Дар чанд ҷумла
Фурӯшот дар биржаҳои Русия дубора қатъ шуд
Рӯзи ҷумъа дар зарфи чанд соат фурӯшот дар бозорҳои умдаи бурси Русия ду дафъа қатъ карда шуд. Ҳарду бор далели қатъи фурӯшот босуръат боло рафтани қимати саҳом буд.
Шохиси РТС дар давоми рӯз 20 дарсад ва шохиси ММВБ 26 фоиз боло рафтааст. Алексей Рибников, мудиромили ММВБ, ё худ бозори байналмилалии асъори Маскав рӯзи ҷумъа гуфт: “Ба назари мо, марҳалаи сахттарини бӯҳрон алакай паси сар шудааст. Ба назари мо, эътимод ба низоми молӣ дубора барқарор мешавад ва мо натиҷаашро метавонем дар мизони имроӯзаи рушди қимати бозорҳо бубинем.”
Фурӯшот дар РТС ва ММВБ аз рӯзи чоршанбе таътил шуда буд, вале далели таътилоти аввал, ба фарқ аз ду таътили рӯзи ҷумъа, уфти башиддати қимати саҳом дар ин ду бозор буд.Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Рамазон Қодиров такроран хост, аз мақомаш озод кунанд

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон хостааст, ки ӯро аз вазифа озод кунанд. Дар ин бора худи ӯ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ин изҳорот баъди он пахш шуд, ки нашрияи "Новая газета. Европа" таҳқиқеро дар бораи раҳбари Чеченистон нашр кард, ки гӯё барои худ ворис омода мекунад. Аммо дертар Рамазон Қодиров дар Telegram гуфт, ки бисёриҳо маънои суханони ӯро дар бораи истеъфо дарк накарданд.
Ӯ гуфт, ки ин овозаҳоро шунидааст ва нашрия ҳар чиз менависад. Ба қавли Рамазон Қодиров, худаш хоҳиш кардааст, ки ӯро аз вазифа сабукдӯш намоянд ва умедвор аст, дархосташ пазируфта мешавад.
"Новая газета. Европа" батакрор навишт, ки дар Чеченистон вориси Қодировро тарбия мекунанд. Моҳи апрели соли гузашта ин нашрия хабар дода буд, ки Қодиров гирифтори бемории ғадуди зери меъда аст.
Рамазон Қодиров қудратро дар Чеченистон пас аз марги падараш Аҳмад Қодиров дар соли 2004, ки ҳангоми ҳамлаи террористӣ кушта шуд, ба даст овард ва тахминан бист сол аст ин ҷумҳурии Қафқози Шимолиро бо мушти сангин, поймолкунии фаровони ҳуқуқи инсон ва қонунҳои нонавиштааш раҳбарӣ мекунад.
Ӯ аз ҷанги Русия алайҳи Украина пуштибонӣ намуда воҳидҳои низомии худро барои кӯмак ба артиши Кремл фиристодааст.
Президенти Тоҷикистон ба Маскав парвоз кард

Баъди нисфирӯзии 8 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав парвоз кард. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ навишт, ин сафари корӣ бо даъвати президенти Русия Владимир Путин сурат мегирад.
Қарор аст фардо, 9 май Раҳмон дар қатори чанд раҳбари дигари давлатҳои хориҷӣ дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар Олмони нозӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон иштирок кунад.
Дар хабари расмӣ омадааст, ки ҳамроҳ бо президент дар ин сафар ёрдамчӣ оид ба робитаҳои хориҷӣ ва дигар мақомот сафар кардаанд.
Таҷлили ҷашни ғалабаро дар Маскав Путин мехоҳад барои намоиши гӯё пуштибонии зиёдаш аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ истифода кунад, чун дар беш аз се соли ҷангаш алайҳи Украина дар як инзивои сахти сиёсӣ қарор гирифтааст.
Дар миёни раҳбарони дигар кишварҳои ширкатдори паради ҷашнӣ раҳбарони кишварҳое мебошанд, ки сиёсати Путинро дастгирӣ мекунанд ва ё аз ин кишвар вобастагии сиёсию иқтисодӣ доранд.
Оташбаси серӯзаи пешниҳодии Кремл ба иҷро даромад

Аз субҳи 8 май оташбаси серӯзаи эълонкардаи президенти Русия Владимир Путин ба иҷро даромад. Дар фазои шаҳрҳои азими Украина имрӯз вазъ ором аст, дар ҳоле, ки шабҳои гузашта ҳуҷумҳои азими бераҳмонаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои баллистикӣ мушоҳида мешуд.
Нирӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, ки шабона ҳеҷ як ҳамлаи мушак ё паҳпод дар Украина ба қайд гирифта нашуд, вале ҳавопаймоҳои русӣ бомбаҳои идорашавандаро дар вилояти Сумии шимоли Украина партоб карданд. Дар бораи эҳтимоли тахриб шудани биноҳо ваё талафоти ҷонӣ хабаре ба даст наомадааст.
Додситонии вилояти Донетск гуфт, як соат пеш аз шурӯи оташбас дар деҳаи Константиновка бомбае ба як бинои истиқоматӣ расид. Дар натиҷа, се бинои серхона ва фурӯшгоҳе осеб дида, на камтар аз 12 сокини мулки маҷрӯҳ шудаанд.
Маълум нест, ки оё дар ҷабҳа ҳам оташбас амал мекунад ё на, вале ба навиштаи Reuters, субҳи соати 8-и рӯз дар хати ҷанг садои оташ ба гӯш намерасид.
Дар баъзе вилоятҳои Русия бонги хатар садо дода, фурудгоҳҳо баста шудаанд. Дар Липетск таркише рух дод, эҳтимолан як паҳподро безарар гардонидаанд.
Ҳафтаи ҷорӣ дар посух ба ҳамла ба шаҳрҳои азими Украина парвози зиёди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар фазои Маскав мушоҳида шуд. Фурудгоҳҳои пойтахти Русия баста шуд, парвозҳои ҳавопаймоҳо ҳам боздошта шудаанд. Рӯзҳои 6-7 май кори фурудгоҳҳои Шереметево, Внуково, Домодедово ва Жуковский хеле маҳдуд шуд.
Анҷумани ширкатҳои ҳавопаймоии Русия гуфт, ки маҳдудияти парвоз ҳадди аққал 60 ҳазор мусофирро фаро гирифтааст.
Президенти Украина Владимир Зеленский дар шарҳи фалаҷ шудани кори фурудгоҳҳои Маскав ва дигар минтақаҳои Русия гуфт, «ин ки осмони Русия, як кишвари таҷовузгар ҳам имрӯз ноором аст, як кори бисёр одилона мебошад». Зеленский гуфт, пешниҳоди Украина барои оташбаси сирӯза ҳамоно пойбарҷо аст.
Венс гуфт, Русия "талаботи аз ҳад беш пеш гузоштааст"

Ҷей Ди Венс, муовини президенти ИМА дар конфронси Мюнхен оид ба амният гуфт, дар музокироти сулҳ оид ба хатми ҷанг дар Украина Русия “талаботи аз ҳад зиёд пеш гузоштааст”. Венс рӯзи 7 май гуфт, “ман намегӯям, ки русҳо дар сулҳ манфиатдор нестанд”. Ӯ афзуд, ҷониби Русия “як қатор талабот ва гузаштҳое барои хатми низоъ пеш гузоштааст”. Муовини президенти Амрико гуфт, “ба фикри мо, онҳо талаботи аз ҳад беш пеш гузоштаанд”.
Венс афзуд, Украина дар музокираҳо нақши муҳиме мебозад, чунки яке аз ҷонибҳои ин низоъ мебошад. «Мо бояд бипурсем, ки барои хатми бомуваффақияти ин низоъ ба Украина чӣ лозим аст», гуфт ӯ. Венс гуфт, музокираҳо идома доранд ва ҳамчунин аз гуфтаҳои президент Доналд Трамп ёдовар шуд, ки гуфтааст, агар дар ин муколамаҳо пешрафти ҷиддие ҳосил нашавад, эҳтимолан аз миёнҷигӣ дар ин гуфтугӯҳо даст мекашад.
Венс гуфт, «мо мехоҳем, ки русҳову украиниҳо бар асоси усулҳои асосӣ ба созиш бирасанд, то ки нишаста бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Табиист, ки ИМА дар ин муколама бо хушнудӣ иштирок хоҳад кард, вале боз ҳам муҳим аст, ки русҳову украиниҳо ба гуфтугӯ шурӯъ кунанд. Ин як қадами калони баъдие шуда метавонад, ки мо хостори он ҳастем».
Президент Доналд Трамп дар сӯҳбат бо NBC изҳори умедворӣ кард, ки дастёбӣ ба созиши сулҳ ҳанӯз ҳам имконпазир аст ва ҳам ишора кард, ки тоқати ӯ дар ин масъала «тоқ мешавад». Ӯ гуфт, ки мавқеи ИМА «ба як ҷониби музокира наздиктар ва аз дигараш дуртар аст», вале нагуфт, манзураш кадоме аз ин кишварҳо аст.
Аз ин пеш узви сенат аз Каролинаи Ҷанубӣ Линдси Грем гуфт, ки беш аз 70 сенатор барои қабули тарҳи “таҳримҳои сангинтарин” зидди Русия дар сурати аз муколама даст кашидани он кишвар розӣ шудаанд. Таҳримҳо, аз ҷумла, метавонанд ҷорӣ кардани 500% тарруфаҳоро ба кишварҳое пешбинӣ кунанд, ки аз Русия нафту маҳсулоти нафтию гази табиӣ ва уран ворид мекунанд. Грем гуфт, агар Путин “Трампро бозӣ доронданӣ бошад”, хатои азиме мекунад.
"Ду рӯз шуд беобу нон дар фарши сарди фурудгоҳи Шереметово хобем". Ба доди мусофирони тоҷик кӣ мерасад?

Боздошта шудани кори кори фурудгоҳҳои шаҳри Маскав вазъи мусофиронро аз Тоҷикистон, ки ҳанӯз 6 май ба Русия парвоз карданд, мушкил кардааст.
Ба иттилои корбарони Радиои Озодӣ, ба даҳҳо мусофир нагузоштанд вориди шаҳри Маскав шаванд ва ба онҳо амр доданд, ки ба ватан баргарданд. Вале ҳоло на камтар аз бист нафари онҳо дар ҳудуди фурудгоҳ дармонда наметавонанд ба ватан бозпас бираванд, чун парвозҳо аз шаби 7-ми май бо сабаби таҳдиди паҳподҳо боздошта шудаанд.
Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани навор аз фурудгоҳи "Шереметево" мегӯянд, даҳҳо муҳоҷире, ки тавассути Душанбе ва Бохтар ба Русия парвоз карда буданд, ду шабоанрӯз мешавад, гуруснаву ташна ва дар як ҳоли ногувор қарор доранд.
Ба гуфтаи мусоҳибони мо, марзбонон ба онҳо иҷозати вурудро надода, тақозо карданд ки ба Тоҷикистон баргарданд. Ҳамзамон ба ин муҳоҷирон гуфтаанд, парвозҳо ба Тоҷикистон танҳо баъди 10 уми май ва ҳатто дертар аз он анҷом хоҳанд шуд.
Ҳоло ин ҳамсӯҳбатони мо бе хӯрок ва шароити сахте қарор доранд. Аз наворҳое, ки фиристода шудаанд, дида мешавад, ки муҳоҷирон болои фарши сард хобидаанд.
Миёни онҳо чанд зан низ ҳаст. Яке аз онҳо барои туйи арусии духтараш рафтааст, аммо ӯро иҷозаи вуруд надоданд ва аз қазо ин маъракаи хурсандӣ бе ҳузури модар гузаштааст.
Маълум нест оё сафорати Тоҷикистон дар бораи ҳоли онҳ
Дар Рашту Тоҷикобод зилзила рух дод

Субҳи 8 май дар минтақаҳои шимолу-шарқи шаҳри Душанбе зилзила рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, рӯзи 8-уми май соати 07:55 дақиқа дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар 168 километрии шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 26-километрии шарқи ноҳияи Рашт ва 23-километрии шарқи ноҳияи Тоҷикобод мушоҳида шудааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил додааст. Дар ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нашудааст.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки сокинони Рашт ҳанӯз бо оқибатҳои зилзилаи офатбори 13 апрел даст ба гиребон ҳастанд. Он он зилзила як кас ҷон бохта шонздаҳ нафар маҷруҳ шуданд.
Бино ба омори нав, дар ин ду ноҳия 65 хона пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 манзили дигар осеби сабук расидааст.
Таъхири парвозҳо дар хатсайри Маскав-Душанбе

Дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав ва қатъи кори се фурудгоҳи асосии пойтахти Русия, парвозҳо дар масири Маскав-Душанбе ба таъхир афтодааст.
Ба маълумоти онлайн-таблои Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, баъд аз зуҳри 7-уми май аз Маскав ба Душанбе ягон парвоз анҷом нашудааст. Баъзе парвозҳо бекор шуда, баъзеи дигар ба таъхир гузошта шудаанд.
Шабонарӯз дар хатсайри Маскав-Душанбе то 7 парвоз анҷом мешуд ва яке аз масирҳои асосии равуо миёни Тоҷикистон ва Русия аст.
Ҳамин тавр парвозҳо аз Санкт-Петербург ба Душанбе ҳам ба мушкил рубарӯ шудааст. Садҳо муҳоҷирони тоҷик як рӯз аст, ки дар фурудгоҳи Душанбе ва фурудгоҳҳои Жуковский ва Домодедовои Маскав дармондаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки вазъият кай ислоҳ мешавад. Кори фурудгоҳҳои асосии шаҳри Маскав дар пайи ҳамлаи густурдаи паҳподии Украина ба мушкил рубарӯ шуд.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав аз партоби 20 дрон ба сӯи пойтахти Русия хабар дод. Вазорати дифои Русия мегӯяд, 500 бесарнишинро сарнагун кардааст.
Мустақилона тасдиқ кардани ин маълумот феълан ғайриимкон аст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина 7-уми май аз ҳамлаҳои Русия ба кишвараш ёд карда гуфт, “одилона аст, ки осмони Русия низ тамоми рӯз ноором буд."
Дар 3 моҳ аз ҳисоби ҷаримаҳо ба будҷа $12,5 млн ворид шудааст

Буҷаи Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон аз ҳисоби ҷаримаҳо даҳҳо миллион сомонӣ, дарёфт кардааст.
Бар асоси як санади Вазорати молия, ки Радиои Озодӣ шинос шуд, дар моҳҳои январ-марти имсол, аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷаи кишвар 129,5 миллион сомонӣ ё 12,5 миллион доллар ворид шудааст.
Ин маблағ аз пешбинии мақомот 27 миллион сомонӣ бештар будааст.
Маълум нест, ки дар семоҳаи аввали имсол сокинон бештар барои кадом қонуншиканӣ ҷарима шудаанд.
Аҳолӣ, бахусус ронандагон, борҳо аз ҷаримаҳои зиёд ва ҳангуфт шикоят кардаанд.
Кумитаи сармоягузорӣ биноҳои ду бонки муфлисшударо ба савдо гузошт

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон бинои филиалҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодироткбонк”, ду бонки муфлисшударо ба савдо гузоштааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, музояда барои харидани ин биноҳо рӯзҳои 16 ва 21-уми май баргузор мешавад.
Тибқи иттилои дарёфткардаи Радиои Озодӣ, идораҳои “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияҳои Муъминобод, Ашт ва шаҳри Турсунзода ба фурӯш гузошта шудаанд. Нархи аввали ин биноҳо аз 2 то 4 миллион сомонӣ таъин шудааст.
Биноҳои “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Панҷ 1,8 ва дар Қубодиён бошад 3,7 миллион сомонӣ нархгузорӣ шудаанд. Аз рӯи тартиби музояда, биноҳо ба касе фурӯхта мешаванд, ки нархи баландтар пешниҳод кунад.
Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ нагуфтаанд, ки чанд кас барои харидани биноҳои ду бонки муфлисшуда довталаб шудаанд. Баъди соли 2017 чор бонки калони кишвар "Тоҷпромбонк", "Фононбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", муфлис шуданд.
Аз ин миён танҳо "Фононбонк" амонати мизоҷонашро пардохт ва муштариёни се бонки дигар то ҳол наметавонанд пулҳои худро аз бонкҳо бозпас бигиранд.
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон борҳо ваъда додаанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳои муфлисшуда маблағи мардум бозпас дода мешавад. Муштариён то ҳол нигарони амонатҳои гузоштаашон ҳастанд.
Хатари омадани мавҷи азими чангу ғубор дар фазои Тоҷикистон

Пешбиниҳои обуҳавосанҷони тоҷик мегӯяд, се рӯзи оянда дар қаламрави Тоҷикистон чангу ғубори пуршиддат мушоҳида хоҳад шуд. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар сомонааш навиштааст, ки чунин вазъ аз 8 то 10 майи соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии ҷумҳурӣ суръати бод то 15-20 метр дар соатро ташкил хоҳад дод.
“Шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад”, мегӯянд мутахассисони ин ниҳод. Дар паи боло рафтани мизони чангу ғубор эҳтимолан бархе худро бад ҳис кунанд ва шиддатёбии бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо ҳам пешбинӣ мешавад.
Мақомот ба аҳолӣ машварат додаанд, ки бо назардошти чунин тағйирот аз эҳтиёт кор гиранд. Аз ҷумла, ба кӯдакону наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, гирифторони бемориҳои системаи нафаскашӣ (астма, бронхит, бемориҳои музмини шуш), бемориҳои дилу раг машварат шудаст, ки аз рӯи имконият бе зарурат аз хона набароянд. Ба ҳама сокинон машварат шудааст, ки дару тирезаҳоро пӯшида нигоҳ доданд.
Додситони кулл ба мубориза бо талафоти барқ даъват намуд

Як моҳ баъди ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ дар Тоҷикистон, додситони кулл Ҳабибулло Воҳидзода аз сохтоҳои ҳифзи қонуни кишвар даъват намуд, ки барои мубориза бо ин мушкил сафарбар шаванд. Мавзӯи асосии ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 6 май ҳам ҳамин будааст.
Дафтари матбуоти додситонии кулл навишт, дар ин ҷаласа супориши президент оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он баррасӣ гардид ва ба сохторҳои ҳифзи қонун дастур дода шуд, ки барои иҷрои ин талабот даст ба кор шаванд.
Ин хабар дар ҳолест, ки дар як моҳи ахир хабарҳо аз кунҷу канори Тоҷикистон дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шудани сокинон барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҳарчи бештар нашр мешаванд. Бар асоси бархе хабарҳо аз минтақаҳои кишвар, мақомоти ҳифзи қонун дар маҳалҳо барои татбиқи дастури президент рейду корҳои назоратӣ ба роҳ мондаанд.
Бар асоси иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз моҳи апрел, барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Тоҷикистон давоми даҳсолаҳо дар ҳолати бӯҳрони энержӣ ба сар мебарад, қимати барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо гарон гуфта мешавад, вале маълум нест то куҷо таъқиби ҷиноии шаҳрвандон барои барқи дуздӣ барои сабуктар шудани ин мушкил мусоидат мекунад.
«Канада фурӯхта намешавад», гуфт нахуствазири ин кишвар ба Трамп

Дар мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп дар Кохи Сафед рӯзи 6 май, нахуствазири Канада Марк Карни гуфт, “Канада фурӯхта намешавад”. Ин посухи Карни дар ҷавоб ба суханҳои Трамп буд, ки гуфт, ба ҳайати ИМА дохил шудани Канада “як издивоҷи хубе мешуд. “Ҳаргиз нагӯй ҳаргиз”, гуфт Трамп ба Марк Карни.
Бо вуҷуди ихтилофҳои рӯшан, ҳарду кишвар дар ниҳоят аз ҷараёни гуфтугӯ изҳори қаноатмандӣ карданд. Марк Карни, ки бо ҳизби либералиаш дар интихоботи ахир таҳти шиори муқовимат ба нақшаҳои Доналд Трамп дар нисбати Канада ғалаба ба даст овард, мулоқоти гузаштаро “созанда” номид. Трамп изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои байни ду раҳбар танготанг хоҳанд шуд.
Дар мулоқоти гузашта Трампу Карни масоили вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳон, аз ҷумла, ҳуҷуми Русия ба хоки Украина ва муносибатҳо бо Эронро баррасӣ карданд. Яке дигар аз мавзӯъҳои гуфтугӯи онҳо додугирифтҳои тиҷоратӣ буд, ки баъди ҷорӣ кардани тарруфаҳои азими амрикоӣ ба аксар маҳсулоти содиротии Канада ва ҳам тарруфаҳои ҷавобии он кишвар ба Амрико бисёр мураккаб шудааст.
Дар ин мавзӯъ ҳеҷ мувофиқае ҳосил нашуд, вале нахуствазири Канада аз омодагӣ ба музокирот ба хотири бекор кардани тарруфаҳои тиҷоратӣ ва дастёбӣ ба созиши нави байни ин ду шарики тиҷоратӣ хабар дод.
Латтукӯби муҳоҷирон дар бозори Новосибирск

Рӯзи 6 май дар Новосибирск нерӯҳои амниятӣ ҳамроҳ бо созмони миллатгарои «Русская община» ва ё «Ҷомеаи русҳо» дар бозори "Мандарин" рейд гузаронданд. Корбарони Радиои Озодӣ аз ҷараёни ин рейд навореро фиристоданд, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна афроди ниқобпӯш муҳоҷиронро дар замин хобондаву бераҳмона калтаккорӣ мекунанд.
Дар ҳоле, ки, ба гуфтаи мусоҳибони мо, ин муҳоҷирон ҳама ҳуҷҷатҳояшон расмӣ буда, қонунӣ фаъолият доранд. Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, бозори мазкур тақрибан панҷ моҳи пеш ба фаъолият оғоз карда, дар он ҷо муҳоҷирони узбеку тоҷик ва қирғизу озарбойҷонӣ кор мекунанд.
Ин бори аввал нест, ки ҳангоми рейдҳо дар Русия муҳоҷирон бераҳмона латтукӯб мешаванд. Ҳафтаи равон Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз зиёд шудани ҳолатҳои бадрафторӣ нисбат ба шаҳрвандони ин кишвар изҳори нигаронӣ намуда дар ин робита сафири Русияро барои сӯҳбат даъват кард.
Ҳамчунин моҳи гузашта тафтиши таҳқиромези муҳоҷирони қирғиз дар ҳаммоми Маскав вокуниши ҷиддии вакилони Қирғизистонро ба бор овард.
ИМА ва ҳусиҳои Яман дар бораи оташбас ба созиш расидаанд

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳусиҳои ҳоким бар Яман дар бораи оташбас ба созиш расидаанд. Ин созиш бо миёнаравии кишвари Умон ба даст омадааст.
Ба асоси ин тавофуқ, Амрико ва ҳусиҳо ба якдигар ҳамла намекунанд. Аз ҷумла, ҳусиҳо қавл додаанд, ки ба киштиҳои амрикоӣ дар Баҳри Сурх ҳамла намекунанд.
Вале дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Умон, ки миёнарави ин музокирот аст, дар бораи қатъи ҳамлаи ҳусиҳо ба Исроил чизе ишора нашудааст.
Пеш аз эълони ин хабар, Доналд Трамп гуфт, Амрико дигар ҳусиҳоро бамборон намекунад.
Иёлоти Муттаҳида рӯзи 15-уми марти имсол ҳамларо алайҳи шӯришиёни ҳусии Яман сар кард.
Амрико шӯришиёни ҳусиро як гурӯҳи террористӣ медонад.
Ҳукумат дастур додааст, ки то 30% мошинҳо дар кишвар барқӣ бошанд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки то 30 дарсади мошинҳо дар кишвар барқӣ ё электромобил бошанд.
Рӯзномаи расмии "Ҷумҳурият" навиштааст, ин кор бояд то соли 2028 анҷом шавад.
Ба иттилои расмӣ, танҳо давоми се моҳи имсол ба кишвар 6047 нақлиёти барқӣ ворид шудааст.
То имрӯз шумораи умумии нақлиётҳои барқӣ дар кишвар 27 ҳазор будааст.
Аз соли 2022 ворид кардани нақлиёти барқӣ ба Тоҷикистон аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.
Баъди ин кор таваҷҷуҳ ба мошинҳои барқӣ зиёд шуд, аммо маҳдудият барқ дар минтақаҳо мушкили дигареро барои соҳибони ин нақлиётҳо ба вуҷуд овардааст.