Мусоҳиба бо падари Лола Ғуломовае, ки дар Амрико кушта шуд
Падари Лола Ғуломова, зани 45-солаи тоҷик, аз кушта шудани духтараш дар шаҳри Вашингтони Амрико баъд аз ду рӯзи ҳодиса хабар ёфтааст. Зариф Ғулом, ҳуқуқдон ва узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели набуди имкони молӣ, наметавонад, барои видоъ бо духтараш ба Иёлоти Муттаҳида равад. Аз фоҷиа дар хонаводаи Лола Ғуломова ва шавҳари 51-солаи ӯ Ҷейсон Риф рӯзи 8-уми июн рӯзномаи "Вашингтон Пост" хабар дод. Ба навиштаи рӯзнома, зани тоҷикро шавҳараш дар шаҳри Вашингтон куштааст.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир