон ахиран теъдоде аз афғонҳоро, ки дар Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид барои паноҳандагон, низ сабт буданд, аз ин кишвар берун кардааст.

Онҳо бо нигаронӣ аз ин вазъият, аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳанд, ки бинобар ҳолати феълӣ ва вазъи бади ҳуқуқи башар дар Афғонистон, тасмимҳои худ роҷеъ ба ихроҷи паноҳандагони афғонро бозбинӣ кунанд.

Мақомоти тоҷик то кунун ба таври расмӣ дар робита ба гузоришҳо оид ба ихроҷи ахири паноҳандагони афғон, ибрози назар накардаанд.

Яке аз паноҳандагони афғон, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ нахост аз ӯ ном бурда шавад, ба шарти тағйири садо ба Радиои Озодӣ гуфт, "шуморе аз афғонҳоеро, ки дар UNHCR сабт буданд, ихроҷ карданд. Яке аз дӯстҳои мо буд, ки инҷо ронандаи таксӣ буд. Ӯ бечораро ҳам ихроҷ карданд. То кунун аз ӯ хабаре надорем. Дар Афғонистон ҳам вазъият бисёр бад аст. Агарчӣ инҷо низ бо мушкили зиёде рӯбарӯ ҳастем, вале боз ҳам Тоҷикистон набояд моро ба Афғонистон ихроҷ кунад. Хеле нигарон ҳастем".

Яке дигар аз муҳоҷирони афғон, ки ӯ низ нахост номаш дар гузориш гирифта шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "боздошт мекунанд ва ба он тарафи марз мефиристанд. Ҳамин дирӯз ё як рӯз қабл аз он, афғонҳоро аз шаҳри Ваҳдат гирифтанд ва ба он тарафи марз фиристоданд. Садои касеро намешунаванд. Маълум нест, ки сарнавишти ин муҳоҷирон чӣ мешавад?"

Радиои Озодӣ дар миёнаҳои ҳафтаи ҷорӣ хабар дода буд, ки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон 47 паноҳҷӯйи афғонро аз кишвар берун карда, ба Афғонистон баргардондаанд.

Ба қавли як манбаи Радиои Озодӣ, аксари паноҳҷӯёни ихроҷшуда дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекарданд ва асосан ба таксиронӣ машғул буданд.

Ин паноҳандагон аз гузаргоҳи марзии Панҷи Поён-Бандари Шерхон, ба Афғонистон ихроҷ шуданд.

Ба иттилои расонаҳо, дар миёни ихроҷшудаҳо, ба ҷуз ронандагони таксӣ, касоне, ки барои харид ба бозор рафта буданд, низ боздошт ва ихроҷ шудаанд.

На масъулини сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе ва на консулгарии таҳти контроли Толибон дар Тоҷикистон, ба пурсишҳои Радиои Озодӣ дар мавриди ихроҷҳо посух надоданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин бора расман шарҳе надодаанд.

Абдумусаввир Баҳодурӣ, мудири намояндагии муҳоҷирони афғонистонии "Ориёно" дар Тоҷикистон боздошти муҳоҷирони афғонро рад ваё тасдиқ накард, вале дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақомоти Тоҷикистон бадрафторӣ намекунанд, дар сурати нақзи қонун, муҳоҷирро даъват мекунанд ва масъалаи ихроҷашро баррасӣ мекунанд".

Ҳазорон паноҳҷӯи афғон аз чанд даҳсола ба ин тараф, ба вижа пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин низ даҳҳо муҳоҷири афғонро аз ин кишвар берун карда буд.

Ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаон, танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум 80 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон фиристода шуданд. Ба иттилои ин ниҳод, бисёре аз ин афрод, санад ва корти паноҳандагӣ доштанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора на омор ва на шарҳе намедиҳанд. Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаҳо борҳо аз ихроҷи гурезаҳои афғонистонӣ нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ин корро бас кунанд.

Шойгу: Афғонистон мавзуи меҳварии нишасти Маскав хоҳад буд

Сергей Шойгу (аз чап) бо Мавлавӣ Абдулкабир, яке аз мақомҳои баландпояи ҳукумати Толибон.
Сергей Шойгу (аз чап) бо Мавлавӣ Абдулкабир, яке аз мақомҳои баландпояи ҳукумати Толибон.

Cергей Шойгу, раиси Шӯрои амнияти миллии Русия мегӯяд, ки масъалаи Афғонистон яке аз мавзуъҳои муҳим дар барномаи нишасти байналмилалии Маскав хоҳад буд.

Қарор аст ин нишасти серӯза 27 май дар Маскав оғоз шавад ва намояндагони ҳудуди 150 кишвар дар он иштирок кунанд.

Хабаргузории русии ТАСС ба нақл аз Шойгу гузориш додааст, ки мавзуи Афғонистон дар баробари масъалаҳои дигар, дар сиёсати хориҷии Русия аз авлавият бархӯрдор аст.

Русия робитаҳои наздике бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон дорад. Маскав ҳафтаи гузашта номи Толибонро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ берун кард ва эълон намуд, ки сафири ин гурӯҳро дар Маскав хоҳад пазируфт.

Бо ин ҳол, монанди бисёре аз кишварҳои дигар, Русия низ режими Толибонро ба таври расмӣ ба расмият нашнохтааст.

Даргирӣ миёни марзбонони Ҳинд ва Покистон

Мақомҳои покистонӣ рузи 25 апрел эълон карданд, ки нерӯҳои Ҳинд ва Покистон, дар марзи Кашмир ба сӯи якдигар тирандозӣ карданд.

Ин табодули оташ ҳамзамон бо афзоиши танишҳо миёни ин ду қудрати ҳастаии рақиб пас аз ҳамлаи маргбор дар минтақа, сурат мегирад.

Ба гуфтаи ниҳодҳои истихборотӣ, нерӯҳои ҳиндӣ шабона ба яке аз постгоҳҳои марзии Покистон тирандозӣ карданд.

Яке аз мақомҳо ба хабаргузории Олмон гуфтааст, "нерӯҳои мо бо силоҳи сабук оташро посух доданд. Дар ҳоли ҳозир табодули оташ қатъ шудааст".

Ӯ афзуд, ки то кунун гузорише аз талафоти ду тараф дарёф нашудааст.

Ин даргирӣ дар ҳоле рух дод, ки таниш миёни ин ду кишвар пас аз ҳамлаи рӯзи 22 апрел ба гардишгарон дар бахши ҳиндии Кашмир, боло рафтааст. Дар ин ҳамла 26 нафар кушта шуданд. Ҳинд ҷониби Покистонро ба даст доштан дар ин ҳамла муттаҳам кард. Покистон рад кардааст.

Дар пайи ин ҳамла, Ҳмнд ва Покистон якгона гузаргоҳи фаъоли заминии худро бастанд, мубодилаи тиҷорат қатъ шуд ва дастури ихроҷи шаҳрвандони якдигарро содир карданд.

"Дар ҳолати вазнин ҳастанд." Бархӯрди шадиди се мошин дар Кӯлоб

Ҷойи ҳодиса. Акс аз навори корбарон
Ҷойи ҳодиса. Акс аз навори корбарон

Дар як тасодуфи роҳ дар шаҳри Кӯлоб се мошин бо ҳам бархӯрда, ду кас осеби сахт дидаанд.

Ҳодиса баъд аз зуҳри 24-уми апрел дар маҳаллаи Саидалӣ Вализода, ки бо номи ба номи Хирмано маъруф, рӯй дод.

Муҳиддин Олимови 30-сола ва Амирҷон Давлатови 29-сола дар шуъбаи эҳё бистарӣ ҳастанд.

Дар бемористони ба номи Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "ҳарду дар ҳолати вазнин ҳастанд. Аз мағзи сар то шикастани дасту пой ҳаст."

Дар навори дурбинҳои сари роҳ дида мешавад, ки як мошин бо суръати баланд ба самти муқобили роҳ баромада, бо як "Тангем" ва як "Опел" бархӯрдааст. Аксу наворҳои зиёде низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Боз як сонеҳаи сахт дар канори Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Садама ё тасодуфҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар соли 2024 сабаби марги 552 кас шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин сол ҷамъан зиёда аз 1200 садама рух дод.

Беш аз 1350 каси дигар маҷруҳ гаштаанд. Аз ин шумора дар соли 2024 122 ҳолати он ба вилояти Хатлон рост меомадааст, ки 67 нафар ҷони худро аз даст дода, 134 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Суръати баланд, дар ҳолати мастӣ рондани мошин ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат сабаби маргумир дар роҳҳо гуфта мешавад.

Путин бо фиристодаи вижаи Трамп дар Маскав мулоқот кардааст

Стивен Уиткофф бо Владимир Путин
Стивен Уиткофф бо Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 25-уми апрел бо Стивен Уиткофф, фиристодаи вижаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мулоқот дошт.

Аз моҳи феврал ба ин сӯ бори чорум аст, ки онҳо якдигарро мебинанд.

Хадамоти матбуотии президенти Русия суҳбати Путинро ва Уиткофф тасдиқ кард.

Стивен Уиткофф рӯзи ҷумъа ба Маскав расид ва пеш аз мулоқот бо раҳбари Бунёди сармоягузории мустақими Русия, Кирилл Дмитриев, дар майдони Арбат сайругашт кард.

Президенти Амрико Доналд Трамп эълон карда буд, ки маъмурияти вай ба қатъи ҳарчи зудтари ҷанг дар Украина ва бастани созиши сулҳ аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG