Дар чанд ҷумла
Рио: Аз тилоҳои Русияву Эрон то медали 23-юми Фелпс

Русия дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро дар шамшербозӣ боз медали тило ба даст овард, вале ҷаҳандааш Даря Клишинаро аз мусобиқот берун кардаанд. Даря Клишина гуфт, ки ӯ чандин бор собит кардааст, ки варзишгари тоза аст ва аз тасмими Иттиҳодияи ҷаҳонии варзиши сабук (IAAF) ба Арбитражи варзишӣ шикоят бурдааст. Тими занони шамшерзани Русия рӯзи 13 август Украинаро шикаст дода, соҳиби медали тило шуд. Ин чорумин медали тилои Русия дар шамшербозист. Ҳамчунин Уладизлау Ҳанчароу аз Беларус дар гимнастика соҳиби унвони қаҳрамони олимпӣ шуд. Эрон низ дар вазнабардорӣ боз як медали тило гирифт. Сӯҳроб Муродӣ дар вазни 94 кило байни мардон соҳиби ҷои аввал шуд. Ва шиновари шӯҳратёри амрикоӣ Майкл Фелпс медали тилои инак панҷумашро дар Рио ба даст овард. Фелпс узви тими чоргонае буд, ки рӯзи 13 август дар шиноварӣ ба масофаи 4x100 ғолиб омад. Фелпси 31-сола дар маҷмӯъ дар Бозиҳои олимпӣ 23 медали тило, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овардааст, ки дар таърихи варзиш то имрӯз натиҷае бесобиқа аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Ӯ салафӣ набуд". Наздикони Алишер мегӯянд, ӯро фиреб доданд

Мақомот ҳифзи қонуни Тоҷикистон Алишер Махсудови 22-соларо бо ваъдаи бахшиши гуноҳ аз хориҷи кишвар ба Душанбе оварданд, вале ба се моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор ва ба 14 соли зиндон маҳкум карданд.
Мурофиаи додгоҳии ниҳоии Алишер Махсудов рӯзи 29 апрел дар додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт сурат гирифт. Додгоҳ бар асоси даъвои айбдоркунандаи давлатӣ ӯро бар асоси моддаҳои 307, қисми 1 ва қисми 2 (тундгароӣ) ва моддаи 401 (зархаридӣ) гунаҳгор эълон кард.
Талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи масъулин дар додгоҳ, додситонӣ ва сохторҳои умури дохилӣ бенатиҷа буд. Касе ба зангҳои хабарнигор ҷавоб надод.
Дар ҳамин ҳол, волидон Махсудов мегӯянд, онҳоро ба мурофиаи ниҳоӣ, ки қарори додгоҳ он ҷо эълон шуд, роҳ надоданд ва шоҳидони онҳоро бо сабаби ин ки гӯё дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, ба мурофиа даъват накарданд.
Саидаҳмади Бобоҷон, яке аз наздикони Алишер Мақсудов дар Аврупо рӯзи 30-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро “ноодилона” хонд ва гуфт, ҳатман ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Вай мегӯяд, Алишер ба ҳарфҳои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи (УБОП) ВКД бовар карду бо пешниҳоди ин ниҳод ариза навишта аз Узбекистон ба Тоҷикистон омад. Нусхаи аризаи ӯ дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.
Ба нақли пайвандони Алишер Махсудов, дар ибтидо вай бар асоси моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 «Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст» гумонбар буд, вале вақте ба Тоҷикистон омад, боз як банди дигари «тундгароӣ» изофа карда шуд. Онҳо мегӯянд, замоне, ки тафтиши қазияашро мақомоти амниятӣ идома дод. боз моддаи 401 қисми 1 «зархаридӣ» изофа карда шуд.
Саидаҳмади Бобоҷон мегӯяд, муфаттишони амният ӯро гӯё дар узвият дар созмони мамнӯи “Салафия” ва ширкат дар ҷанги Сурия гумонбар намуданд, дар ҳоле, ки, ба бовари Бобоев, ҳеҷ гоҳ ба онҷо нарафатааст ва солеро, ки мақомот чун дар Сурия будани ӯ ишора кардаанд, дар Тоҷикистон зистааст.
Ба нақли Бобоҷон, Махсудов дар ибтидо ба Русия рафт ва аз он ҷо соли 2021 ба Лаҳистон, баъдан ба Олмон рафт. Вақте дархости паноҳандагиаш пазируфта нашуд, ба Тоҷикистон баргашт ва аз он ҷо боз ба Русия рафта ба Тошканд сафар кард.
Вай мегӯяд, замоне, ки Алишер дар Русия буд, мақомоти интизомии Тоҷикистон чанд нафар аз ҳамхонаҳояшро бо ҷурми салафӣ боздошт намуда ба Тоҷикистон истирдод ва онҳо дар баёноти худ номи ӯро зикр намуданд. Мақомот бо такя ба ин маълумот ба вай пешинҳод кардаанд, ки баргардаду бегуноҳияшро собит кунад ва бар асоси он бахшида хоҳад шуд.
Саидаҳмади Бобоҷон мегӯяд, аз болои ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд.
Алишер Махсудов фарзанди панҷуми хонавода аст ва, ба қавли наздиконаш, дар Русия дар бозори “Садовод” бо савдо машғул шудааст.
Хеши президенти Тоҷикистон раиси нави фурудгоҳи Душанбе таъин шуд

Рӯзи 2 май бо як фармони президенти Тоҷикистон Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва муовинони ӯ дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд. Дар ин бора сомонаи президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Вале хабари расмӣ ба ҷуз ин ҷумла, ҷузъиёти бештаре пешниҳод намекунад ва маълум нест, ки манзур аз “камбудиҳои ҷиддӣ” чӣ аст.
Абдуллозода январи соли 2016 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси фурудгоҳи пойтахт таъин шуда буд. Феълан маълум нест, ки сарнавишти баъдии ӯ ва муовинони барканоршудааш чӣ мешавад ва то куҷо санҷиши молӣ роҳро барои таҳқиқи ҷиноии парванда боз мекунад.
Бо қарори президент, ба ҷои ӯ ба мақоми директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Зайнулло Шарифзода таъин карда шуд. Шарифзода як соли охир дар мақоми мудири Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии Тоҷикистон кор мекард. Вале исми ӯ бештар бо сабаби хешовандони президент буданаш маъруф аст.
Зайнулло Шарифзода аз хонаводаи Соҳибовҳо аст, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон риштаи хешутаборӣ доранд. Амаки Зайнулло - Маҳмадзоир Соҳибов бо духтари калонии президент - Фирӯза Раҳмонова ва бародари Зайнулло - Шамсулло Соҳибов бо духтари панҷуми Эмомалӣ Раҳмон - Рухшона Раҳмонова издивоҷ кардаанд.
Бародарзодаи президент, бародари Раҳимзода ва таъиноти дигар
Дар ҳамин рӯз президент инчунин чандин тағйироти дигареро дар вазифаҳои раҳбарии сохторҳои мисли Вазорати дифоъ, вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Бонки миллӣ ва дигар сохторҳо анҷом дод.
Аз ҷумла, Исломиддин Раҳмони 41-сола Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо таъин шудааст. Ӯ бародарзодаи президент Эмомалӣ Раҳмон буда, апрели соли 2024 раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон таъйин шуда буд. То он замон дар мақоми раиси ноҳияи Данғара ҳам кор кардааст.
Инчунин бо фармони президент аз 2 май, Раҳмоналӣ Раҳимзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод гардид. Раҳимзода, ки бародари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мебошад, дар ин вазифа як сол кор кардааст.
Ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон, Муҳиддин Каримзода фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Далер Муродализода - муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Иноятулло Абдурраҳмонзода - муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, Ҳайдаралӣ Раҷабзода - сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Насимҷон Каримзода - муовини якуми вазири меҳнат, Зоҳир Олимзода - муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуданд.
Сомонаи президент рӯзи 2 май навишт, "дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ ва фармондеҳӣ дар сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ кадрҳои ҷавону варзидаи соҳибтахассуси ин соҳаҳо таъин гардиданд."
Вале сиёсати таъиноти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон аз назари набуди шаффофият, шеваи интихоби кадрҳо, собиқаи кориву касбияти шахсиятҳо, наздикии онҳо ба хонаводаи президент ва афроди бонуфуз мавриди танқид мебошад.
Мухолифон ҳамеша тағйироти кадриро дар идораҳои давлатии Тоҷикистон танқид карда, мегӯянд, он бештар аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст.
Дар "Внуково" аз муҳоҷирон маълумоти биометрӣ мегиранд

Аз 1-уми май фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав ба ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон шурӯъ намуд. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи ВКД-и Русия, дар саҳифаи Телеграммаш хабар додааст.
Ба таъкиди Ирина Волк, моҳияти озмоиш аз он иборат аст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳангоми убури марзи Русия тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии минтақаи Маскав ва гузаргоҳи автомобилии Маштаковои вилояти Оренбург бояд акс ва изи ангуштонашонро супоранд.
Ин таҷриба моҳи декабри соли гузашта бо ибтикори Вазорати умури дохилии Русия оғоз ёфта, ҳадаф ҷилавгирӣ аз вуруди шахсони хатарнок ба Русия унвон мешавад. Ирина Волк мегӯяд, дар ҷараёни роҳандозии ин озмоиш аллакай 2 миллиону 700 нафар аз расмиёти биометрӣ гузашта ҳудуди 21 ҳазор муҳоҷиреро, ки барои вуруд ба Русия маҳдудият доранд ва ё дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, шиносоӣ намуданд.
Аксар муҳоҷирони тоҷик низ ҳангоми сафар аз фурудгоҳи "Внуково" истифода мекунанд. Ҳафтаи ҷорӣ корбарони Радиои Озодӣ хабар доданд, ки тақрибан 20 муҳоҷири тоҷикро аз ин фурдгоҳ ба ватан бозпас фиристоданд.
Ихроҷи 131 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ИМА

Мақомоти ИМА 131 шаҳрванди Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро ба Тошканд ихроҷ карданд. Мақомоти Узбекистон инро аз иқдомҳое барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандонашон ном бурдаанд, ки дар "вазъияти мушкил дар хориҷа" қарор доранд.
Парвоз аз Ню-Йорк ба Тошканд рӯзи 30-юми апрел тавассути ширкати ҳавопаймоии Узбекистон сурат гирифтааст.
Дар изҳороти Вазорати амнияти дохилии Амрико гуфта мешавад, ки парвози мазкур пурра аз ҳисоби Узбекистон анҷом шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки ихроҷҳо аввалин чунин тавофуқ байни Иёлоти Муттаҳида ва ҳукумати хориҷӣ пас аз ба қудрат расидани президент Доналд Трамп дар моҳи январ мебошад.
Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Аҳрор Бурхонов дар шабакаи иҷтимоӣ навишт,"сухан дар бораи шаҳрвандоне меравад, ки низоми раводидро вайрон кардаанд ё мӯҳлати будубоши қонунии онҳо дар ИМА ба охир расидаанд".
Ҳарчанд ин мақомдори узбек мушаххс нагуфт, ки чӣ теъдоде аз ихроҷшудаҳоро шаҳрвандони Узбекистон ташкил медиҳанд, аммо афзуд, раванди бозгашт ба ватан “бар асоси унсурҳои башардӯстона ва ҳуқуқӣ, ки бозгашти шоиста ва бехатари шаҳрвандонро таъмин мекунад, ба роҳ монда мешавад".
Пас аз ба кор пардохтани Трамп дар рӯзи 20 январ, алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ муборизаи сахте ба роҳ монд. Баъди ин дар шаҳрҳои гуногун садҳо рейд анҷом дода, ҳазорон муҳоҷир боздошт шуданд. То кунун исми 149 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба рӯйхати онҳое ворид шудааст, ки бояд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихроҷ ё депорт шаванд.
Дар ҳамлаи Русия ба Запороже як нафар кушта, 14 кас захмӣ шуданд

Мақомоти маҳаллӣ дар Украина мегӯянд, ки дар ҳамлаи як ҳавопаймои бесарнишини Русия дар шоми 1 май, як нафар дар шаҳри Запороже кушта ва дастикам 14 нафар захмӣ шуданд.
Иван Фёдоров, раиси ин вилоят дар "Телеграм" навишт, нерӯҳои русӣ дастикам даҳ ҳамла ба Запороже анҷом доданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамлаҳо, хонаҳои шахсӣ, биноҳои баландошёна, ниҳодҳои омӯзишӣ ва зерсохтҳо, ҳадаф қарор дода шуданд.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, оташсӯзӣ дар як бинои истиқоматӣ дида мешавад.
Русия пеш аз ин ҳамлаи густурдаеро ба паҳбод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом дода буд.
Дар ҳамлаи Русия дар рӯзи 30 апрел, дастикам ду нафар дар Одесса, кушта шуданд.
Даври чоруми музокирот байни Эрон ва ИМА ба таъхир афтод

Як мақоми баландпояи Эрон рӯзи 1 май ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки даври чаҳоруми гуфтугӯҳо миёни Амрико ва Эрон, ки қарор буд 3 май дар шаҳри Рим, пойтахти Италия баргузор шавад, ба таъхир афтодааст. Ин манбаъ, ки аз ӯ ном бурда нашудааст, гуфта, ки таърихи нави баргузории ин гуфтугӯҳо аз "амалкарди Амрико", вобаста аст.
Ӯ ҳамчуни гуфтааст, ки таҳримҳои Амрико бар Эрон дар ҷараёни музокироти ҳастаӣ, ба тарафҳо кӯмак намекунад танишро аз тариқи дипломатӣ ҳал кунанд.
Кишвари арабии Умон, ки дар гуфтугӯҳои қаблӣ байни Эрон ва Амрико нақши миёнаравро иҷро кардааст, рӯзи 1 май гуфт, даври баъдии гуфтугӯҳои ҳастаӣ, ки барои 3 май барномарезӣ шуда буд, ба "сабабҳои логистикӣ", дубора барномарезӣ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки Амрико иштирокашро дар даври чаҳоруми музокирот дар Рим тасдиқ накардааст.
Манбаъ афзудааст, ки замон ва макони баргузории даври баъдии музокирот ҳанӯз тасдиқ нашудааст, аммо интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ин кор сурат бигирад.
Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) тасдиқ шуд

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни ҷавонони то 23-соларо эълон кард.
Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) дар ёздаҳ кишвар: Тоҷикистон, Камбоҷа, Чин, Индонезия, Урдун, Қирғизистон, Мянмар, Қатар, Тайланд, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ветнам баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) 44 даста ширкат мекунад. Бар асоси натоиҷи қуръакашӣ ёздаҳ гурӯҳ ташкил карда мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни ҷавонони то 23-сола аз 1-ум то 9-уми сентябри соли равон баргузор мешавад. Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳ 29-уми май муайян хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар дар гурӯҳи “С” дар ду бозӣ аз тимҳои Арабистони Саудӣ ва Ироқ бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, бар тими Тайланд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд.
Футболбозони ҷавони тоҷик бо касби се имтиёз дар гурӯҳи худ ҷойи сеюмро гирифта, натавонистанд ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кунанд.
Зимнан, тими ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон, ки ду бор (солҳои 2022 ва 2024) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок карда, аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдӣ маҳрум шудааст.
Фурқати Ҳукумат муовини раиси ВМКБ шуд

Рӯзи 1 май Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар ҷаласаи вилоятӣ дар бораи тағйироти кадрӣ хабар дод.
Ба иттилои саҳифаи фейсбукии маъмурияти вилоят, Абдулназар Абдулназарзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби муовини раиси ВМКБ озод ва ба ҷои ӯ Фурқати Ҳукумат таъин гардид.
Дар хабар гуфта мешавад, ки чунин қарор дар асоси розигии хаттии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст.
Маълум нест Абдулназаров ба кадом вазифа таъин шудааст, дар ин бора дар хабари расмӣ чизе гуфта намешавад. Дар бораи Фурқати Ҳукумат ва корномаи ӯ ҳам маълумоти кофӣ дар даст нест, танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ як наворе бо сӯҳбатҳои Ҳукумат бо ҳимоят аз фарҳангу забони миллӣ нашр шудааст.
Дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш "пеш аз мӯҳлат" иҷро шуд

Вазорати дифои Тоҷикистон аз анҷоми иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ хабар дод. Хабаргузории расмии «Ховар» аз қавли Вазорати дифоъ рӯзи 1 май навишт, ки нақша пеш аз мӯҳлат ва сад дарсад иҷро шудааст.
“Пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ натиҷаи фаъолияти хубу назарраси масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо” мебошад, гуфта шудааст дар хабар. Вазорати дифоъ гуфтааст, ки сӯҳбатҳо бо мардум боиси афзоиши шумори ихтиёриёни хидмат дар нирӯҳои мусаллаҳ гардид.
Дар хабари расмӣ дар бораи ҳодисаҳои бо зӯр ва таҳти фишор ба хидмат ҷалб шудани бархе ҷавонон чизе гуфта намешавад, ҳарчанд дар бораи чанд ҳодисааш матбуот, аз ҷумла Радиои Озодӣ ҳам моҳи апрел хабар дод.
Аз ҷумла, рӯзи 8 апрел дар як бозори Кӯлоб ҷавонеро хостанд ғайрирасмӣ ва бидуни даъватнома ба артиш баранд. Чунин намуди ҷалби ҷавонон ба хидмат аз ҳолатҳои паҳншудаи вайрон кардани қоидаи даъвати расмӣ ба хидмат дониста мешавад.
Вуҷуди мушкилоти ҷиддии мисли меҳтарсолорӣ ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар миёни низомиён бисёр ҷавононро аз хидмат дар артиш дилсард мекунад. Ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ҳам рух медиҳанд, вале дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои воқеии ин фоҷеаҳо аз волидону ҷомеа пинҳон мемонад.
Ҳинд ҳарими ҳавоиашро ба рӯи ҳавопаймоҳои покистонӣ баст

Кишвари Ҳинд шурӯъ аз 30 апрел ҳарими ҳавоии худро барои ҳама ҳавопаймоҳои Покистон баст. Маҳдудият то 23 май давом мекунад.
Ин қарори Деҳлии нав дар посух ба ҳамлаи террористӣ дар Кашмир дар рӯзи 22 апрел аст, ки дар натиҷаи он 25 турист, аз ҷумла шаҳрвандони Ҳинд кушта шуданд. Ҳинд Покистонро дар пуштибонӣ аз терроризм дар минтақаи баҳсноки Кашмир айбдор кард.
Мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки дар миёни ҳамлагарон ду шаҳрванди Покистон буданд. Исломобод ин иттиҳомҳоро комилан беасос номида ба барпо кардани тафтиши мустақилона даъват намудааст. Бастани ҳарими ҳавоӣ дар ҳолест, ки таниши миёни ду кишвар то рафт афзоиш меёбад.
Аз ин пеш Ҳинд гуфт, аз паймони рӯди Синд берун мешавад, додани виза барои покистониҳоро бас мекунад ва аз шаҳрвандонаш даъват намуд, ки Покистонро тарк кунанд.
Аз Ҳинд 800 шаҳрванди Покистон хориҷ шуд ва 1500 шаҳрванди Ҳинд ба ватан баргашт. Исломобод дар навбати худ ҳарими ҳавоиашро ба рӯи ширкатҳои ҳавоии ҳиндӣ баст ва тиҷорати дуҷонибаро ҳам боздошт.
Боздошти гурӯҳе бо иттиҳоми таҳияи санадҳои қалбакӣ ба муҳоҷирон дар Русия

Дар вилояти Краснодари Русия гурӯҳе боздошт шудааст, ки ба қавли мақомоти интизомӣ, барои садҳо муҳоҷир дар дарёфти асноди ғайриқонунӣ кумак кардааст. Дар ин бора рӯзи 30 апрел харбаргузории ТАСС аз қавли Раёсати хадамоти амнияти федералӣ хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, дар ташкили ин гурӯҳи ҷиноӣ як зодаи кишвари Осиёи Марказӣ гумонбар дониста мешавад, ки шаҳрвандии Русияро дорад. Тафтишот мегӯяд, 14 узви гурӯҳи мазкур аз моҳи январи соли 2024 то моҳи апрели соли 2025 буду боши ҳудуди 500 нафар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказиро тавассути шартномаҳои қалбакии меҳнатӣ дар Русия таъмин кардаанд.
Дар нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Назари худи боздоштшудаҳо ваё ҳуввияти онҳо маълум нест.
Соли 2024 дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷиронро барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҷазо додаанд.
Ба маълумоти Додгоҳи олии Русия , зиёда аз панҷ ҳазор муҳоҷир, ки аксарашон аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳастанд, бо иттиҳоми таҳияи санадҳои қалбакӣ ҷазо гирифтанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта гуфта буданд, ки маҳз низоми фасодзадаи Русия шароитро барои сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фароҳам меорад. Дар як соли охир Думаи давлатии Русия 34 тарҳу қонунеро қабул кард, ки дар вуруд, иқомат ва кори муҳоҷирон дар ин кишвар маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ намуд ва онҳоро ҳарчи бештар ба як қишри беҳуқуқ ва озебпазир табдил додааст.
“Ҳашишро тавассути Тоҷикистон ворид мекарданд”

Мақомоти Қирғизистон аз боздошти гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир хабар доданд, ки моли мамнӯъро тавассути хоки Тоҷикистон ба ин кишвар ворид мекард. Сомонаи 24.kg бо такя ба дафтари матбуоти КДАМ-и Қирғизистон навишт, ходимони ҳифзи қонун дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон гурӯҳи панҷнафараеро боздошт намуданд, ки маводи ҳашиши истеҳсоли Афғонистонро тавассути хоки Тоҷикистон ворид кардааст.
Аз дасти ин гурӯҳ, ки таҳти раҳбарии марди 50-солае дар ҳудуди деҳаи Қипчоқтала ва шаҳри Шамалдисае дар ноҳияи Навкени вилояти Ҷалолобод дастгир гардид, 17 кг ҳашиш мусодира шудааст. Исм ва шаҳрвандии ин нафарон ошкор намешавад.
Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ин хабарро мақомоти маҳаллӣ шарҳ надодаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудудан 1000 км марзи муштарак доранд ва моҳи март бар асоси созишномаи байнидавлатӣ сарҳади байни ду кишвар барои шаҳрвандони ин ду давлат боз шуд.
Ширкати низомиёни тоҷик дар паради ҳарбии Маскав ва Минск

Дар гашт ё паради ҳарбӣ дар Маскав ба муносибати Иди ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) тахминан 100 низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳам иштирок мекунанд. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 1 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, низомиёни тоҷик ҳам дар паради ҳарбии бахшида ба Иди Ғалаба дар Тоҷикистон ва ҳам дар маросимҳои ботантана дар шаҳрҳои Маскави Русия ва Мински Беларус иштирок хоҳанд кард.
Ӯ гуфт, ҳайати шахсии хидматчиёни ҳарбӣ дар паради Маскав рӯзи 9 май таҳти раҳбарии подполковник Рустам Шарифзода иштирок хоҳанд кард. Ин ҳайатро афсарону сарбозони бригадаи ҳамлавари десантии зарбазани қӯшунҳои зудамал, ки ҷузъу томи он ба ҳайати вокуниши сареи СПАД шомил ҳастанд, намояндагӣ хоҳанд кард. Маҳмадализода гуфт, ки низомиёни тоҷик дар Маскав дар тамринҳои ҳамарӯза ҳамроҳ бо воҳидҳои низомии дигар кишварҳо ширкат мекунад.
Президенти Русия Владимир Путин, ки се сол пеш артишаш бедалел ба хоки Украина ҳуҷум намуд ва то ҳол боиси марги даҳҳо ҳазор нафар шудааст, Иди Ғалабаро барои таъкид ба нуфузи сиёсии кишвараш дар арсаи байналмилалӣ истифода мекунад. Барои тамошои ин паради ҳарбӣ раҳбарони давлатҳои муттафиқаш, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват кардааст. Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи сафари президент ба Маскав хабари расмие нашр накардаанд.
Пирӯзии шатранҷбозони навраси Қазоқистон дар Душанбе

Мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни кӯдакону наврасон, ки дар маҷмааи варзишии “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе 10 рӯз идома кард, бо пирӯзии мунтахаби Қазоқистон ба поён расид.
Ба итттилои сомонаи расмии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, мусобиқот бо иштироки беш аз 400 шатранҷбоз аз 13 кишвар мувофиқи синну соли иштироккунандагон дар шаш гурӯҳи аз 8 то 18-сола дар се намуд – рапид (зудбозӣ), блитс (барқосо) ва шоҳмоти маъмулӣ (классикӣ) - сурат гирифт.
Дар мусобиқот шатранҷбозони навраси Қазоқистон бо касби 39 медал (16 тилло, 9 нуқра и 14 биринҷӣ) дар байни дастаҳо ғолиб шуда, аз мунтахабҳои пурқуввати Узбекистону Ҳиндустон пеш гузаштанд.
Дар байни шатранҷбозони тоҷик нахуст Пайрав Қодирӣ дар мусобиқа байни наврасони то 14-сола дар шоҳмоти сареъ ё рапид бо касби 6 имтиёз аз 7 бозӣ соҳиби нишони нуқра гардид.
Дар шатранҷи барқосо ё блитс шатранҷбозони тоҷик 4 медал гирифтанд. Дар рақобатҳои инфиродӣ Ҷалолиддин Илҳомӣ дар байни 18-солаҳо бо касби 6,5 имтиёз аз 9 бозӣ бо медали нуқра сарфароз гашт.
Дар сабқати даставӣ байни 18-солаҳо тими Тоҷикистон дар ҳайати Ҷалолиддин Илҳомӣ, Эҳсон Ҷумаев, Бузургмеҳр Нурализода бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Дар байни 14-солаҳо низ дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Пайрав Қодирӣ, Давид Наимов, Назар Ғафуров мақоми сеюмро касб кард.
Медали дигари биринҷиро дастаи Тоҷикистон дар миёни ҳаштсолаҳо дар ҳайати Муродалӣ Сайфиев, Идрис Шамсов, Ғайратҷони Дилмурод соҳиб шуд.
Дар шатранҷи классикӣ ё маъмулӣ мунтахаби Тоҷикистон ду медали нуқра ва ду биринҷӣ гирифт.
Бар асоси натиҷаҳои мусобиқот шатранҷбозон имкон пайдо карданд, ки рейтинги худро баланд бардоранд ва унвонҳои байнулмилалӣ ба даст оранд.
Фиреб ва истисмори як зани тоҷик аз ҷониби ҳамватанаш дар Русия

Як зани тоҷикро дар Русия ҳамватанони худаш мавриди истисмори меҳнатӣ қарор доданд. Ин зан 46-сола сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки "Раҷабалӣ", як марди 28-сола аз ноҳияи Варзоб дар фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Богдановичи вилояти Свердлови Русия моҳи апрели соли гузашта ин занро бо баҳонаи кор даъват мекунанд ва мунтазам ӯро бе пул кор мефармояд.
Ба иттилои Вазорат, ӯ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои ин занро аз дасташ гирифта, гаштугузорашро низ дар ин кишвар маҳдуд мекунад.
Ҳоло нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мақомот аз ному насаби ин зан ва боздошти гумонбар хабар надодааст. Маълум нест, ки ин зан чӣ гуна ба ватан баргашта, ба мақомот шикоят бурдааст.
Бо мақсади таъмини рӯзгор ҳамасола садҳо ҳазор тоҷик ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Баъзе аз онҳо мегӯянд, дар аксари маворид аз ҷониби ҳамватани худ ба доми фиреб меафтанд ва ё мавриди азият қарор мегиранд.